Размер шрифта: A A A
Цвет сайта: A A A A

ВАО дар бораи мо

Публикуются: Сведения о средствах массовой информации, учрежденных государственным органом, органом местного самоуправления (при наличии);


Ба раиси ШСХК «Барқи Тоҷик»

Исмоилзода Мирзо Иброҳим.

Муҳтарам Исмоилзода Мирзо Иброҳим,

Халқи шарафманди тоҷик тӯли мавҷудияти хеш дар домани худ беҳисоб ҷавонмардонеро парвариш додаву ба сафҳаи таърих нақш бастааст. Яке бо набард бо душмани ғаддор, дигаре бо ғайрату нерӯи мардона дар саҳифаҳои китоби таърихи миллат ному кори неки хеш абадан гузоштааст.

Ин нерӯ ва ғайрати мардонаро метавон аз талошҳо ва мушкилписандии Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дарёфт, зеро барои ба мустақилияти комили энергетикӣ расидани Тоҷикистони соҳибистиқлол то ҳанӯз бедорхобиҳо, заҳматҳои беҳисоб мекашад.

То ҳанӯз мо он рӯзҳоеро ёд дорем, ки дар як шабонарӯз чанд соат барқ мегирифтем, вале таъкидҳои умедворкунандаи Сарвари давлат чун шӯълаи умед дар қалби мо пайваста равшан буд. Ин боварӣ ва умед моро ба ин рӯзҳои равшану нек оварда расонд.

Мо бошандагони деҳаҳои Чашмасор, Толеъ, Толеи нав, Сангдараи поён, Сандараи мобайн, Сангдараи боло, Сангдараи убара, Чашмаи ҷушон, Халифадавлат,Чувак, Кули ғариб, Кули ҳаётбек; Ҷамоати деҳоти Боғгаӣ, Оқҷар, Лангар; Ҷамоати деҳоти Доғистон, Шаҳрибарбар, Дараи Эмом ва Ҷамоати дехоти Зиракӣ деҳаи Пистамазор, ҷамъ 20 деҳаҳо. Ҷамоатҳои Ш.Шоҳин, Ҷамоати Боғгай, ноҳияи Муъминобод, Ҷамоати деҳоти Доғистон, ноҳияи Шамсиддин Шоҳин, Ҷамоати дехоти Зиракӣ деҳаи Пистамазори ноҳияи Кӯлоб аз паст будани шиддати қувваи барқ дар манзилҳои хеш дар ташвиш буданд.

Маълум аст, ки дар замони муосир барқ дар ҳаёти инсоният чун обу ҳаво зарур аст. Аз ин рӯ хабари сохта шудани зеристгоҳи барқии 35/10кВ Чашмасор ба дили мо умедворӣ ато кард. Дар ин роҳ танҳо дастгири ва ғайрат лозим буд.

Мо сокинони деҳаҳои номбурда ин дастгирӣ ва ғайрати ҷавонмардиро, ки нишондодҳои хирадмандонаи Сарвари давлатро амалӣ намудед, дар хислатҳои ҷавонмардии Шумо ёфтем. Маҳз ин ғайрату дастгирии Шумо буд, ки ин шабу рӯз хонаҳои мо равшану дилҳои мо саршор аз меҳру муҳаббати Шумо барин родмардони саҳифаи шаҳкитоби миллати тамаддунофар аст:

Адабу шарм туро хусрави маҳруён кард,

Офарин бар ту ки, шоистаи сад таҳсинӣ.

Мо гумон мекунем, ки Пешвои хирадпешаи миллат дар интихоби Шумо барин ҷавонмардоне, ки пайваста дар пайи ҳаллу фасли мушкилиҳои мардум ҳастанд, хато накардааст. Охир дар шароити кунунӣ чун Шумо рохбарони ғамхору муниси мардум барои давлати соҳибитиқлоли мо чун обу ҳаво зарур аст.

Дар амалӣ шудани «Сохтмони ЗИБ-35/10 кВ «Чашмасор» фаъолияти зеристгоҳ каме мушкилиҳо пеш омада буд, вале дасттирӣ ва мадади Шумо буд, ки ин мушкилиҳо рафъ гардид. Агар Шумо собитқадамона баҳри амалишавии мушкилоти мо дасти кӯмаку ёримандии хешро намерасондед, шояд имрӯз ин барнома амалӣ намешуд.

Аз ин рӯ, замима ва арзи сипос ба хуҷҷатҳои дигарро илова намуда, сипосу минатдории бепоёни хешро аз самими қалбҳои хеш ба Пешвои миллат ва Шумо барин роҳбарони асилу ғамхор, кордону серғайрат баён менамоем.

Бо умеди офияту саломатӣ ба умри бобаракату серғайрат ба Шумо, ин Сипоснома ирсол карда мешавад.


Бо эҳтиром: Иззатов Мирзомурод Қурбонович


Number of shows: 1085
Create date: 10.04.2020 12:24:20
Modify date: 10.04.2020 12:33:20

Бозгашт ба рӯйхат