Оиди иҷозати пайват ба хати барқӣ.
Дата: 06.01.2021
Оиди гирифтани шарти техники ва бастани шартнамо кадом хуччатхои лозимаро омода намудан лозим аст.
Агар имконият мешуд пурра маълумот медод. 1,2,3 ва гайра.
Хоҷаев Аҳлиддин
Статус обращения: Ответ дан
Дата ответа: 19.01.2021
Ответ кому направляется: Хоҷаеву Аҳлиддину
Маълумот оиди гирифтани иҷозати пайваст ба хати барқӣ
1. Ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи иншоот (Қарори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ё ки сертификати истифодаи замин, самти фаъолият, кадом намуди таҷҳизотҳои барқӣ истифода мешавад);
2. Маълумотномаи шабакаҳои барқии н. Ш. Шоҳин оиди пайвасти иншоот ба шабакаҳои барқӣ;
3. Ариза оиди гирифтани шарти техникӣ ба номи роҳбарияти шабакаҳои барқии минтақаи Кулоб (ҳамаи ҳуҷҷатҳои дар банди 1 ва 2 дарҷгардида ба ариза замима карда мешавад);
4. Аризаи мазкур ва дигар ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда ба шабакаҳои барқии минтақаи Кулоб (воқеъ бо суроғаи ш. Кулоб маҳаллаи Дӯстӣ №1) супорида мешавад;
5. Пас аз дастрас гардидани шарти техникӣ ва иҷрои талаботҳои бандҳои шарти техникӣ шартнома бо шабакаҳои барқии ноҳияи Ш. Шоҳин оиди истифодаи неруи барқ баста мешавад.
Адресат ответчика: ШСХК "Барқи Тоҷик"
Должность ответчика: Шуъбаи ояндабинӣ