Размер шрифта: A A A
Цвет сайта: A A A A

Ҳолати садамавии ноқилҳои барқӣ ва нуқсонии ҳисобкунаки барқӣ

Дата: 24.01.2022

Дар баробари навиштани муроҷиати худ ба маълумоти Шумо мерасонам, ки сутумҳои (столб) ноқилҳои барқии кӯчаи Маданият-и ҷ/д Палдорак дар ҳолати садамавӣ буда, боиси хатари афтидани онҳо ба болои хонаҳои истиқоматии сокинон мебошанд. Ҳамзамон ҳисобкунакии барқие, ки дар манзили истиқоматии ман насб шудааст, дорои нуқсонӣ буда, дар ҳолати коршоямӣ қарор надорад.
Мавриди қайд аст, ки дар ҳолати хуби техникӣ нигоҳ доштани сутумҳои ноқилҳои барқӣ ва ҳисобкунанкҳои барқӣ то дохили хонаи истиқоматӣ, тибқи «Қоидаҳои истифодабарии қувваи барқ ва гармӣ», вазифа ва ӯҳдадории асосии Шабакаҳои барқии ноҳияи Мастчоҳ мебошад.
Дар асоси гуфтаҳои боло аз Шумо эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки аз ҷониби Шумо ба Шабакаҳои барқии ноҳияи Мастчоҳ дастур дода шавад, ки сутумҳои ноқилҳои барқии дар кӯчаи Маданият-и ҷ/д Палдорак гузошташуда ва ҳисобкунаки барқие, ки дар манзили истиқоматии ман насб шудааст, аз ҷониби Шабакаҳои барқии ноҳияи Мастчоҳ, тибқи «Қоидаҳо», бо таври дахлдор, яъне аз ҳисоби худи корхонаи хизматрасон иваз карда шаванд. Ба ман ҳатман посухи хаттӣ оид ба натиҷаҳои баррасии муроҷиатам равона гардад.

Набиева Гулзодамо Давлатовна

Статус обращения: Ответ дан

Дата ответа: 01.03.2022
Ответ кому направляется: Набиева Гулзодамо Давлатовна

Бо назардошти таҷдид дар сохтори ШСХК «Барқи Тоҷик» ва аз нав ташкилёбии ҶСК «Шабакаҳои тақсимоти барқ» аз 01.01.2021 с. муроҷиати Шумо пурра ба ҶСК «Шабакаҳои тақсимоти барқ» вобастагӣ ва барои ҷавоб гардонидан таалуқ дорад.

Аз ин лиҳоз Шумо масъалаи худро метавонед ба почтаи электронии taqsimoti.barq@gmail.com ирсол намоед.


:
:

Возврат к списку