Размер шрифта: A A A
Цвет сайта: A A A A

Назоратчии барк

Дата: 29.08.2020

Салому дуруд!
Мехостам дар бораи нархи барк маълумот гирам. Хамчунин назоратчии барк хукук дорад, ки кувваи баркро хомуш кунад. То чое, ки мо маълумот дорем хакки баркро танхо дар шуъбахои Амонатбонки сурогаи зист пардохтан лозим аст. Пас чаро нозири барки аз сокинон маблаги баркро талаб менамояд ва баркро хомуш менамояд? Боз мехостам бифахмам, ки то чи кадар карз куваи баркро хомуш намекунанд.

Гулнисо Иброхимова

Статус обращения: Ответ дан

Дата ответа: 04.09.2020
Ответ кому направляется: Гулнисо Иброҳимовой

Гулнисо Салом!

Тарифи барқ барои аҳолӣ 22,66 дирам барои 1 кВт.соат мебошад. Назоратчии барқ ҳуқуқ дорад, баъди 14 рӯзи пешниҳоди ҳуҷҷат оиди пардохти маблағ, дар ҳолати аз тарафи муштарӣ пардохт нашудани маблағ, интиқоли барқро бо тартиб додани санади хомушкунӣ, қатъ намояд.

Айни ҳол ҳамаи назоратчиёни барқ барои баҳисобгирӣ ва қабули пардохти маблағи барқ бо дастгоҳи мобилӣ таъмин мебошанд. Дастгоҳҳои мобилӣ ба барномаи билинги, ки таҳти назорати БДА Амонатбонк қарор дорад пайваст мебошанд, маблағи пардохтшуда бошад ба таври автоматӣ ва онлайн ба суратҳисоби муштарӣ ва БДА Амонатбонк ворид мешавад. Ҳамчунин Шумо ҳуқуқ доред бевосита дар дилхоҳ нуқтаҳои қабули пардохти БДА Амонатбонк маблағи барқро пардохт намоед. Дар ҳолати ҳамроҳи худ набудани расид оиди маблағи ҳисобишуда ба Шумо кифоя ҳаст, ҳангоми ворид шудан ба нуқтаҳои қабули пардохти БДА Амонатбонк суратҳисоби худро пешниҳод намоед. Дар ҳолати пайдо шудани нофаҳмиҳо ба телефони 295-323 (Исмоил) занг занед.


Адресат ответчика: ШСХК «Барқи Тоҷик»
Должность ответчика: Сардори ШС ва ТҚ
Инициалы ответчика: Маликов И.

Возврат к списку