Хабарҳо
Нишасти матбуотӣ оид ба
НАТИҶАИ ФАЪОЛИЯТИ
ҶСК “БАРҚИ ТОҶИК”
ДАР НИМСОЛАИ ЯКУМИ
СОЛИ 2024
рўзи 6 августи соли 2024
дар бинои ҶСК “Барқи Тоҷик”
баргузор мешавад.
Варақаи иттилоотӣ
МАЪЛУМОТ ОИД БА НАТИҶАИ
ФАЪОЛИЯТИ ҶСК “БАРҚИ ТОҶИК”
ДАР НИМСОЛАИ ЯКУМИ СОЛИ 2024
Дар нимсолаи якуми соли 2024 дар неругоҳҳо ва марказҳои истеҳсоли барқу гармии Ҷамъияти саҳомии кушодаи “Барқи Тоҷик” ҳаҷми истеҳсоли неруи барқ дар маҷмуъ 7 млрд. 949 млн. кВт. соатро ташкил дод, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли 2023 дар ҳаҷми 80,4 млн. кВт. соат зиёд гардидааст. Аз ҷумла, истеҳсоли неруи барқ дар неругоҳҳои барқи обӣ дар ҳаҷми 7 млрд. 26 млн. кВт. соат ва дар марказҳои барқу гармидиҳӣ дар ҳаҷми 922 млн. кВт. соат таъмин карда шудааст.
Ҳаҷми истеҳсоли неруи барқ дар НБО-ҳо ва МБГ-ҳо (млн. кВт. соат)
Номгуи НБО-ҳо ва МБГ-ҳо |
Нимсолаи якуми соли 2023 |
Нимсолаи якуми соли 2024 |
Фарқият (+;-) |
НБО-и “Норак” |
5130,4 |
4882,3 |
-248,1 |
НБО-и “Бойғозӣ” |
1143,7 |
1067,3 |
-76,4 |
Силсилаи НБО- ҳои “Вахш” |
687,2 |
708,2 |
+21,0 |
Силсилаи НБО- ҳои “Варзоб” |
49,9 |
34,1 |
-15,8 |
НБО-и “Қайроққум” |
222,8 |
332,3 |
+109,5 |
НБО-ҳои хурд |
3,4 |
2,7 |
-0,7 |
Ҳамагӣ дар НБО-ҳо |
7237,4 |
7026,9 |
-210,5 |
МБГ-и “Душанбе-1” |
117,4 |
166,1 |
+48,7 |
МБГ-и “Душанбе-2” |
513,8 |
756,0 |
+242,1 |
Ҳамагӣ дар МБГ-ҳо |
631,2 |
922,1 |
+290,9 |
Ҳамагӣ - ҶСК “Барқи Тоҷик” |
7868,6 |
7949,0 |
+80,4 |
Дар давраи ҳисоботӣ талафоти неруи барқ дар неругоҳҳои барқи обӣ ва марказҳои барқу гармидиҳии ҶСК «Барқи Тоҷик» дар маҷмуъ 35,3 млн. кВт. соат, ё ин ки 0,44%-и барқи истеҳсолшударо ташкил дод, ки дар доираи меъёр мебошад.
Ҳаҷми истеҳсоли неруи гармӣ дар давраи ҳисоботӣ ба 782,9 ҳазор Гкал баробар шуда, нисбат ба ҳамин давраи соли 2023 дар ҳаҷми 232,3 ҳазор Гкал зиёд гардидааст.
Ҳаҷми истеҳсоли неруи гармӣ МБГ-ҳо (ҳазор Гкал)
Номгўи МБГ-ҳо |
Нимсолаи якуми соли 2023 |
Нимсолаи якуми соли 2024 |
Фарқият (+;-) |
МБГ-и “Душанбе-1” |
361,7 |
523,6 |
161,9 |
МБГ-и “Душанбе-2” |
188,9 |
259,3 |
70,4 |
Ҳамагӣ: |
550,6 |
782,9 |
+232,3 |
Дар давраи ҳисоботӣ маблағи умумии неруи гармии интиқолшуда ба 19,2 млн. сомонӣ баробар шуда, ҷамъоварии он ба маблағи 17,8 млн. сомонӣ, ё ин ки дар сатҳи 92,8% таъмин карда шудааст. Қарзи дебиторӣ ба ҳолати 1 июли соли 2024-ум 45,6 млн. сомониро ташкил медиҳад.
