Размер шрифта: A A A
Цвет сайта: A A A A

Хабарҳо

30.08.2021

30 –СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ

ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ФАРХУНДА БОД!

Исмолзода Мирзо Иброҳим

Раиси ШСХК «Барқи Тоҷик»

Рӯзи 9-уми сентябри соли 1991 чун санаи эълон гардидани Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таърихи миллати мо бо ҳарфҳои заррин сабт шудааст. Ин ҳодисаи тақдирсоз аввали моҳи сентябри соли 1991 ба вуқуъ пайваст ва 9 сентябр расман Рӯзи Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид. Аз ҳамон вақт то имрӯз ин санаи муборак барои миллати тоҷик иди муқаддас ба ҳисоб меравад. Имсол бошад, мо 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҷашн мегирем.

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон истиқлолиятро муқаддастарину азизтарин неъмат, рамзи саодат ва асолати миллат, шарафу номуси ватандорӣ ва нишонаи пойдориву бақои давлат номидаанд.

Ба шарофати ин рӯйдоди бузурги таърихӣ халқи мо соҳиби рамзҳои давлатии худ - Парчам, Нишон, Суруди миллӣ ва Конститутсия шуд ва Тоҷикистони азизи мо аз ҷониби ҷомеаи башарӣ ҳамчун давлати мустақил эътироф гардид. Аз ҳама асосия мо баъди ҳазор соли паҳну парешонӣ ва хориву зорӣ соҳиби давлати соҳибистиқлоли худ гардидем.

Истиқлолият шиносномаи ҳастии давлат, комилҳуқуқӣ ва соҳибихтиёрӣ, низоми давлатдорӣ ва бузургии миллат аст.

Дар солҳои аввали ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ, баъзе душманони миллати мо, ки тобу тоқати дидани соҳибихтиёрии моро надоштанд, ҷанги бародаркушро дар кишвари мо барангехта, мардумро ба қатлу ғорат, бархеро ба муҳоҷирату сарсонӣ гирифтор карда, ҷойҳои ободро ба харобазор табдил доданд.

Хушбахтона, душманони мо ба муроди худ нарасиданд. Миллати тоҷик, сокинони Тоҷикистони азиз таҳти сарварии абармарди таърих, Пешвои муаззами мо, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миллатро аз нестӣ ва давлатро аз пора-пора шудан раҳо намуд.

Кишвари дар хоку хун афтодаро

Рӯи по хезондаву барнома дод.

Миллати моро ба ҳам овард ӯ

Ваҳдати моро шаҳодатнома дод.

Ба касе пушида нест, ки ин ободиву зиндагии орому шоистае, ки дар ҷомеаи мо танинандоз мебошад, маҳз аз шарофати Истиқлолият ва сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон насиби мо гардидааст.

Дар баробари ин, тавре Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд, «Ба даст овардани Истиқлолият кори басо душвори заҳматталаб мебошад, вале ҳимояи пирӯзиҳо ва дастовардҳои Истиқлолият кори аз он ҳам душвортар аст».

Инро мо дар мисоли таърихи навтарини кишвари худ, тавре дар боло ёдрас шудам, дидем.

Дар ҳама давру замон дар идораи давлату рушди ҷомеа роҳбарони оқилу доно ва бомаҳорате заруранд, ки ҷомеаро аз пушти худ бурда, дар заминаи ҳофизаи таърихӣ давлатдориро таҳким бахшанд. Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз он шахсиятҳоеанд, ки барои кишвари мо ва сокинони он ин асолати таърихиро иҷро намуда, барои пешрафти минбаъдаи Тоҷикистони азизамон мусоидат менамоянд.

Дар солҳои баъди ҷанги шаҳрвандӣ мардуми мо аз асоситарин маводи озуқа – нон сахт танқисӣ мекашид; ба маънои томи ин калима - мардум гирифтори гуруснагии воқеӣ буд. Имрӯз он ба афсона табдил ёфтааст. Ҳатто намояндагони насли ҷавон, ки хушбахтона он солҳоро надида буданд, ба ин бовар намекунанд.

Дар баробари дигар ҳадафҳои стратегӣ, ба даст овардани Истиқлолияти энергетикӣ, ки яке аз ҳадафҳои асосии стратегии кишвари мо ба шумор меравад, ҳама вақт дар мадди назари роҳбарияти олии кишвар буд ва мебошад.

