Размер шрифта: A A A
Цвет сайта: A A A A

Хабарҳо

RSS

Қабули аризаи шаҳрвандон барои гирифтани шарти техникӣ 28.02.2019 Қабули аризаи шаҳрвандон барои гирифтани шарти техникӣ
Ширкати саҳомии холдингии кушодаи «Барқи Тоҷик» ба маълумоти шахрвандон мерасонад, ки аз санаи 1-уми марти соли 2019 қабули аризаи шаҳрвандон барои гирифтани шарти техникӣ оиди пайвастшавӣ ба шабакаҳои барқӣ ба таври электронӣ ба роҳ монда мешавад.

Пресс-релиз: Нишондиҳандаҳои асосии истеҳсолию иқтисодии ШСХК “Барқи Тоҷик” дар соли 2018 11.02.2019 Пресс-релиз: Нишондиҳандаҳои асосии истеҳсолию иқтисодии ШСХК “Барқи Тоҷик” дар соли 2018

Нишасти матбуотӣ дар мавзӯи Нишондодҳои асосии истеҳсолию иқтисодии ШСХК “Барқи Тоҷик” дар соли 2018” дар бинои ШСХК “Барқи Тоҷик” рӯзи 13 феврали соли 2019, соати 11-00 баргузор мешавад.

Бонки Рушди Осиё энергосистемаи ягонаи Тоҷикистонро бо системаи якҷояи электроэнергетикии Осиёи Марказї пайваст менамояд. Ин ба Ҷумҳури барои интиқоли  нерӯи барқи барзиёд кӯмак мерасонад 28.01.2019 Бонки Рушди Осиё энергосистемаи ягонаи Тоҷикистонро бо системаи якҷояи электроэнергетикии Осиёи Марказї пайваст менамояд. Ин ба Ҷумҳури барои интиқоли нерӯи барқи барзиёд кӯмак мерасонад

23 ноябри соли 2018 байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Рушди Осиё шартномаи грантӣ ба маблағи 35 миллион доллари ИМА ба имзо расонида шуд, ки барои барқарорсозї ва пайвастани системаи энегетикии Тоҷикистон ба системаи энергетикии Ӯзбекистон нигаронида шудааст. Ин барқарорсозии фаъолияти параллелии системаи энергетикаи Тоҷикистонро, ки аз соли 2009 инҷониб қатъ шуда буд, нишон медиҳад.

Суханронӣ дар ҷамъомади тантанавӣ ба муносибати оғози кори агрегати аввали НБО-и «Роғун» 19.11.2018 Суханронӣ дар ҷамъомади тантанавӣ ба муносибати оғози кори агрегати аввали НБО-и «Роғун»

Ҳамватанони азиз!

Меҳмонони гиромӣ!

Оғози кори агрегати якуми нерӯгоҳи барқи обии «Роғун» барои тамоми сокинони Тоҷикистони соҳибистиқлол санаи фаромӯшнашаванда ва рӯзи таърихӣ мебошад, ки мо онро солҳои дароз интизор будем ва барои расидан ба ин нияти некамон шабу рӯз заҳмат кашидем.

Ҷамъомади тантанавӣ ба муносибати оғози кори агрегати аввали НБО-и “Роғун” 19.11.2018 Ҷамъомади тантанавӣ ба муносибати оғози кори агрегати аввали НБО-и “Роғун”

17 ноябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар Наврӯзгоҳи пойтахт дар ҷамъомади тантанавӣ ба муносибати оғози кори агрегати аввали Нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” иштирок ва суханронӣ карданд.

Суханронӣ дар маросими оғози кори агрегати якуми НБО-и «Роғун» 19.11.2018 Суханронӣ дар маросими оғози кори агрегати якуми НБО-и «Роғун»

Имрӯз шодиву нишоти мардуми шарифи Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳадду канор надорад, чунки орзуи чандинсолаи хурду бузурги кишвар – ба кор оғоз кардани агрегати якуми иншооти тақдирсози мамлакат - нерӯгоҳи барқи обии «Роғун» ва истеҳсоли барқи аввалин дар он амалӣ гардид.

Маросими ба кор даровардани агрегати якуми НБО-и “Роғун” 19.11.2018 Маросими ба кор даровардани агрегати якуми НБО-и “Роғун”

Рӯзи 16 ноябри соли 2018 агрегати якуми НБО-и Роғун ба кор сар кард. Барои дастрасии бештар пайдо намудани хонандагон, мо тасмим гирифтаем, ки расмҳо ва суханрониҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро аз сарчашмаи боэътимод - сомонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иқтибос ва пешкаш намоем.

