Шуъбаи системаи идораи худкор
Шуъбаи системаи идораи худкори Ширкати саҳҳомии холдингии кушодаи «Барқи Тоҷик»
Вазифаи асосӣ:
Ташкили босамар ва фаъолияти боэътимоди Системаи идораи худкор ва қисмҳои он (маҷмӯи асбобҳои техникӣ, таъмини иттилоот ва барномазозӣ);
Ташкили саривақтии таъмини истифодабарандагони Системаи идораи худкор бо асбобҳои барномавӣ барои иҷрои вазифаҳои истеҳсол
Ӯҳдадориҳо:
Аз омодакунандагон ҳуҷҷатҳои корӣ ва техникиро дар бораи системаи энергетикии Системаи идораи худкорро қабул мекунад;
Таҷрибаи баҳрабардорӣ ва ҷорӣ давра ба давраи истеҳсолотро ташкил мекунад;
Таҷрибаи пешқадами баҳрабардорӣ ва инкишоф додани Системаи идораи худкорро меомӯзад;
Дар ҷорӣ кардани чорабиниҳо оид ба инкишоф додани сохти ташкилӣ, гардиши ҳуҷҷатҳо ва воридшавии маълумот иштирок мекунад;
Якҷоя бо дигар корхонаҳо алоқаи иттилоотии Системаи идораи худкорро бо корхонаҳо ва объектҳои системаи энергетикии Системаи идораи худкор ташкил мекунад;
Раванди технологии ҷамъкуни, коркард, муҳофизат ва пешниҳод кардани маълумотро дар вақти муқарраршуда таъмин мекунад;
Дар кори ҷорӣ намудани классификаторҳо ва иттилооти меъёрию маълумоти иштирок мекунанд;
Назорат мекунад, ки кормандони бахш интизоми истеҳсолӣ, меҳнатӣ, қоидаҳои меъёрӣ оид ба муҳофизати меҳнат ва техникаи бехатарӣ, дастури вазифавӣ ва истеҳсолиро иҷро кунанд;
Нақшаи ҷорӣ ва дурнамои кори бахшро тартиб медиҳад;
Ҳисобот оид ба фаъолияти Системаи идораи худкорро (ба қисми худ) дар вақти муқаррарӣ омода ва пешниҳод мекунад;
Маҷлиси машварати барои муҳокима намудани масъалаи фаъолияти бахш мегузаронад;
Барои баланд бардоштани ихтисоси кормандони бахш чораҳои заруриро амалӣ мекунад.