Размер шрифта: A A A
Цвет сайта: A A A A

Хабарҳо

28.02.2019

Ширкати саҳомии холдингии кушодаи «Барқи Тоҷик» ба маълумоти шахрвандон мерасонад, ки аз санаи 1-уми марти соли 2019 қабули аризаи шаҳрвандон барои гирифтани шарти техникӣ оиди пайвастшавӣ ба шабакаҳои барқӣ ба таври электронӣ ба роҳ монда мешавад.

Барои пешниҳоди ариза, шаҳрвандон метавонанд маълумотҳои лозимаро тибқи дастурамали замимашаванда дар варақаи алоҳидаи сайти ОАХК «Барқи Тоҷик» ворид намоянд.

Барои пур кардани Ариза ба сомонаи ОАХК «Барқи Тоҷик» www.barqitojik.tj ворид шуда, дар банди «Обращении граждан» сатри «Технические условия»-ро интихоб мекунед. Ҳангоми ворид шудан ба сатри «Технические условия» шакли «Анкета барои ворид намудани маълумот» пайдо мегардад, ки бояд аз тарафи шаҳрванд пур карда шавад.

Аз муроҷиаткунандагон эҳтиромона хоҳиш карда мешавад, ки барои ворид намудани маълумотҳои зарурӣ ба «Анкета», ба Дастурамали замимашуда шинос шаванд.


Бозгашт ба рӯйхат