Бо мақсади беҳтар намудани таъминоти неруи барқ, дар нимсолаи якуми соли 2024 ҶСК “Барқи Тоҷик” аз дигар истеҳсолкунандагони мустақили дохили ҷумҳурӣ дар ҳаҷми 2 млрд. 290,1 млн. кВт. соат неруи барқ харидорӣ намудааст, ки дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта ҳаҷми хариди неруи барқ 472,1 млн. кВт. соат кам мебошад. Хариди неруи барқ асосан аз неругоҳҳои барқи обии “Сангтўда-1” дар ҳаҷми 1300 млн. кВт. соат, аз НБО-и “Сангтўда-2” дар ҳаҷми 393,5 млн. кВт. соат ва аз НБО-и “Роғун” дар ҳаҷми 596,6 млн. кВт. соат харидорӣ карда шудааст.
Ҳаҷми хариди неруи барқ
Номгўи корхона |
Воҳиди ченак |
Ним- солаи якум соли 2023 |
Ним- солаи якум соли 2024 |
Фар- қият (+;-) |
НБО-и “Сангтӯда-1” |
млн. кВт.с |
1376,6 |
1300,0 |
-76,0 |
НБО-и “Сангтӯда-2” |
млн. кВт.с |
430,4 |
393,5 |
-36,9 |
ҶСК “НБО-и Роғун” |
млн. кВт.с |
955,2 |
596,6 |
-358,6 |
Ҳамагӣ |
млн. кВт.с |
2762,2 |
2290,1 |
-472,1 |
Маблағи неруи барқи харидоришуда дар давраи ҳисоботӣ 920,3 млн. сомониро ташкил дод, ки ин нишондиҳанда ба маблағи 78,9 млн. сомонй нисбат ба ҳамин давраи соли 2023 кам мебошад.
Маблағи хариди неруи барқ
Номгӯ |
Воҳ. ченак |
Ним- солаи якуми соли 2023 |
Ним- солаи якуми соли 2024 |
Фарқ (+;-) |
НБО-и “Сангтӯда-1” |
млн.сомонӣ |
499,9 |
489,8 |
-10,1 |
НБО-и “Сангтўда-2” |
млн.сомонӣ |
276,7 |
291,5 |
+14,8 |
ҶСК “НБО-и Роғун” |
млн.сомонӣ |
222,6 |
139,0 |
-83,6 |
Ҳамагӣ |
млн.сомонӣ |
999,2 |
920,3 |
-78,9 |
Ҳаҷми содироти неруи барқ ба хориҷи ҷумҳурӣ дар нимсолаи аввали соли 2024 нисбат ба ҳамин давраи соли 2023 дар ҳаҷми 255,3 млн. кВт. соат кам гардида, дар маҷмуъ ба 715,9 млн. кВт. соат ба маблағи 27,3 млн.доллари ИМА баробар шуд. Неруи барқ асосан ба Афғонистон дар ҳаҷми 580,1 млн. кВт. соат ва ба Ўзбекистон дар ҳаҷми 135,7 млн. кВт.соат интиқол дода шуд.
Тибқи маълумотҳои фаврӣ дар нимсолаи аввали соли 2024 ҶСК “Барқи Тоҷик” дар дохили ҷумҳурӣ 9 млрд. 399,8 млн. кВт. соат ба маблағи 1470,2 млн. сомонӣ неруи барқ ба фурўш баровардааст, аз ҷумла ба ҶСК “Шабакаҳои интиқоли барқ” – 353,7 млн. кВт. соат ба маблағи 55,3 млн. сомонӣ ва ба ҶСК “Шабакаҳои тақсимоти барқ” – 9 млрд. 46 млн.кВт.соат ба маблағи 1414,9 млн. сомонӣ интиқол дода шудааст.
