Размер шрифта: A A A
Цвет сайта: A A A A

конуни чумхурии Таджикистан

Дата: 24.01.2018

Салом ба кормандони барки точик. Саволи ман чунин аст. Ба ман конуни чумхурии Точикистон дар бораи барки точикро дар мавзуи 1) "Дар кадом асосхо кормандони барки точик хукук доранд кувваи барки шахрвандро хомуш намоянд. 2) Дар кадом холатхо кормандони барки точик хукуки протокол карданро доранд?. Хамин хучатхоро дар почтаи ман сканер карда равон кунен (хучат бо печату имзо тасдик карда шуда бошад)

Фарход Абдуллаев

Статус запроса: Ответ дан

Дата ответа: 07.02.2018
Ответ кому направляется: Фарходу Абдуллаеву

Бандҳо аз Қоидаи истифодаи қувваи барқ ва гармӣ бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 марти соли 1998 тахти № 84.

1.8.13. Дар ҳолатҳои бо айби муштарӣ вайрон шудани асбобҳои баҳисобгирӣ (канда шудани тамға, шикастани шиша ва ғ.) тағир додани нақшаи ба кор андохтани асбобҳои баҳисобгирӣ ё дуздии қувваи барқ, ташкилоти таъминкунандаи барқ ҳақ дорад, ки барқи муштариро аз шабака қатъ гардонад ва вазифадор аст, ки сарфи қувваи барқро аз рӯи бори воқеъии ҳадди аксар ё иқтидори муқарраршудаи қабулкунандаҳои ҷараён ва миқдори соатҳои кори муштарӣ дар тамоми давра – аз рӯзи охири иваз кардани асбобҳои баҳисобгирӣ ё санҷиши нақшаи ба кор даровардани онҳо, вале на зиёдтар аз мӯҳлати даъво, бо истифодаи тарифи 2-карата барои миқдори умумии қувваи барқи аз рӯи баҳисобгирӣ муаяншуда аз нав ҳисоб намояд.

1.8.14. Ҳангоми аз бинои ишғолшуда ба ҷои дигар рафтан муштарӣ вазифадор аст, ки 7 рӯз пеш ба ташкилоти таъминкунандаи барқ дар ин бобат хабар диҳад ва то рӯзи рафтанаш ҳисобро барои қувваи барқ пурра баробар кунад.

Ташкилоти таъминкунанда баъд аз он ба ин объект додани барқро қатъ мекунад.

Ба расмият даровардани муштарии нав ба шабакаи барй пайваст намудани дастгоҳҳои барқии вай бо тартиби муқарраршуда анҷом дода мешавад.

1.9. ШАРТҲОИ ҚАТЪ КАРДАНИ ҚУВВАИ БАРҚ

1.9.1. Ба истифодакунандагон ҳамаи гурӯҳҳои тариф- бандишаванда мувофиқи миқдори дар шартнома зикршуда қувваи барқ дода мешавад. Маҳдудиятҳо дар истифодаи барқ, инчунин иҷрои чорабиниҳои доир ба танзими ҷадвалҳои бори истифодакунандагон бо тартиби дар дастуруламалҳои махсус ва шартҳои дар шартнома нишон додашуда анҷом дода мешаванд.

1.9.2. Ташкилоти таъминкунандаи барқ ҳақ дорад, ки дар ҳолатҳои зерин истифодакунандаро пешакӣ огоҳ карда, ба ӯ додани барқро пурра ва ё қисман қатъ намояд:

а) ҳолати ғайриқаноатбахши дастгоҳҳои барқии исти- фодакунанда, ки боиси рӯй додани садама, сӯхтор шуданаш ва ба ҳаёти коргарони хизматрасон, аҳолӣ ё ҳайвоноти хоҷагии қишлоқ таҳдид карданаш мумкин аст ва аз тарафи истифодакунанда иҷро нагардидани талаботи таш­килоти таъминкунандаи барқ ва нозири «Тоҷикгосэнергонадзор» доир ба бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта дар дастгоҳҳои барқӣ;

