Размер шрифта: A A A
Цвет сайта: A A A A

Шарти технеки

Дата: 13.03.2021

Салом! Ман шарти технеки 32 квт барои обкаши дорам трансформатори ман 100 квт бо сабаби паст будани қувваи барқ барои 25 нафар оила аз ҳисоби трансформатори худам барқ додан метавонамми чохи амуди дар ҳудуди аҳоли мебошад ва барои 250 нафар хонадон бо қубурҳои пластикй оби нушоки ва полези таъмин шуда истодааст шарти технекии ман мавсими буда фақат аз 1 апрел иҷозат дода мешавад аз ин лиҳоз иловаги ба шарти технеки мавҷудбуда барои 25-30 нафар истифодаи барқ аз ҳисоби трансформатори худ ва барои таъмини об ба аҳоли аз тарафи барқи тоҷик дода мешавад ё не агар имконият бошад чй ҳуҷҷат пешниҳод ба куҷо дода мешавад.

Илёр Дусматов

Статус обращения: Ответ дан

Дата ответа: 07.04.2021
Ответ кому направляется: Илёру Дусматову

Ба маълумоти Шумо расонида мешавад, ки трансформатори тавоноияш 100 кВА имконият дорад, ки то 80 кВт тавоноии барқро бардошт намояд.

Дар ҳолате, ки аз трансформатори тавоноияш 100 кВА чоҳи амудӣ ба тавоноии 32 кВт бо қувваи барқ таъмин мешавад пайваст намудани 30-35 кВт иқтидори иловагӣ имкон дорад.

Дар муроҷиати Шумо қайд шудааст, ки оё барои пайваст намудани 25-30 хоҷагӣ аз трансформатори худ имкон дорам?

Ба саволи мазкур чунин маълумот дода мешавад, ки агар барои 1 хоҷагӣ тақрибан 5-6 кВт тавоноии барқ истифода шавад, трансфоматори Шумо дар баробари таъминоти талаботи истифодабарии тавоноии чоҳи амудӣ, метавонад то 6-7 хоҷагии дигарро бо қувваи барқ таъмин намояд.

Барои дуруст ба роҳ мондани ҳуҷҷатҳои техникиатон, Шумо метавонед ба филиали ҶСК “Шабакаҳои тақсимоти барқ” дар шаҳри Истаравшан муроҷиат намоед.


Адресат ответчика: ҶСК "Шабакаҳои тақсимоти барқ"
Должность ответчика: Сардори шуъбаи рушди ояндабинӣ
Инициалы ответчика: Маҷидов Ш.

Возврат к списку