Размер шрифта: A A A
Цвет сайта: A A A A

Махдудияти барки нохияи Спитамен

Дата: 10.04.2021

Ассалому алейкуи барои чи дар вакташ чавоб наменависед. Дар нохияи Спитамен бегохи бади соати 23:00 баркро на хамачоро хомуш мекунанд. Сабаб Раиси кухна махдудиятро катъ карда буд раис нав шуд боз хамин ахвол аст.Тибки конститутсияи ЧТ дар назди конун хама баробар хукуканд пас барои чи нисфи ахоли барк доранд магар кормандони шумо виждон доранд. телефонхои боварии шумо кор намекунад Телефонҳои боварӣ: 2358684; 933555151;933555252 хечкас намебардорад.. ба раками 8344121704 кай занг занем шабакахои барки точики н.Спитамен солхои дароз намебардоранд. инхоро ки назорат мекунан. тибки конунгузории Точикистон шумо ба дархости ман дар давоми чанд руз чавоб гардонед. Хохиши мардум хамин аст, ки хамачо як хел шавад кучахои хастанд ки дар тамоми зимистон барк хомуш намешуд хамаи кормандони барки точик дар хона 24 соат барк доранд

Умед

Статус обращения: Ответ дан

Дата ответа: 12.04.2021
Ответ кому направляется: Умеду

Ба маълумоти Шумо мерасонем, ки аз санаи 21 январ то 15 феврали соли 2021 маҳдудияти барқ дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳур аз соати 2300 шаб то 0500 субҳ ва аз 15 феврал то 12 апрел аз 2300 шаб то 0600 субҳ ба роҳ монда шуда буд.

Вобаста ба ин масъала ба маълумоти Шумо мерасонем, ки аз санаи 12 апрели соли ҷорӣ маҳдудияти барқ дар тамоми шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ аз байн бардошта шуда, муштариён шабонарузӣ бо барқ таъмин мебошанд ва таъминоти барқ зери назорати доимӣ қарор дорад.


Адресат ответчика: ШСХК "Барқи Тоҷик"
Должность ответчика: Администратори сомона

Возврат к списку