Размер шрифта: A A A
Цвет сайта: A A A A

Хати озоди барк барои кй?

Дата: 25.12.2015

Салом. Мехостам фахмам ки хати озоди барк ё худ линияи озод аслан барои кист ва барои кадом табакаи ахолй пешбинй шудааст? Тартиби пайваст шудан,нарх ва хуччатхои лозимаро баён мекардед.Ташаккур

Камариддин

Статус обращения: Ответ дан

Дата ответа: 31.12.2015
Ответ кому направляется: Камариддину

Оид ба хати «озод»-и барқӣ

Ширкати саҳомии холдингии кушодаи «Барқи Тоҷик» оид ба дархости Шумо, ҷиҳати хати «тоза»-и интиқоли барқӣ чунин иттилоъ медиҳад.

Бояд тазаккур дод, ки меъёрҳои ҳармоҳаи истифодабарии нерӯи барқ дар давраи тирамоҳу зимистон аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардида, тибқи он дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ амалӣ карда мешавад.

Аз ин лиҳоз махдудияти муштариён дар асоси ҷадвали тасдиқшудаи махдудкунӣ, дар соатҳои муайяншуда ғайр аз иншоотҳои ҳайётан муҳим, ки дорои хати «тоза»-и интиқоли барқӣ мебошанд, гузаронида мешавад.

Ба иншоотҳои ҳайётан муҳим, ки дар вақти махдудкунӣ бо барқи доимӣ таъмин карда мешаванд, муассисаҳои зерин дохил мешаванд:

Иншоотҳои сохторҳои давлатӣ, сохторҳои қудратӣ ва назорати бехатарӣ, муассисаҳои табобатӣ, муассисаҳои то мактабӣ ва таълимӣ, муассисаҳои маъмурӣ ва корхонаҳои саноатӣ.


Сардори ХИТ ва БС                                                          Г. Холмуродов


Адресат ответчика: ШСХК "Барқи Тоҷик"
Должность ответчика: Сардори ХИТ ва БС
Инициалы ответчика: Г. Холмуродов

Возврат к списку