Размер шрифта: A A A
Цвет сайта: A A A A

Маоши кормандони мухандисию техники

Дата: 16.08.2016

Маоши кормандони ШСХК "Барки Точик"-ро гайриконуни бо бахонаи набудани чамъовари маблаги барк 11 руз аст, ки надода истодаанд. Ба як гапе, ки то мохи сентябрь маош намешавад. Маълум аст, ки кисман кормандоне аз руи вазифаашон хаст, ки ба гайр аз маош даромадхои гайриконунии дуздию пора доранд, аммо кормандони мухандисию техникии корхона ба гайри маош ягон даромаде надоранд ва онхо вазифаи худро софдилона ичро карда истодаанд. Дар пеш саршавии соли тахсил дар мактабхо. Неругоххо кор карда истодаанд.Барк истехсол шуда, интикол дода шудааст истодааст. Бояд муйро аз хамир чудо кард ва ба гунахгорони асоси чазо дод, яъне ба дуздону порахурони Ширкат.

Хонаи ин дуздону порахурон сузад, кани адолату хакикат? Инхо душманони давлату ватананд. Инхоро дар тамоми структураи давлатию хукумати як-як фош карда, чазои сахтарин додан даркор чи тавре, ки дар Хитой ва Сингапур мекунанд.

Rustami Xatloni

Статус обращения: Ответ дан

Дата ответа: 24.08.2016
Ответ кому направляется: Рустами Хатлони

Маоши моҳонаи ҳамаи кормандони соҳаи барқ то 19-23 августи соли 2016 пардохт карда шуд. Агар Шумо арзу шикоят ё дархости дигаре дошта бошед ба роҳбарияти Ширкат ҳар рӯзи шанбе аз соати 9 то 12 метавонед муроҷиат намоед.


Адресат ответчика: ШСХК «Барқи Тоҷик»
Должность ответчика: Сармуҳосиб
Инициалы ответчика: Дустмухамедов А.

Возврат к списку