Бо мақсади таъмин намудани ҳолати кории иқтидорҳои мавҷудаи системаи энергетикии ҷумҳурӣ ва баланд бардоштани эътимоднокии фаъолияти неругоҳҳои барқи обӣ ва марказҳои барқу гармидиҳии Ҷамъият, корҳои таъмирию барқарорсозӣ ва
сохтмонӣ дар давраи ҳисоботӣ ба маблағи 37,0 млн. сомони иҷро гардиданд.
Дар доираи маблағҳои фонди таъмирӣ дар тамоми зерсохторҳои Ҷамъият таъмирҳои асосӣ ва ҷории таҷҳизотҳо тибқи нақшаи тасдиқгардидаи солона гузаронида шудаанд, аз ҷумла:
- дар филиали «Неругоҳи Норак» таъмири миёнаи гидроагрегатҳои №2, №3, №8, №9, таъмири ҷории гидроагрегатҳои №7, №5, №6 таъмири асосии васлаки генератории ВГ-3, таъмири ҷории васлаки генератории ВГ-2, ВГ-5, ВГ-6, таъмири миёнаи трансформаторҳои Т-2, Т-3, Т-8, Т-9, таъмири ҷории трансформаторҳои Т-4, Т-5, Т-6, таъмири ҷории автотронсфрматорҳои АТ-1, таъмири асосии трансформатори зарурияти хусусии ТСН-1, ТСН-2 гузаронида шудаанд.
Айни ҳол гидроагрегати №4 бо трансформатори қудратии Т-4 ва васлаки генератории ВГ-4 дар ҳолати корӣ қарор доранд.
- дар филиали «Неругоҳи Бойғозӣ» таъмири ҷории гидроагрегати №1, №2, №3, №4, таъмири ҷории васлаки генератории ВГ-1, ВГ-2, ВГ-3, ВГ-4, таъмири ҷории трансформаторҳои қуввагии Т-1, Т-2, Т-3, Т-4, таъмири ҷории трансформаторҳои зарурияти хусусии ТСН-1, ТСН-2 таъмири ҷории васлакҳои генератор трансформатори ВГТ-1, ВГТ-2, ВГТ-3 ва ВГТ-4 гузаронида шудаанд.
- дар филиали «Неругоҳи Қайроққум» дидабароии профилактикии трансформаторҳои
қудратии Т-1, Т,2 таъмири ҷории трансформатори зарурияти хусуси ТСН-Р амалй шудааст.
Айни ҳол гидроагрегатҳои №3 ва №4 дар марҳилаи таҷдиду барқарорсозй қарор дорад.
- дар филиали «Силсилаи неругоҳҳои Вахш» дар неругоҳи Сарбанд таъмири ҷории гидроагрегати №3, таъмири ҷории трансформатори қудрати Т-1, Т-2 дидабароии профилактикии васлакҳои генератории ВГ-1, ВГ-6 таъмири ҷории автотронсформаторҳои АТ- 1, АТ-3, дар неругоҳи Шаршара таъмири ҷории гидроагрегати №2 таъмири ҷории тронсформатори Т- 2 таъмири ҷорй дар таҷҳизотҳои ДТК-110 кВ Л-4-5-1, Л-4-5-2, Л-4-6, гузаронида шуд.
- дар НБО-1 филиали «Силсилаи неругоҳҳои Варзоб» таъмири ҷории гидроагрегати №1, таъмири миёнаи гидроагрегати №2 таъмири ҷории трансформатори қудратии Т-1 ва Т-2 ба нақша гирифта шудааст.
Айни ҳол таъмири асосии гидроагрегати №2 ва таъмири ҷории трансформатори қудратии №2 дар НБО-2 идома дорад.
- дар филиали «Маркази барқу гармидиҳии 1» таъмири ҷорй дар деги буғй №10, турбоагрегатҳои №4, трансформатори қудратии Т-1, 2,3,4, 3 адад васлакҳои элегазӣ, 1 адад васлаки равғанӣ, ба анҷом расонида шуда, дар деги буғии №5,6,7,9 ва турбоагрегатҳои №5 корҳои таъмирй оғоз гардидааст.
- таъмири ҷории дегхонаи «Ғарбй», дегҳои обгармкунии ПТВМ-100 №1,2,3 ва дар дегхонаи
«Шарқӣ» дегҳои обгармкунии ПТВМ-30 №1,2 ба анҷом расонида шуданд.
