Размер шрифта: A A A
Цвет сайта: A A A A

Хабарҳо

05.08.2025

НИШАСТӢ МАТБУОТӢ ДАР ҶСК "БАРҚИ ТОҶИК"

30 июли соли 2025, соати 9:00 дар толори маҷлисгоҳи Ҷамъияти саҳомии кушодаи "Барқи Тоҷик" нишасти матбуотӣ оид ба натиҷаҳои фаъолият дар нимсолаи 2025, бо иштироки роҳбарият ва намояндагони Ҷамъиятҳои саҳомии кушодаи “Барқи Тоҷик”, “Шабакаҳои интиқоли барқ”, “Шабакаҳои тақсимоти барқ”, намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарият ва намояндагони филиалҳои ҶСК “Барқи Тоҷик” (Марказҳои барқу гармидиҳии шаҳри Душанбе-1 ва 2 ва намояндагони васоити ахбори омма, аз ҷумла, шабакаҳои телевизионии «Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ», «МИР», АМИТ «Ховар», агентии иттилоотии «Азия Плюс», рӯзномаю маҷаллаҳои «Ҷумҳурият», "Садои мардум", «Халқ Овозӣ», «Ҷавонони Тоҷикистон», «Минбари халқ», "Паёми Душанбе", «СССР», «Истиқлол», «Паёми Душанбе», «Оила», «Фараж», радиоҳои «Тоҷикистон», «Садои Душанбе», «Ховар», «Озодӣ», АИ "Ҳамсадо", сомонаҳои «Sputnik.tj», “Pressa.tj”, «Oila.tj», «Your.tj» ва ғайра баргузор гардид.

Дар рафти нишасти матбуотӣ мавзуъҳои расидан ба истиқлоли энергетикӣ, таъмини устувори неруи барқ, фаъолияти неругоҳҳои барқи обии мамлакат, истеҳсоли барқ, лоиҳаҳои бахши энергетика, низоми "Биллингӣ", ҳисобкунакҳои барқӣ, талафоти неруи барқ ва дигар масъалаҳои соҳа бозтоб шуданд.


Бозгашт ба рӯйхат