Размер шрифта: A A A
Цвет сайта: A A A A

Лоиҳаҳо

09.02.2017 Лоиҳаи таҷдиди НБО-и Норак. Арзёбии таъсири экологию иҷтимоӣ

Лоиҳаи таҷдид (“Лоиҳа”) дорои якчанд ҳадаф мебошад:
(i) Барқарорсозии иқтидори истеҳсолии НБО-и Норак аз ҳисоби таҷдиду азнавсозии гидроагрегатҳои ва таҷҳизоти ёридиҳанда;
(ii) Баланд бардоштани самаранокии гидроагрегатҳо аз ҳисоби такмили тарҳрезии гидравликӣ ва насби таҷҳизоти дорои ККФ-и бештар;

08.02.2017 Лоиҳаи таҷдиду азнавсозии НБО-и Норак. Арзёбии таъсири экологию иҷтимоӣ
Лоиҳа чорабиниҳои алоқаманд бо ифшои маълумот ва машваратҳои ҷамъиятиро тибқи қонунгузории Тоҷикистон ва таҷрибаи пешқадами аз ҷониби Бонки Ҷаҳонӣ тавсияшуда гузаронида истодааст. Муколама бо тамоми тарафҳои манфиатдоре, ки мустақиман ё ғайримустақим ба Лоиҳа ҷалб шудаанд, барпо шуда истодааст.

10.07.2015 Дархост барои изҳори мароқ барои таҳвили таҷҳизоти идоравӣ барои ГТЛ «Кам намудани талафоти нерӯ»-и ШСХК «Барқи Тоҷик»

Дар доираи Пешпардохт барои омода намудани Лоиҳаи "Таъмини барқ дар давраи зимистон», ки аз тарафи Ассотсиатсияи Байналхалқии Рушд пешниҳод карда мешавад, ШСХК «Барқи Тоҷик» ният дорад, ки қисмати ин маблағро, барои шартнома оид ба таҳвили таҷҳизоти идоравӣ ва молҳои ба он алоқаманд барои ГТЛ «Кам намудани талафоти нерӯ»-и Барқи Тоҷик».

19.06.2015 Дархост барои изҳори мароқ Барои насби барномаи 1C (мӯҳлати нав)

Изҳори мароқ бояд тавассути почтаи электронии дар поён дарљгардида то соати 17-00, 29 июни соли 2015 фиристода шавад. 

08.06.2015 Дархост барои изҳори мароқ Барои насби барномаи 1C

Дар доираи Пешпардохт барои омода намудани Лоиҳаи "Таъмини барқ дар давраи зимистон», ки аз тарафи Ассотсиатсияи Байналхалқии Рушд пешниҳод карда мешавад, ШСХК «Барқи Тоҷик» ният дорад, ки қисмати ин маблағро, барои шартнома оид ба насби барномаи 1C истифода барад.

13.05.2015 Лоиҳаи беҳтарин дар мувофиқкунонӣ ба тағйирёбии иқлим

Лоиҳаи «Таҷдиди НБО-и «Қайроққум»» барандаи ҷоизаи Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд (БАТР) оид ба «Мувофиқкунонӣ ба тағйирёбии иқлим» гардидааст.

Лоиҳаи «Таҷдиди шабакаҳои барқии шаҳри Душанбе
Лот 1 - Барқарорсозии шабакаҳои барқии шиддати баланд:
Лот 2 - Барқарорсозии шабакаҳои барқии шиддати паст:
Лот 3 А ва 3 Б – Хариди механизм, таҷҳизот ва асбобҳои барқӣ:

Лоиҳаи «Хати интиқоли барқи 500 кВ «Ҷануб-Шимол», BLA № 06015
Мақсади асосии лоиҳа аз бумбасти энергетикӣ баровардани Ҷумҳурии Тоҷикистон, яъне пайваст намудани системаи энергетикии ҷануби ҷумњурӣ бо шимоли мамлакат ва созмон додани системаи ягонаи энергетикии ҷумҳурӣ аст, инчунин дар оянда пайваст намудани системаи энергетикии ҷумҳурӣ бо системаи ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ мебошад.  

Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Дар бораи Барномаи Давлатии Сармоягузорҳо, грантҳо ва сохтмони ассосӣ барои cолҳои 2013-2015.
Ҷадвали Ҷамъбастии №5 Грантҳо ва кӯмакитехникӣ барои солҳои 2013-2015.

05.08.2013 Ҳисобот оиди арзёбии таъсири иҷтимоии лоиҳа
Арзёбии таъсири иҷтимоӣ: Гузаронидани арзёбии таъсири иҷтимоӣ (АТИ) шарти муҳим барои муайян намудани омилҳои эҳтимолии таъсири иҷтимоии лоиҳа (дар марҳилаи тарҳрезӣ, пеш аз сохтмон ва дар рафти сохтмон ва барои ояндаи дарозмуддат) ва кор карда баромадани тавсияҳо ҷиҳати андешидани чораҳои зарурӣ барои кам намудани таъсири оқибатҳои эҳтимолии манфӣ ва бурдани назорат, ба ҳисоб меравад. Маълумоти алоқаманд бо ҷанбаҳои иҷтимоии татбиқи лоиҳаи CASA-1000 дар якчанд ҳисобот, ки пештар омода гаштаанд, оварда шудааст, бахусус: дар ҳисобот оид ба Арзёбии таъсири экологӣ ва иҷтимоӣ, ҳисоботҳо оид ба натиҷаҳои тадқиқоти дар ҳар чор кишвари иштирокчии лоиҳа гузаронидашуда оид ба арзёбии имкониятҳои иштироки ҷамоатҳо дар баҳрабардории муштарак аз татбиқи лоиҳа.

11.11.2013 Лоиҳаи CASA 1000 Ҳукумати Тоҷикистон ЛОИҲАИ СИЁСАТИ МУҲОҶИРКУНОНӢ
Ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ дорои захираҳои бузурги зарфияти энергетикӣ мебошанд, ки ба эҳтиёҷоти дохилӣ муносибанд. Бо вуҷуди он, кишварҳои аз ҷиҳати захираҳои обӣ бой мисли Тоҷикистон натавонистанд ин зарфиятро, аз ҷумла бинобар зарурати маблағҳои зиёд барои бунёди хатҳои интиқоли барқи марбута ва норасоии ҳамкории минтақавӣ истифода баранд. Дар натиҷа, ҳаҷми зиёди об дар мавсими тобистона бидуни истеҳсоли қувваи барқ барбод ҷорӣ мешавад.

Мазмуни мухтасари Арзёбии минтақавии муҳити зист (АММЗ)
Дар ҳуҷҷати мазкур мазмуни мухтасари Арзёбии минтақавии муҳити зист (АММЗ) барои CASA-1000 – лоиҳаи савдои нерӯи барқ оварда шуддаст. Ҳуҷҷати мазкур ҳамчун ҳуҷҷати алоҳида чиҳати таъмини тарҷума ба забонҳои миллии кишварҳо ва истифода байни гурӯҳҳои манфиатдор омода шудааст.