Размер шрифта: A A A
Цвет сайта: A A A A

Анонс ва эълонҳо

17.04.2019

Даъватнома барои иштирок дар озмуни харид

Шуъбаи маркетинг ва хариди моли ШСХК “Барқи Тоҷик” (минбаъд – ташкилоти харидор) довталабони салоҳиятдорро барои ширкат дар озмуни харид ҷиҳати: Лоти – 1. Сохтани почтаи электронӣ ва дастрас намудани серверҳои алоҳида барои эҳтиёҷоти дастгоҳи марказии ШСХК “Барқи Тоҷик”, Лоти – 2. Хизматрасонии техникаи ҳисоббарорӣ СМ-1420 барои эҳтиёҷоти дастгоҳи марказии ШСХК “Барқи Тоҷик” ва Лоти – 3. Хизматрасонии дезинфексионӣ, дезинсексионӣ, дератизатсионӣ ва ҳифзи растаниҳо дар иншоотҳои энергетикӣ, (ДИО № 14/19 аз 17 апрели соли 2019), ки ба тариқи иштироки номаҳдуд гузаронида мешавад, даъват менамояд.

1. Довталабон барои гирифтани ҳуҷҷатҳои тендерӣ ва маълумоти иловагӣ оид ба озмун метавонанд ба нишонии ташкилоти харидор: шаҳри Душанбе, хиёбони Исмоили Сомонӣ, 64 ошёнаи 3, утоқи 315 бинои ШСХК “Барқи Тоҷик” муроҷиат намоянд (тел: 295-565). Довталабон метавонанд ҳуҷҷатҳои тендериро пас аз пардохти маблағи бебозгашт (350 сомонӣ) дастраст намоянд.

2. Довталабоне, ки хоҳиши дар озмун иштирок кардан доранд, ҳуҷҷатҳои дархостшударо дар лифофаҳои муҳршуда, бо нишонии дар боло зикршуда, то 07 майи соли 2019, соати 15:00 пешниҳод намоянд. Муҳлати муқарраршуда муҳлатест, ки баъди анҷоми вақт аз довталабон пешниҳодҳо қабул карда намешаванд.

3. Лифофаҳо бо пешниҳодҳои тендерӣ аз ҷониби комиссияи тендерӣ 07 майи соли 2019, соати 15:00 кушода мешаванд. Намояндагони довталаб ҳуқуқ доранд, ки дар раванди озмун иштирок намоянд. 


Бозгашт ба рӯйхат