Ҷойҳои корӣ

ЭЪЛОН ДАР БОРАИ ҶОИ КОРИ ХОЛӢ

Вазифа: Сармуҳосиб

Ҷои корӣ: Дастгоҳи марказии ҶСК «Барқи Тоҷик»

Ташкилот: ҶСК «Барқи Тоҷик»

Муҳлати қабули ҳуҷҷатҳо: дар муҳлати 21 рӯз

Талаботи тахассусӣ

Барои вазифаи сармуҳосиби дастгоҳи марказии ҶСК «Барқи Тоҷик» талаботи тахассусии зерин муқаррар карда мешавад;

– Таҳсилоти олӣ (дар соҳаи иқтисодиёт, молия ё муҳосибот);

– Собиқаи кории тахассусии на кам аз 10 сол дар вазифаи роҳбарикунанда (директори молиявӣ, сармуҳосиб, муовини сармуҳосиб ва ғайра);

– Дорандаи сертификати муҳосиби касбӣ ва сертификати САР. Доштани дигар сертификатҳои касбии муҳосибӣ бартарӣ дорад;

– Донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қонунҳои амаликунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки иҷрои уҳдадориҳои вазифаи сармуҳосибиро ба танзим медароранд;

– Донистани Стандартҳои Байналмилаии Ҳисоботи Молиявӣ, қонунгузории андоз ва таҷрибаи молиявии бахши давлатӣ;

– Донистани муқаддасоти миллӣ;

– Масъулиятшиносӣ ва риояи баланди меъёрҳои ахлоќӣ ва риояи Кодекси одоб дар ҶСК «Барқи Тоҷик»;

– Бо компютер ва барномаи муҳосибии 1С «Корхона» озод кор карда тавонад;

– Озодона донистани забонҳои тоҷикӣ ва русӣ. Донистани забони англисӣ бартарият дорад.

Шартҳои меҳнат

– Кори доимӣ дар дастгоҳи марказии ҶСК «Барқи Тоҷик» аз соати 8.00 то 17.00;

– Музди меҳнат тибқи ҷадвали вазифавӣ ва имтиёзҳои иҷтимоӣ;

Тартиби дархост

Довталабон бояд ҳуҷҷатҳои зеринро пешниҳод намоянд;

– Маълумотномаи (СV)-и муфассал;

– Ба довталабоне, ки дар ҶСК «Барқи Тоҷик» фаъолияти меҳнатӣ намекунанд;

– Маълумотнома оид ба таъқиби ҷиноятӣ (доғи судӣ, суд шудан, рад ё қатъ кардани парвандаи ҷиноятӣ);

– Мактуби тавсифӣ.

Дархостҳо бояд ба суроғаи зерин ирсол шаванд: barqitojik@gmail.com ё довталабон метавонанд дархости худро дар шакли қоғази ба ҶСК «Барқи Тоҷик» суроғаи Хиёбони И.Сомонӣ 64 ба шуъбаи кадрҳои Ҷамъият пешниҳод намоянд.

Почта: barqitojik@gmail.com

сомона: www. barqitojik.tj

рақами телефон 295-357, 295-337

19-05-2026с в 13:16

Довталабоне, ки ба талаботи тахассусӣ мувофиқанд, ба озмун даъват карда мешаванд.

Навсозии охирин:

Саволе доред?

Шӯъбаи кор бо муроҷиатҳо дар рӯзҳои корӣ аз соати 8:00 то 17:00 ҷавоб медиҳад.

Муроҷиат фиристодан