Размер шрифта: A A A
Цвет сайта: A A A A

Жалоба

Дата: 07.03.2018

В каких случаях составляется санад дар бораи конуншикани и какие последствия возникают в результате составления такого Санада. Может ли контролёр требовать оплату за использования элек. энергии лично ему, а не в кассу организации или в банк

Нигора Икромовна

Статус обращения: Ответ дан

Дата ответа: 16.03.2018
Ответ кому направляется: Нигоре Икромовне

Пунктҳо аз Қоидаҳои истифодаи қувваи барқ ва гармӣ:

Оиди ҳолатҳои тартиб додани санади қоидавайронкунӣ.

5.5.11. Ҳангоми мавҷуд набудани ҳисобкунаки барқӣ, тағир додани нақшаи пайвастаи ҳисобкунак, вайрон шудани он, канда шудани тамға, бо роҳи сунъӣ нигоҳ доштани диски он ва дигар нуқсҳое, ки бо мақсади кам кардани нишондиҳандаи истифодаи барқ анҷом дода шудаанд, таш­килоти таъминкунандаи барқ вазифадор аст, ки бо муштарӣ аз нав аз рӯи санҷиши охирин, вале на зиёда аз мӯҳлати даъво, ҳисобро барои истифодаи барқ баробар кунад.

Агар муштарии маишӣ бо мақсади дуздии қувваи барқ сими пинҳонӣ кашида бошад ё асбоби кам карда нишон додани ҳисобкунакро истифода карда бошад ва намояндаи ташкилоти таъминкунандаи барқ дар санҷиши пештара онро ошкор накарда бошад, ташкилоти мазкур бо муштарӣ дар бораи истифодаи барқ аз нав, аз рӯзи варақаи шахсии нав кушодан, вале на зиёда аз мӯҳлати даъво, ҳисобро ба­робар мекунад.

Аз нав ҳисоб кардан аз рӯи иқтидори ҷараёнқабулкунандаҳо ва микдори соатҳои истифодаи онҳо аз ҳисоби 24 соат дар шабонарӯз гузаронида мешавад.

5.5.12. Камбудиҳои ҳангоми истифодаи барқ содиркардаи муштарӣ бо ду нусха акти дутарафа (намояндаи ташки­лоти таъминкунанда ва муштарӣ) ба расмият дароварда шуда, як нусхаи он ба муштарӣ супорида мешавад.

Акт бе имзои абонент ҳам, агар ӯ ба акт имзо карданро рад карда бошад, дорои эътибор дониста мешавад.

5.5.13. Ташкилоти таъминкунандаи барқ дар асоси акти тартибдодашуда миқдори ба ҳисоб гирифтанашудаи қувваи барқро муайян намуда, ба муштарӣ ба андозаи 2 баробари тариф ҳуҷҷати пардохти иловагӣ медиҳад.

Ариза додани муштарӣ, ки дар он оид ба қарори таш­килоти таъминкунандаи барқ норозигӣ баён шудааст, муштариро аз пардохтани ҳуҷчати пешниҳодшуда дар мӯҳлати муайяншуда озод намекунад.

Дар сурати напардохтани ҳуҷҷати пардохти иловагӣ дар муддати 10 рӯз барқи муштарӣ аз шабака қатъ карда ме­шавад ва ташкилоти таъминкунандаи барқ дар бораи ба таври маҷбурӣ рӯёндани маблағи зарурӣ ба суд даъво пешниҳод мекунад.

Дар ҳолатҳои дахлдор мақомоти Назорати давлатии барқ маводро ба мақомоти прокуратура пешниҳод менамоянд.

Оиди ҷамъ намудани музди қувваи барқ аз аҳолӣ.

5.5.7. Ҳуҷҷатҳои пардохт барои қувваи барқ бояд дар муддати 5 рӯз аз рӯзи супорида шудани онҳо ё ҳангоми худхизматрасонӣ — аз рӯзи дар дафтарчаи ҳисоббаробаркунӣ зикршуда пардохта шаванд.

Ташкилоти таъминкунандаи барқ ҳақ дорад, ки бо тартиби муқарраршуда бевосита музди қувваи барқро аз аҳолӣ ҷамъ карда гирад.

5.5.8. Дар сурати дар мӯҳлати муайяншуда напардохтани ҳуҷҷатҳои пардохт ба ҳар рӯзи аз мӯҳлат гузашта ба андозаи 0,1 фоиз маблағе, ки бояд пардохта шавад, пеня муқаррар карда мешавад.

Агар дар муддати 2 ҳафта (14 рӯз) музди истифодаи барқ аз рӯи ҳуҷҷатҳои пардохт супорида нашавад, ташки­лоти таъминкунандаи барқ метавонад, ки барқи муштариро аз шабака ҷудо кунад. Барқароркунии додани барк, аз рӯи навбат ва баъд аз супоридани қарз мувофиқи баровард сурат мегирад.



Адресат ответчика: ШСХК «Барқи Тоҷик»
Должность ответчика: Менеҷери тиҷоратии Департаменти «Шабакаҳои тақсимоти барқ»
Инициалы ответчика: Мирҷонов Қ.

Возврат к списку