Маълумоти таърихӣ
ҶСК «Барқи Тоҷик» дар сароғози ташаккули соҳаи электроэнергетикаи кишвар меистад, санаи расмии ташкилёбии он 22 декабри соли 1936 аст. Он дар солҳои мухталифи даврони Иттиҳоди Шуравӣ ва замони Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ному унвонҳои гуногун дошт. Сарчашмаи аввалия ва асосии ҶСК «Барқи Тоҷик» мудирияти сохтмони НБО-и Варзоб аст, ки соли 1931 ташкил ёфтааст, ки дар заминаи бунёди ин неругоҳ пайдо гашт. Соли 1951 энергокомбинати Сталинобод ташкил ёфт, ки сараввал И.Д. Гриднёв, сипас, Василий Иустинович Люлчак роҳбарони он буданд. Соли 1957 дар заминаи ин энергокомбинат «Тоҷикглавэнерго» ташкил дода шуд, ки тобеи Совети Вазирони РСС Тоҷикистон буд ва роҳбари он В.И. Люлчак таъйин гашт. Воқеан дар давраи СССР Тоҷикистон Вазорати энергетика надошт ва Низоми энергетикии он тобеи Вазорати энергетика ва электрофикатсияи СССР буд.
Василий Иустинович Люлчак то соли 1983 роҳбари системаи энергетикии кишвар кор кард. Баъди ба нафақа рафтани В.И. Люлчак соли 1983 Баҳром Сироҷев роҳбари ширкати энергетикии Тоҷикистон таъйин гардид.
Дар оғози солҳои истиқлол, 24 июли соли 1992 «Тоҷикглавэнерго» ба Ширкати Давлатии Холдингии «Барқи Тоҷик» табдил ёфт ва Баҳром Сироҷев раиси он интихоб шуд. Санаи 25 октябри соли 2000 бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Вазорати энергетикаи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфт ва собиқ директори Неругоҳи барқи обии Норак Абдулло Ёров вазири энергетикаи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин гардид.
Аз 25 январи соли 2001 мутобиқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Б. Сироҷев ба сабаби нафақа баромадан аз вазифаи Раиси Ширкати Давлатии Холдингии «Барқи Тоҷик» озод ва ба ҷои у Ҷурабек Нурмаҳмадов раис таъйин гардид.


Мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи қабули қисми аввали Кодекси граждании Тоҷикистон» ва Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз 3 ноябри соли 2001, №492 ҳуҷҷатҳои Ширкати Давлатии Холдингии «Барқи Тоҷик» аз нав ба қайд гирфта шуда, он Ширкати саҳомиву холдингии кушодаи «Барқи Тоҷик» номгузорӣ шуд. Ҳаминтавр, дар солҳои мухталиф Ниёзов Абдукарим Набиевич, Самиев Шарифхон Ҳамидович (Самӣ Шариф Ҳамид), Санъат Раҳимов (Раҳим Санъат Асо), Абдулло Ёров, Назарзода Аслиддин Гулмурод, Раҳматзода Рустам Мирзо ва Исмоилзода Мирзо Иброҳим раиси Ширкати саҳомии холдингии кушодаи «Барқи Тоҷик» буданд. Аз 22 январи соли 2022 то ҳол Асозода Маҳмадумар Шамсулло ба ҳайси директори генералии ҶСК “Барқи Тоҷик” фаъолият дорад.
Дар доиари ислоҳоти соҳаи энергетикаи кишвар соли 2019 як қадами нав гузошта шуд: дар сохтори низоми энергетикии кишвар тағйироти куллӣ ба амал омад. Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 июни соли 2019, №330, Ширкати саҳомии холдингии кушодаи «Барқи Тоҷик» ба се сохтори мустақил тақсим шуд. Дар асоси ин қарор барои идораи низоми энергетикии кишвар дар баробари Ширкати «Барқи Тоҷик» боз ду корхонаи мустақили дигар – Ҷамъияти саҳомии кушодаи “Шабакаҳои интиқоли барқ” ва Ҷамъияти саҳомии кушодаи “Шабакаҳои тақсимоти барқ» ташкил дода шуданд. Баъдтар, бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ширкати саҳомии холдингии кушодаи «Барқи Тоҷик» низ ба Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Барқи Тоҷик» табдил дода шуд.
Мутобиқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз 18 январи соли 2023, №18 номи Ширкати саҳомии холдингии кушодаи “Барқи Тоҷик” ба Ҷамъияти саҳомии кушодаи “Барқи Тоҷик” иваз карда шуд ва Оинномаи он тасдиқ гардид. Акнун ба сохтори Ҷамъият филиалҳои зерин дохил мебошанд:
– филиали “Неругоҳи барқи обии Норак”-и Ҷамъияти саҳомии кушодаи “Барқи Тоҷик” воқеъ дар шаҳри Норак;
– филиали “Неругоҳи Бойғози”-и Ҷамъияти саҳомии кушодаи “Барқи Тоҷик” воқеъ дар шаҳри Норак;
– филиали “Силсилаи неругоҳҳои Варзоб”-и Ҷамъияти саҳомии кушодаи “Барқи Тоҷик” воқеъ дар шаҳри Душанбе;
– филиали “Силсилаи неругоҳҳои Вахш”-и Ҷамъияти саҳомии кушодаи “Барқи Тоҷик” воқеъ дар шаҳри Левакант;
– филиали “Неругоҳи Қайроққум”-и Ҷамъияти саҳомии кушодаи “Барқи Тоҷик” воқеъ дар шаҳри Гулистон;
– филиали “Маркази барқу гармидиҳии 1”-и Ҷамъияти саҳомии кушодаи “Барқи Тоҷик” воқеъ дар шаҳри Душанбе;
– филиали “Маркази барқу гармидиҳии 2”-и Ҷамъияти саҳомии кушодаи “Барқи Тоҷик” воқеъ дар шаҳри Душанбе;
– филиали “Маркази барқу гармидиҳии Ёвон”-и Ҷамъияти саҳомии кушодаи “Барқи Тоҷик” воқеъ дар ноҳияи Ёвон;
– филиали “Тоҷикэнерготаъминот”-и Ҷамъияти саҳомии кушодаи “Барқи Тоҷик” воқеъ дар шаҳри Душанбе;
– филиали “Базаи нақлиётӣ ва таъминоти ангишт”-и Ҷамъияти саҳомии кушодаи “Барқи Тоҷик” воқеъ дар шаҳри Душанбе.
Масъулияте, ки ҶСК “Барқи Тоҷик” дар низоми энергетикии кишвар ба душ дорад, дар раванди таъминоти барқ амали хеле муҳиму зарурист. Истеҳсоли барқ, бунёди иқтидорҳои нав, таҷдиду модернизатсияи иқтидорҳои мавҷуда, таҳияи ҳамкориҳои байналмилалӣ номгӯи нопурраи он амалҳоест, ки мо ба уҳдаи худ дорем ва бо меҳнати ҳаррӯзаи худ ба таъмини аҳолӣ ва иқтисоди кишвар бо барқ саҳми худро мегузорем.
Навсозии охирин:
Саволе доред?
Шӯъбаи кор бо муроҷиатҳо дар рӯзҳои корӣ аз соати 8:00 то 17:00 ҷавоб медиҳад.