б) нисбат ба нақша ва меъёрҳои қиёсии муқарраршуда барзиёд сарф кардани қувваи барқ ё вайрон кардани низоми истифодаи барқ;

в) бе шартнома ва нақша (лимит) истифода бурдани қувваи барқ;

г) истифодаи исрофкоронаи қувваи барқ;

д) бе иҷозати махсуси ташкилоти таъминкунандаи барқ ба шабакаи истифодакунанда пайваст кардани қабулкунакҳои ҷараён;

е) бе ҳисобкунак, берун аз ҳисобкунак пайваст кардани қабулкунакҳои ҷараён ё вайрон кардани нақшаи баҳисобгирии барқ;

ж) набудани коргари хизматрасони дастгоҳҳои барқ;

з) бо айби истифодакунанда аз меъёр паст шудани нишондиҳандаи сифати барқ, ки фаъолияти мӯътадили дастгоҳҳои барқии ташкилоти таъминкунанда ва дигар истифодакунандагонро халалдор месозад;

и) барои ба назди дастгоҳҳои барқӣ ва асбобҳои баҳисобгирӣ даромадани шахси мансабдори назорати давлатии барқ монеъ шудан;

к) дар мӯҳлатҳои муқарраршуда напардохтани арзиши барқи истифодашуда;

л) ҳангоми тамоман кам шудани барқ (касри амиқ) дар системаи энергетикӣ.

1.9.3. Ташкилоти таъминкунандаи барқ бояд дар шарт­нома оид ба истифодаи қувваи барқ ҳангоми набудани таъминоти захиравӣ ҷиҳати иҷрои корҳои тармими дастгоҳҳо ва пайваст кардани истифодакунандагони нав аз рӯи нақша, миқдор ва давомнокии қатъи муштариёнро аз шабака бо ин мақсад зикр намояд.

Ташкилоти таъминкунандаи барқ вазифадор аст, ки на камтар аз 5 рӯз пеш аз қатъи дарпешистодаи қувваи барқ истифодакунандгонро доир ба ин масъала огоҳ намояд ва рӯзу соати қатъкуниро бо онҳо мувофиқа намоял.

Агар истифодакунанда дар муддати 3 рӯзи баъди гирифтани (огоҳинома вақти қатъи барқро мувофиқа накунад, он гоҳ ташкилоти таъминкунандаи барқ ҳақ дорад, ки худаш ин вақтро муайян намояд. Қатъи барқ бояд аз рӯи имкон дар вақти ғайрикории муштарӣ анҷом дода шавад. Муштарӣ бояд на дертар аз 24 соат пеш аз қатъ кардан дар ин бобат огоҳ карда шавад.

1.9.4. Ташкилоти таъминкунандаи барқ ҳақ дорад, ки бо мақсади пешгирӣ ё рафъи садама тадбирҳои фаврӣ андешида, дастгоҳи барқии истифодакунандаро қатъ кунад ва баъдан сабаби қатъ карданро ба ӯ хабар диҳад.

1.9.5. Бо мақсади таъмини кори мӯътадили системаи энергетики ҳангоми камбуди имконпазири иқтидор ё қувваи барқ ташкилотҳои таъминкунандаи барқ вазифадоранд, ки ҷадвали маҳдудият ё қатъи барқи истифодакунандагонро дошта бошанд ва онро дар мавриди зарурат амалӣ намоянд.

1.9.6. Ташкилоти таъминкунандаи барқ ва нозири «Тоҷикгосэнергонадзор» ҳақ доранд, ки аз истифодакунанда то нишондоди дар лимит ва шартнома муқарраршуда кам кардани борро талаб кунанд.

Талаби ташкилоти таъминкунандаи барқ ва нозири «Точикгосэнергонадзор» дар бораи то меъёри дар лимит муқарраршуда кам кардани бор бояд аз тарафи истифодакунанда бечунучаро ва фавран иҷро карда шавад.

