Асозода Маҳмадумар Шамсулло

АСОЗОДА
МАҲМАДУМАР ШАМСУЛЛО
Директори генералии
ҶСК “Барқи Тоҷик”
МАЪЛУМОТИ УМУМӢ
Соли таваллуд : 1 ноябри соли 1968
Ҷои таваллуд: Ҷумҳурии Тоҷикистон
Миллат: тоҷик
Таҳсилот : олӣ соли 1992 Институти политехникии Тоҷикистонро (рўзона) хатм кардаас
Ихтисос: муҳандис-барқкор
Унвони илмӣ: надорад
Кадом забонҳои хориҷиро медонад: русӣ
Вакили Маҷлиси вакилони халқ ҳаст ё не: не
Бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардонида шудааст ё не: соли 2009 бо медали «Хизмати шоиста»
Вазъи оилавӣ: оиладор
Кор ва фаъолияти собиқа:
Солҳои 1987-1992
Донишҷўи Институти политехникии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе
Солҳои 1992-1994
Муҳандиси ОРУ-220кВ Озмоишгоҳи барқи техникии Неругоҳи барқи обии Нораки Иттиҳодияи истеҳсолии энергетики оид ба электрификацияи РСС Тоҷикистон , шаҳри Норак
Солҳои 1994-1995
Муҳандиси дараҷаи дуюми Озмоишгоҳи барқи техникии Неругоҳи барқи обии Нораки Иттиҳодияи истеҳсолии энергетики оид ба электрификацияи РСС Тоҷикистон, шаҳри Норак
Соли 1995(10-23.01)
Муҳандиси дараҷаи якуми Озмоишгоҳи барқи техникии Неругоҳи барқи обии Норак, шаҳри Норак
Солҳои 1995(01-03)
Муҳандиси муҳофизати релегии ОРУ-220 кВ-и озмоишгоҳи барқи техникии Неругоҳи барқии обии Бойғозӣ, шаҳри Норак
Солҳои 1995-1997
Сардори озмоишгоҳи барқи техникии Неругоҳи барқи обии Бойғозӣ, шаҳри Норак
Солҳои 1997-2006
Сардори шуъбаи истеҳсоли техникии Нерўгоҳи барқи обии Бойғозии Ширкати саҳоии холдингии кушодаи «Барқи Тоҷик, шаҳри Норак
Солҳои 2006-2015
Сармуҳандиси Неругоҳи барқи обии Бойғозии Ширкати саҳомии холдингии кушодаи «Барқи Тоҷик», шаҳри Норак
Соли 2015(04-11)
Муовини сардори Сарраёсат-сардори Раёсати сиёсати энергетикӣ ва захираҳои об, рушди илму техникаи Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе
Солҳои 2015-2021
Муовини якуми раис-директори иҷроияи Департаменти «Нерўгоҳҳои истеҳсоли барқу гармӣ»-и Ширкати саҳомии холдингии кушодаи «Барқи Тоҷик», шаҳри Душанбе
Солҳои 2021-2022
Муовини якуми раис-сардори Департаменти «Нерўгоҳҳои истеҳсоли барқу гармӣ»-и Ширкати саҳомии холдингии кушодаи «Барқи Тоҷик», шаҳри Душанбе
Солҳои 2022-2023
Раиси Ширкати саҳомии холдингии кушодаи «Барқи Тоҷик», шаҳри Душанбе
Аз феврали соли 2023 то ҳоло
Директори генералии Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Барқи Тоҷик», шаҳри Душанбе
Навсозии охирин: