Хабарҳо

АРҶГУЗОРӢ БА ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ

24-уми ноябри соли 2026, бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки роҳбарият ва кормандони Ҷамъиятҳои саҳомии кушодаи «Барқи Тоҷик», «Шабакаҳои интиқоли барқ», «Шабакаҳои тақсимоти барқ» ва меҳмонон Сангинзода Дониёр Шомаҳмад – доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор, Шаҳрия Адҳамзод – шоираи шинохта ва Барандаи ҷоизаи ба номи Мирзо Турсунзода, инчунин, Сайфулло Сафаров – Раиси ассотсиатсияи сиёсатшиносони Тоҷикистон, сиёсатшинос, профессор ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид.

Бо нишони арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллӣ, чорабинӣ бо ворид намудани Парчами давлатӣ ба толор ва садо додани Суруди миллӣ оғоз гардида, Директори генералии ҶСК “Барқи Тоҷик” муҳтарам Асозода Маҳмадумар Шамсулло ҳозиринро ба ифтихори Рӯзи Парчами давлатӣ самимона шодбош намуд. Ҳамчунин, иброз дошт, ки эҳтиром ва арҷ гузоштан ба Парчами давлатӣ маънои эҳтирому арҷгузорӣ ба арзишҳои деринаи таърихӣ ва фарҳангиву маънавии миллӣ ва эҳтироми миллат ва давлату давлатдорӣ мебошад.

Дар идомаи ҷамъомад, меҳмонон дар мавзӯи таърихи парчамдории миллати тоҷик баромади пурмӯҳтаво намуда, аз саҳифаҳои пурифтихори таърихи давлатдорӣ ва нишонаҳои миллии тоҷикон ёдовар шуданд.

Чорабинии мазкур аз ҷониби телевизионҳои “Тоҷикистон”, “Сафина” ва “Ҷаҳоннамо” наворбардори гардида, намоиш дода шуд.