Тавре маълум аст, Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон энергетикаро яке аз соҳаҳои муҳимтарини пешбурди иқтисодиёт ва иҷтимоиёти кишвар маънидод намуда, таъкид кардаанд, ки “Таҳкурсии асоситарини иқтидори иқтисодии ҳар давлат рушди соҳаи энергетика мебошад.”

Бо паю қадами Истиқлолияти давлатӣ, махсусан баъди Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сипас Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шудани муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон марҳилаи наву муҳим ва сифатан нави рушди соҳаи энергетика оғоз ёфт.

Маҳз бо паю қадами Истиқлолияти давлатӣ ва бо ташаббуси Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Тоҷикистон нерӯгоҳҳои барқи обии «Сангтӯда-1», «Сангтӯда-2», маркази дуюми барқу гармии шаҳри Душанбе, садҳо нерӯгоҳҳои хурди барқи обӣ сохта ба истифодабарӣ дода шуданд. Дар баробари ин, яке аз масъалаҳои муҳим, ки дар солҳои Истиқлолият амалӣ гашт, албатта ин таҷдиду азнавсозии иқтидорҳои мавҷуда буд. Дар чанд соли охир дар асоси нақшаву тадбирҳои стратегӣ таҷдиду азнавсозии нерӯгоҳҳои барқи обии Норак, Қайроққум, Сарбанд ва Варзоб амалӣ гардида истодаанд.

Бо дастури Пешвои миллат аз соли 2006 марҳилаи аввали таҷдиди Нерӯгоҳи барқи обии Норак оғоз ёфт. То ин дам чархи кории агрегатҳои №3 ва №8 иваз карда шуд, тамоми таҷҳизоти дастгоҳи тақсимотии кушодаи – 220 кВ ба таҷҳизоти нави замонавии элегазии 220 кВ ва дастгоҳи тақсимкунандаи кушодаи 500 кВ ба таҷҳизоти нави замонавии элегазии 500 кВ иваз карда шуданд, бори аввал дар таърихи нерӯгоҳ таъмири асосии дарбанди куравӣ гузаронида шуд.

Бунёди хатҳои барқи баландшиддати «Ҷануб-Шимол», «Лолазор-Хатлон», «Хуҷанд-Айнӣ», «Сангтӯда - Лолазор», «Сангтӯда – НБО-и Сарбанд», «Қайроққум-Ашт», “Роғун – Душанбе-500” “Айнӣ-Панҷакент”, таҷдид ва ё иваз намудани зеристгоҳҳо ба зеристгоҳҳои пурқудрат, таҷдид ва барқарорсозии шабакаҳои барқӣ ҳам соҳаро пой бар ҷо нигоҳ дошт ва ҳам иқтидору эътимоднокии таъминоти неруи барқиро дар ҷумҳурӣ хеле беҳ намуд.

Махсусан, ба истифода дода шудани Хати интиқоли барқи 500 кВ «Ҷануб-Шимол», ки системаи энергетикии моро муттаҳид сохт, хеле муҳим буд. Дар солҳои мавҷудияти системаи энергетикии Тоҷикистон қисмати ҷануб ва маркази Тоҷикистон, ки вобаста ба шароитҳои табиӣ қисми зиёди иқтидорҳои энергетикӣ дар ин ҷо воқеанд, аз шимоли кишвар ҷудо буд. Дар дигар мамолик ва кишварҳо низ хатҳои интиқоли барқ бунёд меёбанд, вале дар чунин шароит ва релефи мураккаб бунёд намудани хати интиқоли барқи баландшиддат амали хеле ҷасурона ва шоистаи таҳсин мебошад.

28 марти соли 2018 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Панҷакенти вилояти Суғд хати интиқоли барқи 220 киловолтаи «Айнӣ-Рӯдакӣ» ва зеристгоҳи барқии «Рӯдакӣ»-ро баъди таҷдиду азнавсозӣ дар доираи лоиҳаи «Ҷорӣ намудани ҳисобкунии яклухти таҳвили барқ ва беҳтаргардонии низоми интиқоли барқ» мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд. Ин мушкилоти таъминоти барқи шаҳри Панҷакент ва атрофи онро, ки дар солҳои қаблӣ бо хати интиқоли барқи мавҷудаи 110 кВ ҳатто дар фасли тобистон бо неруи барқ пурра таъмин набуд, пурра ҳал кард.

