Размер шрифта: A A A
Цвет сайта: A A A A

Нархномаи барк барои гармкунак

Дата: 30.12.2015

Ассалому алайкум! Ман барои хонаро гарм кардан 2 то гармкунак (Аристон) созондам ва ба батарейкаи хона куш кардам. Гармкунакро яктоаш 2то ТЭНи 2квт (яъне хамаги 4квт) барк мегирад , дуюмаш бошад 2то ТЭНи 1.5квт (яъне хамаги 3квт) барк мегирад. Саволи ман хамин, ки ман барои хар 1 квт барки, ки барои гармкунак истифода бурдагим чан пули бояд пардохт кунам?

Каримов Музаффар

Статус обращения: Ответ дан

Дата ответа: 07.01.2016
Ответ кому направляется: Каримову Музаффару

Ҷавоб ба Каримов Музаффар

Тибқи талаботи банди 1.3.16-и Нархномаи № 09-01-2014

- Таҳвили қувваи барқ ба аҳолӣ ҳам дар шаҳр ва ҳам дар деҳот тибқи тарифи 12,60 дирам барои 1 кВт.соат (бо назардошти ААИ) амалӣ карда мешавад.

Мувофиқи ин банд: гарм намудани хонаи истиқоматӣ тавассути асбобҳо ва таҷҳизотҳои гармидиҳандаи каммасрафи барқии стандартӣ, ки бевосита ба ҳисобкунаки якфазаи барқии хонаҳои истиқоматӣ пайваст карда мешаванд ва иқтидори то 5,0 кВт-ро ташкил медиҳанд (фарши гарм, таҷҳизотҳои гармкунандаи хонаҳо тавассути системаи обгармкунӣ, кондитсионерҳо, термекс ва ғайра), яъне иқтидори асбобҳои дар як вақт истифодашаванда бояд аз 5,0 кВт. с зиёд набошад.

Ҳамзабон Шуморо зарур аст, ки асбобҳои каммасрафи стандартиро истифода баред.


Сардори шуъбаи созишномаҳо

ва танзими қарзҳои дебитории

Департаменти “Шабакаҳои тақсимоти барқ”                                               Маликов Исмоил


Адресат ответчика: ОАХК "Барки Точик"
Должность ответчика: Сардори шуъбаи созишномаҳо ва танзими қарзҳои дебитории ДШТБ
Инициалы ответчика: Маликов Исмоил

Возврат к списку