– дар филиали «Маркази барқу гармидиҳии 2» таъмири ҷории 4 адад деги буғӣ, 4 адад турбоагрегат, 4 адад турбогенератор, 9 адад трансформаторҳои қудратӣ ва 8 адад васлаки элегазӣ ба нақша гирифта шудааст.
Айни замон таъмири ҷории 2 адад васлаки элегазӣ ба анҷом расонида шуда, 2 адад деги буғӣ, 4 адад турбоагрегат, 2 адад турбогенератор, 4 адад трансформаторҳои қудратии (Т-1,2, ТЛСР-1,2), ва ин чунин таъмири ҷорӣ дар таҷҳизотҳои ёрирасон рафта истодааст.
Вобаста ба иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз аз 30-юми марти соли 2024, №192 «Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2024-2025» дар ҶСК “Барқи Тоҷик” иҷрои 57 номгўи чорабиниҳо ба нақша гирифта шуда, аз ин миқдор чорабиниҳо то ба ҳолати 1-уми июли соли 2024-ум 10 адад пурра ва 29 адад қисман иҷро карда шудаанд. Дар маҷмуъ иҷроиши умумии нақшаи чорабиниҳо 41,8%- ро ташкил медиҳад.
Мувофиқи ҷадвали таъминоти ангишт барои эҳтиёҷоти филиали «МБГ-2» дар соли 2024 кашонидани ангишт дар ҳаҷми 800000 тонна ба нақша гирифта шудааст.
Аз санаи 1-уми апрел то 1-уми июли соли ҷорӣ воридоти ангишт дар ҳаҷми 245 000 тонна ба нақша гирифта шуда, дар асл ангишт дар ҳаҷми 279 647,8 тонна ба анборҳои филиали МБГ-2 ворид гардид, ки ин 114%-и нақшаро ташкил медиҳад. Захираи умуми ангишт то санаи 1-уми июли соли 2024 бо назардошти бақияи ангишти соли гузашиа 2023 – 517 386,7 тоннаро ташкил медиҳад. Воридоти ангишт идома дорад.
Тибқи нақша захираи мазути камсулфур 30 000 тонна муқаррар гардидааст. Ба ҳолати 1-уми июли соли 2024 захираи умумии мазути камсулфур дар филиали «Маркази барқу гармидиҳии-1» ва дегхонаи «Fарбӣ» 27 807 тоннаро ташкил медиҳад.
Аз аввали соли 2024 оид ба хариду фуруши гази табиӣ барои филиали «Маркази барқу гармидиҳии-1» дар ҳаҷми 256,8 млн.м3 шартнома байни ҶСК «Барқи Тоҷик» ва ҶСК «Тоҷиктрансгаз» ба имзо расонида шуд.
Бо дастгирии бевоситаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо мақсади ноил гардидан ба иҷрои ҳадафҳои стратегии кишвар, аз ҷумла таъмини истиқлолияти энергетикӣ, баланд бардоштани эътимоднокии фаъолияти иншоотҳои истеҳсолӣ, бо ҷалби сармояи шарикони рушд, айни замон як қатор лоиҳаҳо дар соҳаи электроэнергетика татбиқ гардида истодаанд.
1. Лоиҳаи «Барқарорсозии НБО-и «Норак»
Давраи марҳилаи якуми лоиҳа таҷдиди 3 адад гидроагрегат ва таҷҳизотҳои асосии неругоҳ, таҳвил ва насби 6 адад автотрансформаторҳои якфазаи 500/220/10 кВ ва иҷрои корҳоро вобаста ба бехатарии садд дарбар мегирад.
Татбиқи лоиҳа санаи 2 июни соли 2017 оғоз гардида, анҷоми он санаи 31 декабри соли 2024 пешбинӣ шудааст. Аз оғози лоиҳа азхудкунии маблағҳо ба 190,5 млн. доллари ИМА баробар шудааст, ки 58% арзиши умумии лоиҳаро ташкил медиҳад.
Лоиҳаи «Барқарорсозии неругоҳи барқи обии Норак, марҳилаи 2».
