Размер шрифта: A A A
Цвет сайта: A A A A

Лоиҳаҳо

Мақсади лоиҳа

Мақсади асосии лоиҳа аз бумбасти энергетикӣ баровардани Ҷумҳурии Тоҷикистон, яъне пайваст намудани системаи энергетикии ҷануби ҷумњурӣ бо шимоли мамлакат ва созмон додани системаи ягонаи энергетикии ҷумҳурӣ аст, инчунин дар оянда пайваст намудани системаи энергетикии ҷумҳурӣ бо системаи ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ мебошад.

Рафти иҷроиши корҳо аз рӯи қисматҳои лоиҳа

Дарзеристгоҳи 500/220/35 «Душанбе».

Дар зеристгоҳи мазкур се адад афтотрансформатори пурқуввати иқтидораш 167 МВА, гурӯҳи васлакҳои элегазии 500/220/35 кВ, гуруҳи конденсаторҳо , гурӯҳи реакторҳои пурра васлу насб карда шуда, бинои асосии идоракунӣ (ГШУ) сохта ба истифода дода шудааст.

Корҳои сохтмонӣ дар зеристгоҳи мазкур ба анҷом расонида шуда мавриди баҳрабардорӣ қарор дорад.

Зеристгоҳи500/220/35 «Хуҷанд»:

Дар зеристгоҳи мазкур се адад афтотрансформатори пурқуввати иқтидораш 167 МВА, гурӯҳи васлакҳои элегазии 500/220/35 кВ, гурӯҳи конденсаторҳо , гурӯҳи реакторҳои пурра васлу насб карда шуда, бинои асосии идоракунӣ (ГШУ) сохта ба истифода дода шудааст

Корҳои сохтмонӣ дар зеристгоҳи мазкур ба анҷом расонида шуда мавриди баҳрабардорӣ қарор дорад.

Таҷдид намудани зеристгоҳи «Регар» 500 кВ:

Ҳамаи таҷҳизотҳои барқӣ насб карда шуда мавриди баҳрабардорӣ қарор дорад.

ХИБ 500 кВ «Регар- Душанбе» Дар хати мазкур 105 такягоҳ насб карда шудааст.

Гузаронидани ноқилҳои хати барқӣ, дар масофаи 49,982 км ба анҷом расида мавриди баҳрабардорӣ қарор дорад.

ХИБ 500 кВ «Душанбе-Хуҷанд» Аз 469 такягоҳи пешбинишуда, ки бо ҳудуди ноҳияхои Ғончӣ, Истаравшан, Шаҳристон, Айнӣ ва Варзоб мегузарад, дар хати мазкур ҳамагӣ 469 такягоҳ насб гардиданд. Ба масофаи 213,841 км овехтани ноқили хати барқӣ ба анҷом расида мавриди баҳрабардорӣ қарор дорад.

Шумораи умумии дар ХИБ 500 кВ «Ҷануб - Шимол» 574 такягоҳ насб гардиданд.

Тибқи ҳуҷҷатҳои пешниҳодшуда, ҳаҷми умумии таҷҳизотҳои ба Ҷумҳурии Тоҷикистон воридшудаи ХИБ 500 кВ «Ҷануб - Шимол» 100 %-ро ташкил медиҳад.

29 ноябри соли 2009 бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон иншоот барои истифодабарӣ супорида шуд.

Дар татбиқи лоиҳа барои гузаштани омузишњо ва гузаронидани санљиши таҷҳизотҳо ба ҶХХ 60 нафар мутахассисони ШСХК «Барқи Тоҷик» сафар намуда, омузишҳоро гузарониданд.

Дар рафти иҷроиши корҳо дар иншоотҳо инчунин ба 80 нафар мутахассисони соҳа дарсҳои омузиш дар мўҳлати 1 сол гирифтанд.

Баъди баанҷом расидани лоиҳа 70 нафар соҳиби ҷои кор гардиданд.


Файлы:  Download

Back to the list