Карзи баркро чанд рузда супоридан даркор ва чарима чанка
Дата: 12.06.2021
Карзи баркро чанд рузда супоридан даркор ва чарима чанка
Коракулов Абдумалик
Статус обращения: Ответ дан
Дата ответа: 15.06.2021
Ответ кому направляется: Коракулову Абдумалику
Тибқи талаботи банди 1.1 шартномаи байни муштарӣ ва ташкилоти таъминкунандаи барқ, муштарӣ вазифадор аст, ки пули барқи истифодашударо то рӯзи 10-уми моҳи оянда мустақилона дар кассаҳои БДА «Амонатбонк» пардохт кунад.
Пунктҳо аз Қоидаҳои истифодаи қувваи барқ ва гармӣ:
Оиди ҷамъ намудани музди қувваи барқ аз аҳолӣ.
5.5.7. Ҳуҷҷатҳои пардохт барои қувваи барқ бояд дар муддати 5 рӯз аз рӯзи супорида шудани онҳо ё ҳангоми худхизматрасонӣ — аз рӯзи дар дафтарчаи ҳисоббаробаркунӣ зикршуда пардохта шаванд.
Ташкилоти таъминкунандаи барқ ҳақ дорад, ки бо тартиби муқарраршуда бевосита музди қувваи барқро аз аҳолӣ ҷамъ карда гирад.
5.5.8. Дар сурати дар мӯҳлати муайяншуда напардохтани ҳуҷҷатҳои пардохт ба ҳар рӯзи аз мӯҳлат гузашта ба андозаи 0,1 фоиз маблағе, ки бояд пардохта шавад, пеня муқаррар карда мешавад.
Агар дар муддати 2 ҳафта (14 рӯз) музди истифодаи барқ аз рӯи ҳуҷҷатҳои пардохт супорида нашавад, ташкилоти таъминкунандаи барқ метавонад, ки барқи муштариро аз шабака ҷудо кунад. Барқароркунии додани барк, аз рӯи навбат ва баъд аз супоридани қарз мувофиқи баровард сурат мегирад.
Барои муайян намудани ID (суратҳисоби шахсии муштарӣ), ба мо ному насаб ва суроғаи дақиқи шумо ё нусхаи шартнома бо ташкилоти таъминкунандаи барқ лозим аст. Ё ин ки Шумо метавонед акси ҳисобкунаки бақиатонро ба мо равон кунед, аз рӯи акси ҳисобкунак мо суратҳисоби шахсиатонро муайян мекунем.
Адресат ответчика: ШСХК "Барқи Тоҷик"
Должность ответчика: Администратори сомона