Маблағгузории марҳилаи 2-юми лоиҳаи “Барқарорсозии неругоҳи барқи обии Норак” то ба имрўз аз ҷониби Ассотсиатсияи Байналмилалии Рушд, ҳамагӣ 115 миллион доллари ИМА маблағҳои грантӣ ҷудо гардидааст. Созишномаҳои дахлдор оид ба маблағгузорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи Байналмилалии Рушд санаи 3 декабри соли 2020 (D685-TJ) ва санаи 17 майи соли 2022 (D954- TJ) ба имзо расонида шудаанд.
Давраи марҳилаи 2-юм (2а ва 2б) иваз намудани 6 адад гидроагрегатҳои боқимонда, барқарор намудани пули мошингузари Норак, таъмири биноҳои неругоҳ ва хариди техникаҳоро (аз ҷумла хариди техникаи вазнин ва таҷҳизоте, ки барои гузаронидани корҳо оид ба хизматрасонии техникӣ заруранд) дар бар мегирад.
Татбиқи лоиҳа санаи 28 марти соли 2024 оғоз гардида, анҷоми он санаи 31 декабри соли 2031 пешбинӣ шудааст. Аз оғози лоиҳа азхудкунии маблағҳо ба 13,1 млн. доллари ИМА баробар шудааст, ки 11,43% арзиши умумии лоиҳаро ташкил медиҳад.
Азхудкунии маблағҳо дар давраи ҳисоботӣ дар доираи лоиҳаи мазкур 13,1 млн. долл. ИМА-ро ташкил медиҳад.
3. Лоиҳаи «Таҷдиди НБО-и Қайроққум».
Татбиқи лоиҳаи мазкур санаи 25 июли соли 2014 оғоз гардида, анҷоми он баъд аз тамдид санаи 10 декабри соли 2025 пешбинӣ шудааст. Аз оғози лоиҳа азхудкунии маблағҳо ба 123,8 млн. доллари ИМА баробар шудааст, ки 61,6% арзиши умумии лоиҳаро ташкил медиҳад. Бояд қайд намуд, ки вобаста ба корҳои иҷрогардида ҳисобномаҳо ба маблағи 3 550 830,64 доллари ИМА ба унвонии Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд барои пардохт ирсол карда шудаанд, ки то давраи ҳисоботӣ пардохт нагардидааст.
Сабаби асосии пардохт нагардидани маблағи мазкур, ин саривақт иҷро нагардидани уҳдадориҳои молиявӣ дар назди Бонки Арупоии Таҷдид ва Рушд дар доираи лоиҳаи “Таҷдиди НБО-и Қайроққум” мебошад, ки маблағи уҳдадории ҷорӣ 3 927 707,2 доллари ИМА-ро ташкил медиҳад. То давраи ҳисоботӣ уҳдадории мазкур ба маблағи 1 000 000 доллари ИМА иҷро гардидааст. Бинобар саривақт иҷро нагардидани уҳдадориҳо дар назди Бонки
Аврупоии Таҷдид ва Рушд суратҳисобҳои лоиҳаи мазкур муваққатан баста шудаанд. Дар ҳолати аз ҷониби Бонк пардохт гардидани ҳисобномаҳои мазкур азхудкунии маблағҳо дар нимсолаи якуми соли 2024-ум 65,17%-и нақшаро ташкил менамуд.
Бо мақсади иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷиҳати таъмини фаъолияти самарабахши иншоотҳои истеҳсоли неруи барқу гармӣ, Ҷамъияти саҳомии кушодаи “Барқи Тоҷик” дар нимсолаи дуюми соли 2024 корҳоро дар самти амалисозии чорабиниҳои зерин пурзўр менамояд:
– истифодаи самаранок ва сарфакоронаи захираҳои обию энергетикӣ;
– таъмини боэътимоди фаъолияти неругоҳҳои барқи обӣ ва марказҳои барқу гармидиҳӣ дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2024-2025;
– назорати иҷрои босифати корҳо аз рафти амалишавии лоиҳаҳои “Барқарорсозии НБО-и Норак” ва “Таҷдиди НБО-и Қайроққум”.
Ношир ҶСК “Барқи Тоҷик”. Адади нашр 100 дона.