Размер шрифта: A A A
Цвет сайта: A A A A

барк

Дата: 31.03.2021

Салом кормандони масъули барқи тоҷик!
Аз Шумо эҳтиромона хоҳиш меанмоям, ки нисбати ба лимит риоя накардани масъулини барқи ноҳияи Рудаки чора дида шавад. Зеро онҳо як соати лимити барқро вайрон карда хоҳанд хомуш мекунанд соаташ хархел (гоҳе соати 22, гоҳе 23 шаб) хомуш мекунанд. Намедони, ки чи хели ин лимит аст?
Умедворем бетараф намешавед...!

Чаро бе риояи махдудият барк хомуш карда мешавад, соату вакти муаян хам надоранд. Ин холат то кай давом мекунад.
Барои халли ин масъала мусоидат намоед!..

Умеда Махкамова

Статус обращения: Ответ дан

Дата ответа: 17.05.2021
Ответ кому направляется: Махкамовой Умеде

Ҷамъияти саҳомии кушодаи “Шабакаҳои тақсимоти барқ” аризаи Шуморо баррасӣ намуда, чунин иттилоъ медиҳад.

Ба маълумоти Шумо мерасонем, ки аз санаи 21 январ то 15 феврали соли 2021 маҳдудияти барқ дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳур аз соати 2300 шаб то 0500 субҳ ва аз 15 феврал то 12 апрел аз 2300 шаб то 0600 субҳ ба роҳ монда шуда буд.

Вобаста ба ин масъала ба маълумоти Шумо мерасонем, ки аз санаи 12 апрели соли ҷорӣ маҳдудияти барқ дар тамоми шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ аз байн бардошта шуда, муштариён шабонарузӣ бо барқ таъмин мебошанд ва таъминоти барқ зери назорати доимӣ қарор дорад.


Адресат ответчика: ҶСК "Шабакаҳои тақсимоти барқ"
Должность ответчика: Директори генералӣ
Инициалы ответчика: Билолзода У. Ҳ.

Возврат к списку