Размер шрифта: A A A
Цвет сайта: A A A A

Муаммои шартномабандӣ

Дата: 18.03.2021

Ассалому алейкум. Ман, Файзиев Мубинҷон Ғафорович соли таваллуди 1985 сокини н.Б.Ғафуров, к.Рустам Ғуфрон 36, ҳоли ҳозир сардори хоҷагии деҳқонии "Меъроҷ", АХД Чириқи ҷамоати Гулхонаи н.Ҷаббор Расулов мебошам. Мо дар ҳудуди хоҷагии деҳқониамон чоҳи амудӣ дорем ва ҳар сол барои истифодаи он бо шабакаи барқии н.Ҷаббор Расулов шартномаи солона мебандем. Собиқ сардори хоҷагӣ Мусоев Дарвишмаҳмад солҳои 2015-2019 дар назди шабакаи барқи 27 ҳаз. сомон қарздор шуда буд. Пас аз сардор таъин шуданам аз соли 2019 то ин ҷониб ман 20 ҳазор сомон қарзи барқро мувофиқи ҷадвал пардохт намудам. Соли ҷорӣ низ мехоҳам 7 ҳазор сом. қарзи боқимондаро ба тариқи ҷадвал ҳар моҳ 1000 сом. супорида дар 7 моҳ онро соф кунам. Аммо дар шабакаи барқии н.Ҷаббор Расулов талаб менамоянд, ки 7 ҳаз. сомонро яклухт пардохт намоям ва сипас онҳо шартнома бастани ҳастанд. Шароити молиявии ман якбора пардохтанро дар ин марҳилаи вазнини иқтисодӣ намебардорад. Аз Шумо эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки барои ба тариқи ҳар моҳ пардохтани 1000 сом. ва дар 7 моҳ соф кардани қарз иҷозат диҳед. Рақами суратҳисоби муштариваии хоҷаии мо 2200460 (собиқ х/д Донишманд) ҳоло х/д Мероҷ аст. Тел. +992918581526

Файзиев Мубинҷон Ғафорович

Статус обращения: Ответ дан

Дата ответа: 16.04.2021
Ответ кому направляется: Файзиеву Мубинҷону

Мӯҳтарам Файзиев салом!

Ба маълумоти Шумо мерасонем, ки бинобар таҷдиди сохтори ШСХК “Барқи Тоҷик” ва таъсис ёфтани ҶСК “Шабакаҳои тақсимоти барқ” зарурати иваз намудани намунаҳои Шартномаҳо оид ба таъмин ва истифодабарии неруи барқ бо муштариён ба миён омад. Айни ҳол намунаи шартномаҳо дастрас шудааст ва ба шабакаҳои тақсимоти барқи шаҳрӣ ва ноҳиявӣ равон карда мешавад. Бо ҳамин сабаб бо Шумо шартнома ба расмият дароварда нашудааст.

Ҳамчунин қайд менамоем, ки бо мақсади афзоиш наёфтани маблағи қарз дар асоси дастуру супоришҳои роҳбарияти Ҷамъият ҳамаи роҳбарони шабакаҳои тақсимоти барқи зертобеъ вазифадор карда шудаанд дар ҳолати вуҷуд доштани қарзи дебиторӣ интиқоли неруи барқи муштариёни қарзи дебиторидоштаро қатъ намоянд. То пурра пардохт намудани маблағи қарз интиқоли барқ ба чоҳи амудӣ қатъ карда мешавад. Хоҳиш менамоем, ҷиҳати пардохти пурраи маблағи қарз чораҳои амалӣ андешед. 


Адресат ответчика: ҶСК "Шабакаҳои тақсимоти барқ"
Должность ответчика: Сардори ШС ва ТҚ
Инициалы ответчика: Маликов И.

Возврат к списку