Размер шрифта: A A A
Цвет сайта: A A A A

ВАО дар бораи мо

Публикуются: Сведения о средствах массовой информации, учрежденных государственным органом, органом местного самоуправления (при наличии);


ШСХК «Барқи Тоҷик» шарҳ медиҳад

Душанбе, 18.12.2015 (АМИТ «Ховар»). - Аз маркази матбуотии ШСХК «Барқи тоҷик» ба унвони АМИТ «Ховар» вобаста ба меъёри интиқоли неруи барқ ва риояи реҷаи маҳдудсозии интиқоли неруи барқ нома ворид шуд, ки муҳтавои онро пешкаши хонандагон мекунем: «Тавре ки маълум аст, ҳоло бобати таъминоти барқ дар кишвар реҷаи маҳдудият амал менамояд. Дуруст аст, ки ин барои мардум нороҳатӣ ва душвориҳои зиёд меорад. Баъзан дар воситаҳои ахбори омма низ вобаста ба таъминот бо неруи барқ матолибе нашр мегарданд, ки вазъият носаҳеҳ шарҳ дода мешавад.

Вобаста ба ин, маркази матбуоти ШСХК «Барқи Тоҷик» вазъи кунунии таъминоти барқро дар ҷумҳурӣ бо далелҳои аниқ шарҳ медиҳад. Реҷаи маҳдудият дар таъмини барқ, пеш аз ҳама, ба худи ширкати «Барқи Тоҷик» таъсири номатлуби ҳам иқтисодӣ ва ҳам техникӣ мерасонад. Вале дар айни замон ин тадбир аз ноилоҷист, низоми энергетикии кишвар алҳол фақат ҳамин қадар имконият дорад.
Ҳамин далел мусаллам аст, ки ширкати «Барқи Тоҷик» меъёри муқаррашударо риоя менамояд ва ҳатто нисбат ба он зиёдтар кишварро бо барқ таъмин карда истодааст. Масалан, дар муддати моҳи ноябри соли ҷорӣ, нисбат ба меъёри муайяншуда ба муштариён 11,42 миллион кВт.соат зиёд барқ интиқол дода шудааст. Барқи дар моҳи ноябри соли равон интиқолшуда нисбат ба моҳи ноябри соли гузашта 24,2 миллион кВт.соат зиёд аст. Дар 15 рӯзи аввали моҳи декабри соли равон низ муштариён нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 337 ҳазор кВт.соат зиёд нерӯи барқ гирифтанд.
Ҷои баҳс нест, ки дар солҳои истиқлолияти давлатӣ дар кишвари мо соҳаи энергетика рушд ёфт. Дар ин муддат даҳҳо нерӯгоҳҳои хурду бузург ва Маркази барқу гармидиҳӣ ба истифодабарӣ дода шуд, ки ин иқтидори энергетикии кишвари моро ба миқдори 1040 мегаватт афзун сохт. Ин имконият фароҳам овард, ки дар се - чор соли охир норасоии неруи барқ аз 4-5 миллиард кВт.соат зиёда аз ду баробар коҳиш ёфт ва реҷаи маҳдудият низ хеле сабук шуд.
Баъзан суол пайдо мешавад, ки мо ин қадар иқтидорҳои нав бунёд намудем, истеҳсоли неруи барқ афзуд, чаро то ҳол маҳдудият боқӣ мондааст? Дар ҷавоб бояд хотиррасон намуд, ки дар давраи истиқлолият талабот ба барқ низ сол то сол зиёд мегардад. Масалан, шумораи аҳолии кишвар беш аз 65 фоиз афзоиш ёфта, садҳо ҳазор оилаҳои нав барпо гаштанд, садҳо ҳазор манзили истиқоматии нав бунёд шуданд. Фақат дар давоми солҳои 2013-2014-ум 2 миллиону 100 ҳазор метри мураббаъ манзил ба истифода дода шудааст. Илова бар ин, дар ин давра 17320 корхонаву коргоҳҳои нави истеҳсоливу хизматрасонӣ ба кор оғоз карданд, ки ин ҳама истеҳсоли неруи барқи иловагиро тақозо дорад. Ҳоло барқ ба воситаи қариб ягонаи пешбурди зиндагӣ ва рӯзгори мардум, махсусан сокинони шаҳр табдил ёфтааст. Бо захираи асосии обӣ-энергетикии худ - обанбори Норак мо ҳоло дар пешорӯи зимистони сарди дуру дароз истодаем. Ҳар сантиметр об дар заминаи ҳисобу китоби аниқу дақиқи мутахассисони мо истифода мешаванд.
Маркази матбуоти ширкат омода аст, ки бо кормандони воситаҳои ахбори омма бобати фаҳмондани вазъи воқеии таъминот бо барқ ҳамкорӣ намояд.
Бояд муштариёни неруи барқ ҳаминро дарк намоянд, ки ширкати «Барқи Тоҷик» бобати таъмини барқ дар ин давраи душвор аз тамоми шароиту имконият истифода мебарад. Аз муштариён хоҳиш дорем, ки аз барқ сарфакорона истифода баранд ва ҳаққи истифодаи неруи барқро сари вақт падохт намоянд. Барои он ки соатҳои аз барқ истифода бурдан тӯлонитар шаванд, фақат як илоҷ аст - аз барқ сарфакорона ва мақсаднок истифода бурдан.
Дар ширкат телефонҳои боварӣ ба таври шабонарӯзӣ кор мекунанд ва муштариён метавонанд бобати ҳар мушкилоти пайдошуда, бо мо дар тамос бошанд.
Телефонҳои боварии ширкат: 235-86-74; 235-86-84; 610-60-50. 


Сарчашма: АМИТ "ХОВАР"


Number of shows: 1515
Create date: 21.12.2015 10:44:22
Modify date: 21.12.2015 10:44:22

Бозгашт ба рӯйхат