Размер шрифта: A A A
Цвет сайта: A A A A

Шикоят аз болои назоратчиени барки

Дата: 10.07.2017

Айни ҳол, оид ба суроғаи шаҳри Душанбе, кучаи Гипрозем, бинои 30/4, квартираи 140, аз тарафи собиқ назоратчии (контролери) барқии Шабакаҳои барқии шаҳри Душанбе вобасташудаи Абдураҳмон ном дошта ба тасарруфи қаллобонаи маблағҳои пули барқ аз руи нишондодҳои истифодаи барқи электрикии истеъмолкунандагони шаҳрвандони дар суроғаи мазкур зист дошта, ба маблағи 3200 сомони ҷой дорад ва ба ин маблағ расидаҳои дахлдор барасмият дароварда нашуд. Агарчанде, ки якчанд маротиба ман бо ариза ба роҳбарияти шабақаҳои барқии ноҳияи Сино расман муроҷиат кардам.
Аммо муроҷиатҳои ман бархилофи талаботи моддаи 14 Конститутсия, Қонуни ҶТ "Дар бораи муроҷиатҳои шаҳрвандон", моддаи 5(1), 12 "Дар бора мубориза бар зидди коррупсия", моддаи 9, 14, 15 Қонуни ҶТ "Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон" мавриди баррасии дахлдор қарор нагирифта, ҳуқуқу манфиатҳои қонунии ман поймол гардиданд.
Аз натиҷаи чунин тасарруф ва фиреб, надодани маълумоти дахлдор ба ман чун истеъмолкунандаи хизматрасонии давлатӣ,  зарари маънавӣ расонида шуд, аз ҷумла дар натиҷаи вазнин шудани ҳолати саломатӣ ва айни ҳол бори дуюм дар беморхона бо муолиҷаи статсионарӣ нигоҳ дошта мешавам.
Аз ин ру, бо дарназардошти боло зикршуда, хоҳиш менамоям, нисбати чунин холати тасарруфи воситаҳои пулии шаҳрванд ва фиреби истеъмолкунанда ва давлат чораи дахлдори санҷишӣ дида мутасаддиён ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.
Ин ҳолати қонуншиканӣ идома дорад ва назоратчиҳои масъул аз сокинони пойтахт ғайриқонунӣ пул ҷамъоварӣ намуда бар ивазаш чекҳои корношоям медиҳанд, ки бархилофи супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар хусуси супоридани ин пулҳо ба Амонатбонк мебошад.
Ба сохторхои дахлдор низ шикоят оварда шуд.

Сафархон Валиев

Статус обращения: Ответ дан

Дата ответа: 05.09.2017
Ответ кому направляется: Сафархону Валиеву

Ба шаҳрванд Валиев С.

истиқоматкунандаи ш. Душанбе

к. Гипрозем 30/4, ҳ. 144

Ширкати саҳомии холдингии кушодаи «Барқи Тоҷик» муроҷиати Шумо оиди шикоят аз болои назоратчиёни барқро мавриди баррасӣ қарор дод.

Дар вақти санҷиши муроҷиататон маълум карда шуд, ки собиқ, назоратчии барқи Шабакаҳои барқии н. Сино бо номи Абдураҳмон маблағи истифодаи барқи манзили истиқоматиатонро, ки он 3200 сомониро ташкил мекунад, бо роҳи қаллобӣ тасарруф накардааст. Балки маблағи қарзи мазкур аз рӯи нишондоди ҳисобкунаки барқӣ ба вуҷуд омадааст, ки пардохт намудани он ҳатмӣ мебошад.

Бинобар, ин ба Шумо тавсия дода мешавад, ки маблағи қарзи ба вуҷуд омадаро пардохт намоед.


Адресат ответчика: ШСХК «Барқи Тоҷик»
Должность ответчика: Ҳуқуқшиноси пешбари шуъбаи ҳуқуқи ДШТБ
Инициалы ответчика: Мирзоев Б.

Возврат к списку