Размер шрифта: A A A
Цвет сайта: A A A A

интикод

Дата: 15.01.2016

Ман аз хизматрасонии шабакахои барки нохияи Сино рози нестам, зеро дар таърихи 15 январи соли 2015 аз соати 6 субх дар кучаи П.Сулаймони барк нест то соати 15 (вакти навиштани ин мактуб) барк нест. вакте ба диспетчер занг задам, гуфт, ки холо барои бартараф кардани корношоями навбати шумо нарасидааст. Наход дар пойтахти як чумхури барои ба кор даровардани як неполадка як руз даркор бошад? кормандони шабакахои барки нохияи Сино хамаш бемасъулият ва дуруштгап хастанд. Зеро вакте ки корро буд карда наметавони, акаллан бо сухани хуб мешад, ки дили одамро ба даст ори. бинобар ин, мо аз шумо эхтипромона хохиш менамоем, ки барои ба халк хизмати босифат расондани кормандонатон чорахои таъхирнопазир андешед.  

Машхура Абдуллоева

Статус обращения: Ответ дан

Дата ответа: 03.02.2016
Ответ кому направляется: Машҳуре Абдуллоевой

         ШСХК “Барқи Тоҷик” муроҷиати Шуморо таҳти № 12 аз 18.01.16 сол, ки тавассути почтаи электронӣ ба унвони Ширкат ворид гардидааст, дар якҷоягӣ бо ҶСК “Шабакаҳои барқии ш. Душанбе” мавриди баррасӣ қарор дод.

Дархости Шумо аз тарафи кормандони Шабакаҳои барқии н. Сино дар ҷояш дида баромада шуд, ки санаи 15.01.16 сол дар хати барқии ҳавои 0,4 кВ-и истгоҳи трансформатории 338/4, кандашавии як фаза ба вуҷуд омадааст, ки боиси қатъ гардидани қувваи барқи бинои истиқоматии Шумо ва 10 нафари дигар гардида, соати 1530 дақиқа барқарор карда шуд. Аз сабаби норасои ноқили эҳтиётӣ (дар автомашинаи дастаи сайёр) ва дастрас намудани ноқили зарурӣ аз корхона, вақти бартараф намудани садамаи ба амал омадаро ба таъхир овард. 


Адресат ответчика: ШСХК "Барқи Тоҷик", ХИ ваХТ
:
Инициалы ответчика: Атобуллоев Н.С.

Возврат к списку