Шуъбаи ҳуқуқ

Шӯъбаи ҳуқуқ – яке аз сохторҳои ҶСК «Барқи Тоҷик» мебошад.

Шӯъбаи ҳуқуқ фаъолияти кории худро дар асоси талаботи Оинномаи ҶСК «Барқи Тоҷик», фармонҳо ва дастурамалҳои Ширкат мавриди амал қарор медиҳад.

Шӯъбаи ҳуқуқ мувофиқати лоиҳаи фармонҳо, низомномаҳо, қарордодҳои меҳнатӣ ва дигар ҳуҷҷатҳои хусусияти ҳуқуқӣ, иқтисодӣ, муҳандисӣ ва кадридоштаро ба санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ таъмин намуда, дар самти тағйирдиҳӣ, иловакунӣ ва бекор намудани онҳо тавсияҳо ва хулосаҳо пешниҳод менамояд.

Барои бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта оид ба тартиби шартномабандӣ фикру андешаҳои худро пешниҳод мекунад.

Дар самти баҳисобгирии қарзҳои дебиторӣ, корҳои даъвогӣ, омода кардани маводҳо ва ирсоли онҳо ба судҳои иқтисодӣ, судҳои умумӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ барои ҳимояи манфиатҳои Ширкат ва сохторҳои зертобеи он чораҳои зарурӣ меандешад.

Ҳолати корҳои даъвогӣ, баҳсҳои судӣ ва дигар ҳаракатҳои ҳуқуқиро дар сохторҳои зертобеи Ширкат мавриди назорат ва таҳлил қарор медиҳад.

Маводҳоеро, ки дар онҳо ҳолатҳои тасарруф, дуздии амвол, камомад ва дигар қонуншиканиҳо ҷой доранд, барои дидани чораҳои дахлдор ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ пешниҳод намуда, ҷиҳати барқарорсозии онҳо дар доираи қонунгузории амалкунанда чораҳои ҳуқуқӣ меандешад.

Барои ба ҷавобгарии интизомӣ кашидан ва татбиқи муҷозот нисбати кормандоне, ки ба ҳуқуқвайронкунӣ ва риоя накардани интизоми меҳнат роҳ медиҳанд, маводҳо ҷамъоварӣ намуда, хулосаҳо пешниҳод менамояд.

Бозгашт ба рӯйхати «Сохтор»

Навсозии охирин:

Саволе доред?

Шӯъбаи кор бо муроҷиатҳо дар рӯзҳои корӣ аз соати 8:00 то 17:00 ҷавоб медиҳад.

Муроҷиат фиристодан