Размер шрифта: A A A
Цвет сайта: A A A A

Хак ба хакдор расад

Дата: 08.03.2021

Мурочиати муштарии ширкати «Барки Точик»

Ман омузгор ва нафакахури истикоматкунандаи куч А.Рудаки 70/9 н. Панчи вилояти Хатлон Додарбеков Хуршед. Сабаби мурочита карданам ба ширкати «Барки Точик » дар он аст, ки ман дар куч С.Айни 7/4 хучраи 34 н.Шохмансур Душанбе хонаи як хучраги дорам. Хар ду ё се мох барои хабар гирифтани хона ба шахр меоям. Дар он чо кассе зиндаги намекунад. Хар вакте, ки омадам барои сарфаи барк пули баркро пардохт менамоям. Хисобкунаки барк берун аз хона мучахаз аст.. Хар вакте, ки пули кувваи баркро супоридам нишондихандаи хисобкунакро ба кайд мегирам чун ки алакай ин чандин маротиба мешавад, ки назоратчии барк ба суратхисоби ман пули барзиёд илова мекунад. Чанд маротиба ба филиали нохия мурочиат кардам аммо бе натича монд, чун директори филиал дар хузури якчанд кормандони дигарашон мурочиати маро бекор донистанд. Яке аз назоратчи Оева Х буд, ки бар зиёд пул илова мекард.

Хулас маротибаи охир ман якчанд руз дар Душанбе дар хонаи худам будам ва рузи охир 9.02.2021 соати 7:35 хисобкунакамро бо телефонии мобилиам сурат гирифта ва баъдан барои пардохт кардан ба маркази хизматрасонии «Амонатбонк №07/033» рафтам. Санаи 9.02.2021 соати 8:17 ман ба микдори 85 сомони пардохт кардам ва бакияи суратхисоб 14,32 ташкил мекард. Пас аз пардохт кардан худи хамон замон ман аз бонк берун шудам ва ба нохияи Панч баргаштам. Баъд аз баргаштанам зуд зуд ба воситаи барномаи «Душанбе Сити» суратхисоби худро тафтиш мекардам,чун медонистам ки назоратчи хатман боз карзи маро барзиёд хохад кард. Хамин бегох ки дароям бубинам ки карзам ба 59,61смн расидааст. Читавре, ки кайд кардам ин бори чандум аст, ки маро фиреб дода истодаанд. Аз рузи 9-уми Феврали соли равон ва то ба имруз 7.03.2021 ба хонаам Душанбе нарафтаам ва хечкас хам багайр аз ман калид надоравд ва бидуни ман хечкас вуруди хона намешавад. Чун гуфтам ва боз мегуям ин холат бори аввал нест ва мани нафакахур аз хамингуна назоратчихо монда шудам.

Аз шумо эхтиромона хохиш менамоям, ки мактубамро мавриди барраси гузоред ва казияро чидди тафтиш намоед.

Ин акс санаи 9.02.2021 соати 7:35 дар баробари хонаамро тарк кардан гирифта шудааст. Баъд аз ин нишондод ман ва ё касе вуруди хона нашудааст. ман айни хол дар нохияи Панч хузур дорам аз 9уми феврали соли равон.

Чун акнун дар акс бубинед ки карзи ман аз 14,32смн ба 59,61 смн расидааст. Ин бемасъулиятии назоратчии баркро бубинед ки то чи дарача дар кору фаъолияташ бепарво аст. Директори ширкати "барки точик" кучоро нигох мекунад. Агар ман 1см пули баркро насупорам чи чорахо намеандешед акнун хакро ба хакдор расонед. Ба мири шахр хам ва ба дастгохи ичроия хам хоям навишт. Ин чи бе масъулиятист.

Бо эхтиром Хуршед Додарбеков

Сурогаи чои зистам А.Рудаки 70/9 н.Панч вилояти Хатлон
Сурогаи хонаи дар шахрбуда куч С.Айни 72/4 хучраи 34 н.Шохмансур Душанбе

Тел: 933730193 904236523

Хуршедджон Додарбеков

Статус обращения: Ответ дан

Дата ответа: 29.03.2021
Ответ кому направляется: Додарбекову Хуршеду

Ҷамъияти саҳомии кушодаи “Шабакаҳои тақсимоти барқ” ба маълумоти Шумо мерасонад, ки тибқи талаботҳои қоидаҳои амалкунанда назоратчиёни барқ вазифадор ҳастанд, ки ҳар моҳ аз санаи 1-ум то 5-ум нишондоди ҳисобкунакҳои барқии муштариёни минтақаи ба ӯ вобасташударо бо пуррагӣ ба қайд гирифта ба барнома ворид намоянд.

Дар ҳолати дар аризаи Шумо дарҷгардида, назоратчии барқ ба камбудиҳо роҳ додааст ва чи тавре маълум шуд, камбудии ҷойдошта бартараф шуда, маблағи аз тарафи назоратчии барқ зиёд ҳисобишуда пардохт шудааст.

Бинобар ин аз Шумо маъзарат мехоҳем. Саломату сарбаланд бошед!


Адресат ответчика: ҶСК "Шабакаҳои тақсимоти барқ"
Должность ответчика: Сардори ШС ва ТҚ
Инициалы ответчика: Маликов И.

Возврат к списку