Хабарҳо
01.11.2019
БА ДИҚҚАТИ МУШТАРИЁНИ НЕРӮИ БАРҚ
Ширкати саҳомии холдингии кушодаи «Барқи Тоҷик» ба таваҷҷуҳи муштариён мерасонад, ки рӯзи 2 ноябри соли 2019 дар доираи тайёрӣ ба мавсими зимистон дар хатҳои баландшиддати интиқоли барқи «Регар 500» - «Душанбе-500», «Ҷануб-Шимол» ва Зеристгоҳи «Душанбе-500» корҳои таъмириву барқароркунӣ гузаронда мешаванд.
Аз ин сабаб, дар вилояти Суғд ва баъзе ноҳияҳои тобеи марказ аз соати 10-00 то соати 15-00 интиқоли барқ маҳдуд карда мешавад. Иншоотҳои ҳаётан муҳим тавассути хатҳои эҳтиётӣ ва манбаъҳои боқимонда барқ мегиранд.
Маркази матбуоти
ШСХК «Барқи Тоҷик