Шуъбаи сохтмони асосӣ

Шӯъбаи сохтмони асосӣ (ШСА) сохтори тобеи ШСХК «Барқи Тоҷик» мебошад.

Шӯъбаи сохтмони асосӣ чунин корҳоро иҷро мекунад:

– Сохтмони асосӣ ва таъмири асосии биноҳо ва иншоотро иҷро менамояд, истифодаи самараноки маблағҳои пулиро роҷеъ ба сохтмони нав, гузаронидани таъмири асосӣ ва ҷорӣ, реконструксия ва корҳои садамавӣ- барқарорсозиро таъмин менамояд, воситаҳоро дар иншооти бакорандозӣ ҷамъ меоварад, ҳаҷми сохтмони нотамомро кам мекунад.

– Бо ташкилотҳои лоиҳакашии ҷумҳурӣ ва ташкилотҳои лоиҳакашии тобеи ШСХК «Барқи Тоҷик» шартномаҳоро ҷиҳати таҳияи ҳуҷҷатҳои лоиҳавӣ-сметавӣ ва гузаронидани корҳои муҳандисӣ-таҳқиқотӣ ба имзо мерасонад.

– Назоратро аз рӯи сохтмони асосӣ, реконструксия, гузаронидани корҳои таъмирӣ ва садамавӣ-барқарорсозӣ аз рӯи шартномаҳои пудратӣ бо ташкилотҳои сохтмонӣ-васлгарӣ ва бакорандозӣ амалӣ менамояд.

– Чораҳоро ҷиҳати кӯтоҳ намудани мӯҳлат, баланд бардоштани сифат ва паст намудани арзиши сохтмон меандешад, инчунин риояи меъерҳои муқарраршудаи давомнокии сохтмон, мӯҳлати бакорандозим иқтидори истеҳсолӣ ва фондҳои асосиро таъмин менамояд.

– Ҳуҷҷатгузории лоиҳавӣ-сметавӣ, рӯйхати титулии иншооти таъиноти истеҳсолӣ ва ғайриистеҳсолиро тасдиқ менамояд.

Бозгашт ба рӯйхати «Сохтор»

Навсозии охирин:

Саволе доред?

Шӯъбаи кор бо муроҷиатҳо дар рӯзҳои корӣ аз соати 8:00 то 17:00 ҷавоб медиҳад.

Муроҷиат фиристодан