Размер шрифта: A A A
Цвет сайта: A A A A

Мухим

Дата: 22.04.2015

Саломалейкум. Бубахшед барои ташвиш доданам, хохиш мекардам ба ман маълумот дар бораи роххои эконом кардани кувваи барк дар ЧТ (агар хамин роххо амал карда бошад), роххои баромадан аз бунбасти энержи дар ЧТ ва инчунин бахогузории рушди Барки Точик аз руи кадом методхо е ки модель фаъолият мекунад, маълумот ирсол мекардед. Зеро ман дар Новосибирск тахсил дорам ва дар рузхои наздик рисолаи дипломии худ бо номи (Перспективы развития гидроэнергетики РТ (на примере ОАХК "Барки Точик")) химоят хохам кард. Барои ман гуфтахои дар боло хело мухиманд, пешаки миннатдории худро мерасонам.

Шервониддин

Статус обращения: Ответ дан

Дата ответа: 16.07.2015 09:36:00
Ответ кому направляется: Шервониддину

     Дар ҷумҳури барои самаранок истифода намудани энергияи барқ чорабиниҳои назаррас гузаронида шуда истодааст.

     Дар пайвасти аввал истифодаи лампаҳои камасраф ба роҳ монда шуд, ки эффекти ин нақша мувофиқи ҳисоботи натиҷавӣ то 3-3,5 млн сарфаи энергияи барқ кам шуд.

     Истифодаи таҷҳизотҳои ғайристандарти ва ворид намудани он ба ҷумҳурӣ бо супориши ҲҶТ манъ карда шуд.

     Иншоотҳое, ки метавонанд бо истифодаи дигар намуди энергия (сузишвори) фаъолияти худро идома диҳанд аз истифодаи барқ дар фаслҳои тирамоҳу зимистон қатъ карда шуд. Ба монанди танурҳои нонпазӣ, печҳои оҳангудозӣ, печҳои хиштрезӣ ҳамомҳо, саунаҳо ва ғайраҳо.

      Дар ш. Душанбе Маркази барқу гармидиҳи дуюм бо иқтидори истеҳсолии энергияи барқ дар ҳаҷми 100 МВТ ва энергияи гарми дар ҳаҷми 67 Гкал ба истифода супорида шуда таъминоти гармии қисми хонаҳои баландошёнаҳои ш. Душанбе бо гарми таъмин карда шуд.

     Ин нақша эффекти сарфаи энергияи барқро дар ҳаҷми то 200 млн кВт соат нишон дод.

     Айни замон сохтмони навбати дуюми МБГ-2 оғоз гардидааст, ки то соли 2017 ҳаҷми истеҳсоли барқ то 400 МВт ва энергияи гармӣ то 234 Гкал баробар хоҳад шуд.

     Нақшаи рушди системаи энергетики дар асоси таҳлилҳои прогресӣ барқ монда мешавад. Программам Энерҷи CS истеҳсоли Зарубежэнергопроекти Ф. Руссия мебошад.

Инчунин барномаи РАП-стандарт барои анализи талафоти барқ истифода карда мешавад.


Адресат ответчика: Умури рушди ояндабинии ШСХК "Барқи Тоҷик"
:

Возврат к списку