Рӯзи 20 марти соли 2019 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рӯзҳои таҷлили Наврӯзи байналмилалӣ дар шаҳри Норак ба татбиқи лоиҳаи “Барқарорсозии Неругоҳи барқи обии “Норак” оғози расмӣ бахшиданд.

Дар натиҷаи татбиқи ин лоиҳа Неругоҳи барқи обии Норак таҷдид ва эътимодноктар гардида, иқтидори лоиҳавияш аз 3000 ба 3300 МВт бардошта хоҳад шуд.

Дар Нерӯгоҳи барқи обии Қайроққум низ корҳои таҷдиду навсозӣ оғоз ёфтанд. Рӯзи 23 августи соли 2019 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба татбиқи лоиҳаи "Таҷдиди Неругоҳи барқи обии “Қайроққум” оғози расмӣ бахшида, бо рафти азнавсозии 6 агрегати ин иншооти гидроэнергетикӣ аз наздик шинос шуданд. Баъди татбиқи лоиҳа тавононии неругоҳ аз 126 мегаватт то ба 176 мегаватт расонида мешавад.

Бояд хотиррасон намуд, ки дар давраи 30 соли Истиқлолият, вобаста ба пешрафти иқтисодиёт ва беҳбудии ҳаёти мардум, талабот ба неруи барқ низ сол то сол зиёд мегардад. Масалан, шумораи аҳолии кишвар афзоиш ёфта, садҳо ҳазор оилаҳои нав барпо гашта, садҳо ҳазор манзили истиқоматии нав бунёд шуданд, ки ин ҳама ба истеҳсоли нерӯи барқи иловагӣ эҳтиёҷ доранд.

Бо вуҷуди ин, солҳои охир бо кумаку дастгириҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи энергетика рушду тараққӣ ёфта, барои ноил шудан ба истиқлолияти энергетикӣ, яке аз ҳадафҳои стратегии давлат, корҳои зиёд амалӣ шуданд.

Овардани ҳамин далел кофист, ки дар давраи Истиқлолият иқтидори истеҳсолии соҳаи энергетика, бе назардошти Нерӯгоҳи барқи обии “Роғун”, ба миқдори 1520 МВт зиёд шуд.

Дар заминаи сиёсати амиқи энергетикии Пешвои миллат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва амалӣ шудани нақшаҳои муҳими энергетикии кишвар бобати ташкил ёфтани бозори байналмилалии барқ, аз ҷумла, бунёди лоиҳаи минтақавии “CASA-1000», ки 12 майи соли 2016 бо иштироки сарварони ду давлати Осиёи Марказӣ - Тоҷикистон ва Қирғизистон ва ду давлати Осиёи Ҷанубӣ – Афғонистон ва Покистон расман оғози сохтмони он баргузор гардид.

Соли 2018 бошад, тамоми қарордодҳои ин лоиҳа ба имзо расиданд.

Чун самараи неку муваффақона дар натиҷаи мулоқоту гуфтушунидҳои сатҳи олии Сарони ду давлат - Тоҷикистон ва Ӯзбекистон ҳамкории энергетикҳои тоҷику ӯзбек боз барқарор гардид, ки ин ба ҳарду тараф манфиати хеле калонеро молик аст. Дар ҳамин замина, баъди зиёда аз 9 соли ҷудо будани низоми энергетикии Тоҷикистон аз Ӯзбекистон ҳоло доду гирифти барқ байни кишвари мо ва ҷумҳурии ҳамсоя амалӣ гаштааст.

Ба кор даровардани агрегати якуми Нерӯгоҳи барқи обии Роғун, ки рӯзи 16 ноябри соли 2018 барпо гардид, воқеаи муҳими таърихӣ буд.

Халқи тоҷик дар атрофи Сарвари худ муттаҳид шуда, аз ин имтиҳони муҳими таърих гузашт ва ормони миллии мо тоҷикон амалӣ гардид. Мо ҳама,алалхусус мутахассисони соҳаи энергетика медонем, ки агар ҷасорати бузург, иродаи қавӣ ва обрӯи баланди сатҳи байналмилалии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъсир намегузошт, Нерӯгоҳи Роғун бунёд намешуд.

