Размер шрифта: A A A
Цвет сайта: A A A A

Лоиҳаҳо

05.08.2013 Ҳисобот оиди арзёбии таъсири иҷтимоии лоиҳа
Арзёбии таъсири иҷтимоӣ: Гузаронидани арзёбии таъсири иҷтимоӣ (АТИ) шарти муҳим барои муайян намудани омилҳои эҳтимолии таъсири иҷтимоии лоиҳа (дар марҳилаи тарҳрезӣ, пеш аз сохтмон ва дар рафти сохтмон ва барои ояндаи дарозмуддат) ва кор карда баромадани тавсияҳо ҷиҳати андешидани чораҳои зарурӣ барои кам намудани таъсири оқибатҳои эҳтимолии манфӣ ва бурдани назорат, ба ҳисоб меравад. Маълумоти алоқаманд бо ҷанбаҳои иҷтимоии татбиқи лоиҳаи CASA-1000 дар якчанд ҳисобот, ки пештар омода гаштаанд, оварда шудааст, бахусус: дар ҳисобот оид ба Арзёбии таъсири экологӣ ва иҷтимоӣ, ҳисоботҳо оид ба натиҷаҳои тадқиқоти дар ҳар чор кишвари иштирокчии лоиҳа гузаронидашуда оид ба арзёбии имкониятҳои иштироки ҷамоатҳо дар баҳрабардории муштарак аз татбиқи лоиҳа.

11.11.2013 Лоиҳаи CASA 1000 Ҳукумати Тоҷикистон ЛОИҲАИ СИЁСАТИ МУҲОҶИРКУНОНӢ
Ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ дорои захираҳои бузурги зарфияти энергетикӣ мебошанд, ки ба эҳтиёҷоти дохилӣ муносибанд. Бо вуҷуди он, кишварҳои аз ҷиҳати захираҳои обӣ бой мисли Тоҷикистон натавонистанд ин зарфиятро, аз ҷумла бинобар зарурати маблағҳои зиёд барои бунёди хатҳои интиқоли барқи марбута ва норасоии ҳамкории минтақавӣ истифода баранд. Дар натиҷа, ҳаҷми зиёди об дар мавсими тобистона бидуни истеҳсоли қувваи барқ барбод ҷорӣ мешавад.

Мазмуни мухтасари Арзёбии минтақавии муҳити зист (АММЗ)
Дар ҳуҷҷати мазкур мазмуни мухтасари Арзёбии минтақавии муҳити зист (АММЗ) барои CASA-1000 – лоиҳаи савдои нерӯи барқ оварда шуддаст. Ҳуҷҷати мазкур ҳамчун ҳуҷҷати алоҳида чиҳати таъмини тарҷума ба забонҳои миллии кишварҳо ва истифода байни гурӯҳҳои манфиатдор омода шудааст.