Размер шрифта: A A A
Цвет сайта: A A A A

Хабарҳо

03.10.2024

МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ –

БАТАНЗИМДАРОРИИ МУНОСИБОТИ ҶАМЪИЯТӢ

Дар замони муосир яке аз шартҳои асосии эъмори ҷомеаи ҳуқуқбунёду демократӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ ин баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ маҳсуб мешавад, ки сарчашма мегирад аз тағйироти куллии дар ҳаёти рӯзмарра бавуҷудомада, арҷгузории муқаддасот, такмили қонунгузорӣ ва ҳамзамон, беҳтар намудани тафаккури шаҳрвандон.

Шояд ин ҷо суоле ба миён ояд, ки зери мафҳуми “маърифати ҳуқуқӣ” чиро бояд фаҳмид? Дар робита ба ин, бояд гуфт, ки атрофи шарҳи ибораи мазкур гуфтаниҳо ниҳоят зиёданд ва шарҳи муфассали онро метавон аз сарчашмаҳои бевосита ба ин мавзуъ бахшидашуда пайдо кард.

Воқеан, маърифати ҳуқуқӣ чист? Чӣ зарурат пеш омад, ки роҳбарияти олии мамлакат ба моҳияти ин мафҳум ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвардон авлавият дода, як солеро расман “Соли маърифати ҳуқуқӣ” эълон намоянд?

Маърифати ҳуқуқӣ маҷмуи донишҳои ҳуқуқӣ, донистани қонунҳо, санадҳои зерқонунӣ ва истифодаи дурусти онҳо аз ҷониби шаҳрвандон аст. Бесабаб нест, ки Пешвои муаззами миллат дар Паёми худ ин масъаларо арзёбӣ карданд. Албатта, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон ин роҳи ҳалли як қатор мушкилиҳои ҷомеаи имрӯзаи мо мебошад. Аз ҷумла, бо баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ сатҳи коррупсия низ имконияти коҳишёбӣ дорад.

Аз ҳамин лиҳоз, моро мебояд, ҳарчи бештар ҷиҳати дар амал татбиқ намудани дастуру ҳидоятҳои Президенти мамлакат вобаста ба баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон корҳои фаҳмондадиҳӣ, ташвиқу тарғиби санадҳои меъёриву ҳуқуқӣ ва соддагардонии мафҳумоти он корро ҷоннок намоем.

Аксари шаҳрвандон донистану риояи қонунҳо, хоса Конститутсияи кишвар, эҳтиром гузоштан ба онҳо, ҳимояи ҳуқуқҳои худу дигаронро ҳатмӣ ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқиро барои ҳар як шаҳрванди кишвар зарур меҳисобанд.

Оид ба ин, метавон чанд ҳарфе дар бораи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон гуфт.

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон —қонуни асосии Тоҷикистон, ки таърихи 6 ноябри соли 1994 дар раъйпурсии умумӣ қабул карда шуда, 26 сентябри соли 1999, 22 июни соли 2003 ва 22 майи соли 2016 бо тариқи раъйпурсии умумӣ ба он тағйиру иловаҳо ворид карда шудааст.

Дар моддаи 1-уми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон гуфта шудааст:

«Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона мебошад. Тоҷикистон давлати иҷтимоӣ буда, барои ҳар як инсон шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро фароҳам меорад. Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Тоҷикистон ҳаммаъноянд».

Конститутсияи ҶТ

· Боби 1. Асосҳои сохтори конститутсионӣ (моддаҳои 1-13)

· Боби 2. Ҳуқуқ, озодӣ,вазифаҳои асосии инсон ва шаҳрванд (моддаҳои 14-47)

· Боби 3. Маҷлиси олӣ (моддаҳои 48-63)

· Боби 4. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (моддаҳои 64-72)

· Боби 5. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (моддаҳои 73-75)

· Боби 6. Ҳокимияти маҳаллӣ (моддаҳои 76-80)

· Боби 7. Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон (моддаҳои 81-83)

· Боби 8. Суд (моддаҳои 84-92)

· Боби 9. Прокуратура (моддаҳои 93-97)

· Боби 10. Тартиби тағйири конститутсия (моддаҳои 98-100)

Дар маҷмуъ, зери мафҳуми “Маърифати ҳуқуқӣ” маҷмуи донишҳое фаҳмида мешавад, ки атрофи меъёрҳои ҳуқуқӣ ва қарору санадҳои ҳуқуқии аз ҷониби давлат қабулгардида баҳс намуда, ҷиҳати батанзимдарории муносибатҳои ҷамъиятӣ равона шудааст.

Соли 2024-ро “Соли маърифати ҳуқуқӣ” эълон кардани Роҳбари давлат ин бахшида ба 30-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Аз ин рӯ, маълум мешавад, ки мардуми азизи кишвар аз пайи омӯзиши маҳфум ва моҳияти Конститутсия ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ шуда, маърифати ҳуқуқии худро баланд бардоранд, зеро дар сурати надоштани маърифати ҳуқуқӣ, инсон мумкин аст, даст ба ҳуқуқвайронкунӣ зада, худ ва ояндаи дигаронро дар хатар гузорад.


Бозгашт ба рӯйхат