Хабарҳо
Маърифати ҳуқуқӣ - низоми ҷомеа
«Рушди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ ба сатҳи дониш ва маърифати ҳуқуқии аҳолӣ вобастагии зиёд дорад».
Эмомалӣ Раҳмон
Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба Маҷлиси Олӣ, ки санаи 28 декабри соли 2023 ироа гардид, ҳамчун ҳуҷҷати мукаммали сиёсии илмӣ ва амалии фарогири тамоми паҳлуҳои ҳаётан муҳими кишвар дар роҳи расидан ба арзишҳои волои инсониву миллии соҳибистиқлолии давлатамон арзёбӣ кардан мумкин аст. Зеро боло бурдани сатҳи некуаҳволии мардум, ҳалли мушкилоти мавҷуда, фароҳам овардани шароити мусоиди корӣ ва расидан ба зиндагии шоиста меҳвари усулии Паёмро ташкил дод.
Дар баробари ин, Пешвои миллат зикр карданд, ки дастоварду пешравиҳои то имрӯз ноилшудаи кишвар натиҷаи қонунҳои таҳия ва қабулкардаи парламенти мамлакат, фаъолияти меҳварии ҳокимияти судӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бобати таъмини волоияти қонун мебошад. Ҳамчунин таъкид гардид, ки дар раванди бунёди ҷомеаи пешрафта ва адолатпарвар масъалаи ташаккули маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон нақши калидӣ дорад.
Дар робита ба ин, даврони соҳибистиқлолии кишвар барои таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ду Барнома қабул ва татбиқ гардида, барномаи сеюми таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2030 қабул ва Нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи «Барномаи таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон» барои солҳои 2020-2025 тасдиқ ва мавриди амал қарор дорад.
Фаъолияти босамари рукнҳои давлатӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар вазорату идораҳо дар ин самт боис гардид, ки сатҳи ҳуқуқвайронкуниҳо тамоюли пастшавӣ дорад.
Имсол сокинони Ҷумҳурии Тоҷикистон 30 солагии қабули Конститутсия Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо тантана қайд менамоянд. Ин ҳуҷҷатест, ки тавассути он ҷавҳари ҷомеаи шаҳрвандӣ дар асоси риояи ҳуқуқи инсон ва волоияти қонун устувор мегардад. Ба шарафи ин Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз 28 декабри соли 2023 қайд намудаанд: «Амалӣ намудани меъёрҳои Конститутсия ба мо имкон дод, ки пояҳои устувори ҷомеа ва давлатро созмон диҳем, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллиро таҳким бахшем, рушди устувори иқтисодии кишварамонро таъмин намоем, барои ҳар як шаҳрванди мамлакат шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро муҳайё созем. Бинобар ин, пешниҳод менамоям, ки соли 2024 ба ифтихори ин санаи бисёр муҳимми таърихӣ «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон карда шавад».
Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳое, ки аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бармеоянд, фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон намудани соли 2024» аз 30 декабри соли 2023, таҳти № 668 қабул гардид. Мақсад аз қабули фармони мазкур қонунӣ намудани таҳкими сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, тарғиби арзишҳои демократӣ, мустаҳкам намудани институти ҳуқуқи инсон, муносибати эҳтиромона бо он, баланд бардоштани мақоми қонун, тарбияи шаҳрвандон дар руҳияи эҳтиром нисбат ба қонун ва ташаккул додани низоми устувори рафтори ҳуқуқӣ мебошад.
Дар ҶСК «Барқи Тоҷик» вобаста ба соли маърифати ҳуқуқӣ эълон карда шудани соли 2024 дар асоси нақша силсилаи чорабиниҳо ташкил дода шудаанд, ки онҳо имконият медиҳанд, ки кормандони мо бештар аз нозукиҳои қонун баҳравар гарданд ва дар ҳолатҳои даркорӣ дар ҳифзи ҳуқуқии худ фаъол бошанд. Вохўри бо доктори илми ҳуқуқ, профессор Дониёр Сангинов, ки ба муносибати соли маърифати ҳуқуқӣ эълон карда шудани соли 2024 ва раиси Асосиатсияи сиёсатшиносони Ҷумҳурии Тоҷикистон, профессор Сайфулло Сафаров ба муносибати Рўзи Ваҳдати миллӣ баргузор шуд аз ҷумлаи ин чорабиниҳост.
Бо ташаббуси шуъбаи ҳуқуқ ва бахши матбуоти ҶСК «Барқи Тоҷик» гузаронидани силсилаи чорабиниҳо дар ҳама филиалҳои ҷамъият дар назар дошта шудааст. Дар онҳо ба кормандон дар мавзуъҳои мухталифи ҳуқуқӣ суҳбат гузаронида мешаванд.
Мо тасмим гирифтаем, ки дар ин раванд ба таъмини волоияти қонун ва риояи тартиботи ҳуқуқӣ, ҳифзи амният, суботу оромии ҷомеа, ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, манфиатҳои давлат ва ҷомеа, тақвият ёфтани тарбияи ҳарбӣ-ватандӯстию меҳанпарастии ҷавонон, пешгирӣ намудани қонуншиканиҳо, кирдорҳои коррупсионӣ, ҷиноятҳои дорои хусусияти террористию экстремистӣ, тадбирҳои натиҷабахш андешида шаванд.
Мақсади асосии «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон карда шудани соли 2024 дар он аст, ки ҳар шаҳрванд бояд маънои соҳибҳуқуқиро дарк кунад, фаҳмиши амиқи онро тассавур созад ва аз ҳуқуқи худ бархўрдор бошад. Дар ин замина, шуъбаи ҳуқуқи ҶСК «Барқи Тоҷик» баробари ҳалли дигар масъалаҳои ҳуқуқӣ дар баҳсҳои истеҳсолие, ки ба миён меоянд, ба коргарони ҷамъият баҳри таҳкими маърифати ҳуқуқияшон масъулят дорад ва кумак мерасонад.
Бобобеков Сорбон,
Ҳуқуқшиноси пешбари шуъбаи ҳуқуқи ҶСК «Барқи Тоҷик»