Дар сурати иҷро нагардидани талаби ташкилоти таъ­минкунандаи барқ ва нозири «Тоҷикгосэнергонадзор» оид ба кам кардани бор дар муддати 10 дақиқа ташкилоти таъминкунандаи барқ метавонад, ки баъд аз огоҳ кардан барқи истифодакунандаро қисман ва ё пурра аз шабака қатъ намояд.

Дар ҳолати камбуди қувваи барқ (касри амиқ) ташки­лоти таъминкунанда ҳақ дорад, ки маҷбуран барқи исти­фодакунандаро пурра аз шабака қатъ намояд.

Пурра қатъ кардани барки истифодакунандагоне, ки бинобар хусусияти истеҳсолот ҳатто ба мӯҳлати хеле кӯтоҳ қатъ намудани барқи онҳо мумкин нест (корҳои дорои хатари сӯхтор, тарканда ва ғ), иҷозат дода намешавад.

Асосҳои тартиб додани акт.

5.5.11. Ҳангоми мавҷуд набудани ҳисобкунаки барқӣ, тағир додани нақшаи пайвастаи ҳисобкунак, вайрон шудани он, канда шудани тамға, бо роҳи сунъӣ нигоҳ доштани диски он ва дигар нуқсҳое, ки бо мақсади кам кардани нишондиҳандаи истифодаи барқ, анҷом дода шудаанд, таш­килоти таъминкунандаи барқ вазифадор аст, ки бо мушта­рӣ аз нав аз рӯи санҷиши оҳирин, вале на зиёда аз мӯҳлати даъво, ҳисобро барои истифодаи барқ баробар кунад.

Агар муштарии маишӣ бо мақсади дуздии қувваи барқ сими пинҳонӣ кашида бошад ё асбоби кам карда нишон додани ҳисобкунакро истифода карда бошад ва намояндаи ташкилоти таъминқунандаи барқ дар санҷиши пештара онро ошкор накарда бошад, ташкилоти мазкур бо муштарӣ дар бораи истифодаи барқ аз нав, аз рӯзи варақаи шахсии нав кушодан, вале на зиёда аз мӯҳлати даъво, ҳисобро ба­робар мекунад.

Аз нав ҳисоб кардан аз рӯи иқтидори ҷараёнқабулкунандаҳо ва миқдори соатҳои истифодаи онҳо аз ҳисоби 24 соат дар шабонарӯз гузаронида мешавад.

5.5.12. Камбудиҳои ҳангоми истифодаи барқ содиркардаи муштарӣ бо ду нусха акти дутарафа (намояндаи ташки­лоти таъминкунанда ва муштарӣ) ба расмият дароварда шуда, як нусхаи он ба муштарӣ супорида мешавад.

Акт бе имзои абонент ҳам, агар ӯ ба акт имзо кардан­ро рад карда бошад, дорои эътибор дониста мешавад.

5.5.13. Ташкилоти таъминкунандаи барқ дар асоси акти тартибдодашуда миқдори ба ҳисоб гирифтанашудаи қувваи барқро муайян намуда, ба муштарӣ ба андозаи 2 баробари тариф ҳуҷҷати пардохти иловагӣ медиҳад.

Ариза додани муштарӣ, ки дар он оид ба қарори таш­килоти таъминкунандаи барқ норозигӣ баён шудааст, муштариро аз пардохтани ҳуҷҷати пешниҳодшуда дар мӯҳлати муайяншуда озод намекунад.

Дар сурати напардохтани ҳуҷҷати пардохти иловагӣ дар муддати 10 рӯз барқи муштарӣ аз шабака қатъ карда ме­шавад ва ташкилоти таъминкунандаи барқ дар бораи ба таври маҷбурй рӯёндани маблағи зарурӣ ба суд даъво пешниҳод мекунад.

Дар ҳолатҳои дахлдор мақомоти Назорати давлатии барқ маводро ба мақомоти прокуратура пешниҳод менамоянд.


Адресат ответчика: ШСХК "Барқи Тоҷик"
Должность ответчика: Сардори шуъбаи ТҚ ва С
Инициалы ответчика: Маликов И.

Возврат к списку