Размер шрифта: A A A
Цвет сайта: A A A A

Истифода бурдан аз мансаб худ

Дата: 30.10.2017

Салом ба ҳамаи кормандони ОАХК «Барки Точик»,ман Абдулвоҳидов Луқмон донишҷӯй бахши магистратураи соли якуми донигоҳи славяни Тоҷикистону Россия мебошам. Ман зодаи ноҳия Темурмалики вилояти Хатлон мебошам, ман мехостам дар бораи раисону мудирони шабакаҳои барқи ноҳия аризи шикоят кунам. Чун ки аллакай солҳои дароз мешавад ки раисону мудирони Шабакаҳои Барқи ин ноҳия қувваи барқро барои оилаву хешу табори худ бе пул яъне бе ҳисобкунак карданд ва хушу хурсандона роҳат мекунанд, яке аз чунин хешҳои онҳо ҳамсояи мо буда дар давоми солҳои зиёд ҳисобкунаки барқи надошта ва ҳангоми пулчинакҳо аз тарафи шабакаҳои барқ меоянд онҳоро зада аз дар берун мекунанд, сабабаш ин аст ки зани апаи ин шахсон (язнаашон) раиси шабакаҳои барҳ буда (Асомимддинов Зайниддин) буда шояд барои ҳамин онҳоро ҳеҷ чиз намегуянд, ва ҳангоме ки оилаи мо ва умуман оилаҳои дигарон агар як моҳ аз режими пулсупори дер мекунанд пулчинакҳои қувваи барқ ба ҷойҳои кори онҳо раафта аз ҷои кор пули қувваи барқро талаб мекарданд, аз сабабе ки ба раисону мудирони шабакаҳои қувваи барқи ноҳия бавари надорам барои ҳамин ба шумо номае нависондам, ман мехоҳам ин беадолати нисбати мардуми камбағали ноҳияи мо нест карда шавад. Ман ин номаро барои он ки нависондам ИН КОРРО ҲАМЧУН ВАЗИФАИ ШАҲРВАНДИИ ХУД МЕҲИСОБАМ. Пешвои миллат дар ҳамаи баромадҳои худ қайд мекунад ки КОРРУСИЯ барои пеш рафтани ҷомеа ва иқтисоди давлати мо монеа мешавад, ва яке аз чунин мисолҳо ин мавзуъи имрузаи ман мебошанд ки, АЗ МАНСАБИ ХУД СУИСТИФОДА БУРДА ТАМОМИ ЧИЗРО БАРОИ ХЕШУ ТАБОРИ ХУДАШОН БЕПУЛ КАРДА АММО МАРДУМИ БЕЧОРАИ КАМБАҒАЛ АЗОБ МЕКАШАНД, ЛЕК ОНҲО НАМЕДОНАНД КИ ҲАМА ДАР НАЗДИ ҚОНУН ЯКАНД. Онҳо на боянд хешу табори худро боло аз мардуми одди монанд, чун ки онҳо бар ин вазифа омаданд, ки хизмати мардумро кунанд на танҳо аз хешу табори худро, мехостам ки шумо як хабари ногаҳони ба ноҳияи мо намоянда равонкарда ва худатон шоиди ин ҳама беадолати мешавенд. Ҷавобашро интизорам 987750728 

Абдулвохидов Лукмон

Статус обращения: Ответ дан

Дата ответа: 17.11.2017
Ответ кому направляется: Абдулвохидову Лукмону

Муҳтарам Абдулвоҳидов

Агар Шумо ҳамсояи худ Бойсарова Мушқиро дар назар дошта бошед (истиқоматкунандаи кӯчаи Ҳасан Зариф -112) , он шахс дар руйхати оилаҳои камбизоат ба қайд гирифта шуда, зани танҳо ва соҳиби 4 фарзанд мебошад.

Ҳақиқатан ӯ аз моҳи апрели соли ҷорӣ қувваи барқро бе ҳисобкунаки барқӣ истифода мебарад. Дар ин муҳлат ӯ 98 сомонӣ маблағи барқро пардохт намудааст. Барои бе ҳисобкунаки барқӣ истифода намудани қувваи барқ аз тарафи кормандони Шабакаҳои барқӣ санади дахлдор тартиб дода шуда, аз тарафи Бойсарова таърихи 4.11.2017 - 620 сомонӣ пардохт карда шуд.

Ҷой доштани коррупсия, беадолатӣ суиистифода аз мансаби роҳбарияти ШБ ноҳияи Темурмалик, асос надорад, гарчанде Бойсарова ва Асомуддинов Зайниддин хеши наздик бошанд ҳам бо сабабҳои оилавӣ рафту омад надоранд. Роҳ додан ба чунин камбудиҳо дар он аст, ки Бойсарова М. модари танҳо буда, зиндагии хоксарона дорад. 


Адресат ответчика: ШСХК «Барқи Тоҷик»
Должность ответчика: Сардори ШС ва ТҚ
Инициалы ответчика: Маликов И.

Возврат к списку