Дар даврони Истиқлолият низ, дар заминаи зина ба зина амалӣ шудани Сиёсати энергетикии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имконият фароҳам овард, ки сол то сол таъминоти мардум бо нерӯи барқ беҳтар гардад.

Ин ҳама имконият фароҳам овард, ки аз 14 январи соли 2017 сар карда, маҳдудияти барқ дар кишвар пурра бардошта шуд. Алҳол аҳолӣ, муассисаҳои иҷтимоӣ ва корхонаҳои истеҳсолӣ дар тамоми қаламрави кишвар, ҳатто дурдасттарин деҳоти кишвар бисту чор соат бо барқ таъмин аст. Ногуфта намонад, ки мо кишвари худро бе ворид намудани барқ аз ягон давлати дигар пурра бо нерӯи барқи истеҳсоли худӣ таъмин намуда истодаем, ки дар таърихи давлатдории мо муваффақияти калон ва самараи амалӣ шудани сиёсати энергетикии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад.

Яке аз ҳадафҳои стратегии давлат эълон шудани “Расидан ба Истиқлолияти энергетикӣ” маҳз ба ҳамин вобастагӣ дорад.

Вобаста ба ин, дар Паёми гузаштаи Сарвари давлат ба Маҷлиси Олӣ қайд шудааст: “Итминони комил дорам, ки дар ояндаи наздик мо ба пурра амалӣ гардидани яке аз ҳадафҳои асосии стратегии худ - таъмини истиқлолияти энергетикӣ ноил мегардем.”

Ман бовар дорам, ки кормандони соҳаи энергетикаи кишвар аз тамоми шароиту имконият самаранок истифода мебаранд, ки ин мақсади наҷиб ҳарчӣ тезтар амалӣ гардад.

Мо 30-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистони азизамонро ҷашн мегирем. Ин 30 сол дар назди солномаи таърих муддати он қадар зиёд нест. Вале дар ин муддат дар кишвари мо корҳое ба сомон расид, ки ба зиндагии мардуми мо ва ба рушди иқтисодиву иҷтимоии кишвар таъсироти мукаммал гузошт.

Имрӯз нақшаҳо боз ҳам бузургтар аст. Дар Паёми Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қайд шудааст, ки дар хоҷагии халқи мо алҳол нақшаи гузариши иқтисодиёти кишвар аз шакли аграрӣ - индустриалӣ ба индустриалӣ - аграрӣ амалӣ мегардад.

Ин маънои боз ҳам зина ба зина пеш рафтани ҷомеаи мо ва нияти беҳбудӣ бахшидан ба зиндагии мардуми моро дорад ва боз ҳам пеш рафтани соҳаи энергетикаро тақозо менамояд.

Ман бовар дорам, ки кормандони соҳаи энергетикаи кишвар, ки ба кори хеле муқаддасу савоб-офаридани рӯшноӣ ва гармӣ машғуланд, аз тамоми шароиту имконият самаранок истифода мебаранд, ки дар таҳкими Истиқлолият, пешрафти кишвар ва беҳдошти зиндагии мардум саҳми босазои худро мегузоранд.

Тавре мо медонем,аз ибтидои соли ҷорӣ Ширкати “Барқи Тоҷик” ба се корхонаи мустақил тақсим шуд. Ин масъулияти мо-энергетикҳоро боз ҳам афзун менамояд. Ба ҳар як корманди ин ниҳоди асосии кишвар лозим аст, ки барои як манфиати муштарак таъмини беҳтару хубтари кишвар ва иқтисодиёту аҳолии он аз таҳти дил меҳнат намоянд. Заҳмати энергетикҳо осон нест,вале хеле пуршараф аст. Мақсади меҳнат ва фаъолияти ҳаррӯзаи мо, зиёда аз он - асоси вуҷуд доштан ва амал намудани ниҳоди энергетикӣ беҳбудӣ бахшидан ба зиндагиву рӯзгори мардум, ободу зебо намудани ҷои зист ва саҳм гузоштан ба пешрафти Ватани азизи мост. Ман бовар дорам, ки дар заминаи ҳамкорӣ, муносибати самимона ва содиқона,эҳтироми якдигар ба ин ҳама ноил мешавем.


Бозгашт ба рӯйхат