Қурбонзода Абдулло Абдураҳим

ҚУРБОНЗОДА 
АБДУЛЛО АБДУРАҲИМ

Муовини директори генералии
ҶСК “Барқи Тоҷик”

МАЪЛУМОТИ УМУМӢ:

Соли таваллуд:  7 январи соли 1963 

Ҷои таваллуд: Ҷумҳурии Тоҷикистон
Миллат:  тоҷик    
Таҳсилот  олӣ соли 1985 Институти политехникии Тоҷикистонро (рўзона)  хатм  кардааст  
Ихтисос: инженер-электрик 
Унвони илмӣ:   надорад 
Кадом забонҳои хориҷиро медонад:  русӣ
Вакили Маҷлиси вакилони халқ хаст ё не:      не     
Бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардонида шудааст ё не:   медали «Хизмати шоиста» соли 2018  
Вазъи оилавӣ:  оиладор

Кор ва фаъолияти собиқа:

Солҳои 1980-1985
Донишҷўи Институти политехникии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе

Солҳои 1985-1987
Сарэнергетики Колонаи механиконидашудаи сайёри №38 Трести «Данғараводстрой», ноҳияи Данғара

Солҳои 1987-1992
Сармуҳандиси Колонаи механиконидашудаи сайёри      №14, ноҳияи Фархор

Солҳои 1992-1995
Муовини директори Корхонаи хурди «Фирдавс»-и нашриёти «Ирфон», шаҳри Душанбе

Солҳои 1995-1996
Мутахассиси дараҷаи якуми  Раёсати таъминоти моддию техникӣ ва сохтмони асосии Вазорати фарҳанг ва иттилооти Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе

Солҳои 1996-2000
Сармуҳандиси Иттиҳодияи ҷумҳуриявии «Тоҷиккино», шаҳри Душанбе

Солҳои 2000-2001
Муовини сармуҳандиси Ҷамъияти саҳомии шакли кушодаи «Торгмаш» -и шаҳри Душанбе

Солҳои 2001-2002
Устои калони озмоишгоњи хадамоти Фурўши барқ ва таъмири асбобҳои ченкунандаи  Ширкати саҳомии холдингии кушодаи «Барқи Тоҷик», шаҳри Душанбе 

Солҳои 2002-2006
Сардори сехи истифодабарӣ ва таъмири асбобҳои ченкунандаи  Раёсати «Фурўши барқ»-и Ширкати саҳомии холдингии кушодаи «Барқи Тоҷик», шаҳри Душанбе

Солҳои 2006-2007
Сардори Департаменти сиёсати энергетикии Вазорати энергетикаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе

Солҳои 2007-2010
Сардори Раёсати электроэнергетикаи Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе

Солҳои 2010-2014
Муовини Раиси Ширкати саҳомии холдингии кушодаи «Барқи Тоҷик», шаҳри Душанбе

Соли  2014 (02-07)
Сармуҳандиси Раёсати «Фурўши барқ»-и Ширкати саҳомии холдингии кушодаи «Барқи Тоҷик», шаҳри Душанбе

Солҳои 2014-2015
Муовини сардори  Раёсати «Фурўши барқ»-и Ширкати саҳомии холдингии кушодаи «Барқи Тоҷик», шаҳри Душанбе

Соли 2015 (04-11)
Менеҷер  оид ба тиҷорат дар Департаменти «Шабакаҳои тақсимоти барқ»-и  Ширкати саҳомии холдингии кушодаи  «Барқи Тоҷик», шаҳри Душанбе

Солҳои 2015-2021
Сардори  Хадамоти давлатӣ оид ба назорат дар соҳаи энергетикаи Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе

Соли 2021 (03-08)
Муваққатан бекор

Соли 2021 (08-10)
Менеҷери  истифодабарӣ ва хизматрасонии техникии Департаменти “Нерўгоҳҳои истеҳсоли барқу гармӣ” Ширкати саҳомии холдингии кушодаи  «Барқи Тоҷик», шаҳри Душанбе

Солҳои 2021-2022
Муовини сардори Департаменти “Нерўгоҳҳои истеҳсоли барқу гармӣ” Ширкати саҳомии холдингии кушодаи  «Барқи Тоҷик», шаҳри Душанбе 

Солҳои 2022 -2023
Муовини  раиси Ширкати саҳомии холдингии кушодаи  «Барқи Тоҷик», шаҳри Душанбе

Аз феврали соли 2023 то ҳоло
Муовини  директори генералии Ҷамъияти саҳомии  кушодаи  «Барқи Тоҷик», шаҳри ДушанбеТ

Навсозии охирин: