Маблаг барои гарми
Дата: 17.12.2020
Салом ба кормандони сохаи энергетикаи точик! Дар асоси Конуни Чумхурии Точикистон "Дар бораи муроыиати шахсони вокеъи ва хукуки" аз Шумо хохиш менамоям ин мурочиати маро цабул намуда, ба он посух гардонед. Гап сари он, ки имсол дар кучаи Маяковскии пойтахт хати гарми гузаронида шуд. Баъд аз мурочиатхои сершумори намояндагони Макомоти хокимияти давлати ва кормандони минтакаи истифодабарии манзил ман аз хисоби худамкубурхои кутрашон гуногунро харидори намуда, дар кисмати дохили хонаам гузаронидам. Вале барои харидории худи асбобхои гармидиханда, яъне батареяхо маблаги зарури надоштам ва онхоро дар хонаам насб накардам. Холо хонаамро тавассути радиатори барки гарм меукунам. Дар накша аст батареяхои хонаро бо бехтар шудани вазъи молиявиам соли дигар насб кунам.
Вале мутаасифона дируз (16.12.2020 сол) корманди шабакаи гарми омада ба ман пардохтномаро барои пардохти хаки гарми дода рафт. Аз ин чо суол ба миён меояд, дар холате, ки ман аз хизматрасонии онхо истифода набурдаам, дар хонаам гармии шабакахо нест, хонаамро бо бухории барки гарм мекунам, бо ягон нафар шартнома барои расонидани гарми ба имзо нарасонидаам, шабакаи гармидихи хукук дорад, аз ман хаки хизмати нарасонидаашонро талаб намояд? Хомон килокаллорияхоро ман истифода накардаам.
Аз шумо эхтиромона хохиш менамоям, ба ин казияи мо рушани андохта, чорахои конуниро нисбат ба Шабакахои гармидихии шахри Душанбе андешед. Дар акси хол ман мачбур мешавам оиди ин масъала ба прокуратураи ш.Душанбе мурочиат намоям.
Бо камоли эхтиром,
Фируз Аминов
Тел: 93 001 15 97
Фируз Аминов
Статус обращения: Ответ дан
Дата ответа: 30.12.2020
Ответ кому направляется: Аминову Фирузу
Ширкати саҳомии холдингии кушодаи «Барқи Тоҷик» ба маълумоти Шумо мерасонад, ки баҳрабардории шабакаҳои гармидиҳӣ ва инчунин ҷамъоварии маблағи истифодаи неруи гармӣ дар шаҳри Душанбе аз тарафи Муассисаи давлатии шабакаҳои гармидиҳии шаҳри Душанбе сурат мегирад.
Аз ин лиҳоз Шумо барои ҳалли масъалаи мазкур бояд ба Муассисаи давлатии шабакаҳои гармидиҳии шаҳри Душанбе, воқеъ дар суроғаи ноҳияи Фирдавсӣ кӯчаи Борбад №48а муроҷиат намоед.
Адресат ответчика: ШСХК «Барқи Тоҷик»
Должность ответчика: Муовини якуми раис
Инициалы ответчика: М. Асозода