 ИНТИҚОЛИ ГАРМӢ ОҒОЗ  ЁФТ 22.10.2018 ИНТИҚОЛИ ГАРМӢ ОҒОЗ ЁФТ

Ибтидо аз нимаи дуюми моҳи октябри соли 2018 интиқоли гармӣ ба бинову иншооти шаҳри Душанбе зина ба зина оғоз ёфт. 

Муроҷиатномаи ШСХК «Барқи Тоҷик» ба муштариёни нерӯи барқ 15.10.2018 Муроҷиатномаи ШСХК «Барқи Тоҷик» ба муштариёни нерӯи барқ

Бардошта шудани маҳдудият имкон медиҳад, ки ташвишу ногувориҳои зиндагии ҳамватанонамон камтар гардида, барои рушди муназзами иқтисодиёти кишвар шароити бештар пайдо шавад. Вобаста ба ин, аз кулли ҳамватанони азиз ва роҳбарони тамоми ташкилоту муассисаҳо хоҳиш менамоям, ки аз нерӯи барқ сарфакорона истифода баранд, ба исрофкорӣ роҳ надиҳанд ва ҳаққи барқи истифодашударо сари вақт пардохт намоянд.

Ба таваҷҷӯҳи истифодабарандагони нерӯи барқ 04.10.2018 Ба таваҷҷӯҳи истифодабарандагони нерӯи барқ
Тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 сентябри соли 2018

Барқарорсозии НБО-и Сарбанд бо иқтидори 240 МВт 22.06.2018 Барқарорсозии НБО-и Сарбанд бо иқтидори 240 МВт

Қарордоди мустақим «Дар шакли кулл» оиди Лоти 1 А «Ивази агрегатҳои № 3 ва 6» байни ШСХК «Барќи Тољик» ва Корхонаи муштараки «Синохайдро-Хайдрочина»

Ба диққати  кормандони Воситаҳои ахбори омма! 12.02.2018 Ба диққати кормандони Воситаҳои ахбори омма!
Нишасти матбуотӣ дар мавзӯи «Нишондиҳандаҳои асосии истеҳсолию иқтисодии ШСХК “Барқи Тоҷик”

Пресс-релиз: Нишондиҳандаҳои асосии  истеҳсолию иқтисодии ШСХК “Барқи Тоҷик” 07.02.2018 Пресс-релиз: Нишондиҳандаҳои асосии истеҳсолию иқтисодии ШСХК “Барқи Тоҷик”

Нишондиҳандаҳои асосии истеҳсолию иқтисодии ШСХК “Барқи Тоҷик” дар соли 2017

ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТ – ДАСТУРИ АМАЛ 02.02.2018 ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТ – ДАСТУРИ АМАЛ
БО РОҲАНДОЗӢ ГАРДИДАНИ ТАДБИРҲОИ ҲУКУМАТИ МАМЛАКАТ ДАР ИН САМТ МО ТАВОНИСТЕМ, КИ АВВАЛИН БОР ДАР ЗАМОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ ДАР ДАВРАИ ТИРАМОҲУ ЗИМИСТОН АҲОЛИИ КИШВАР ВА СОҲАҲОИ ИҶТИМОИВУ ИҚТИСОДИРО БО НЕРӮИ БАРҚ БЕ МАҲДУДИЯТ ТАЪМИН НАМОЕМ.

Паём-барномаи танзими фаъолият 02.02.2018 Паём-барномаи танзими фаъолият
Дар Паёмҳои ҳарсолаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии  Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаи рушди соҳаи энергетика диққати калон дода шуда, дастуру ҳидоятҳои  дар он зикрёфта ҳама вақт як барномаи муҳими танзими фаъолият ва ноил шудан ба дастовардҳои нав  дар ҳама соҳаҳои хоҷагии халқ мебошанд.

ТЕЛЕФОНҲОИ БОВАРӢ АМАЛ МЕНАМОЯНД 07.12.2017 ТЕЛЕФОНҲОИ БОВАРӢ АМАЛ МЕНАМОЯНД
Навбатдорони телефонҳои боварӣ, ки ба таври шабонарӯзӣ кор мекунанд, ҳар занги телефонро ба қайд мегиранд, ҳар ҳодисаи қатъ шудани барқро дар сар то сари кишвар оҷилона ба танзимгарон ва масъулони таъминоти барқи Хадамоти марказии таъмини барқи Ширкат ва Шабакаҳои барқии минтақаҳо мерасонанд ва бобати ислоҳи онҳо сари вақт чораҳои амалӣ андешида мешаванд. 

ДАР ШСХК «БАРҚИ ТОҶИК» ТЕЛЕФОНҲОИ БОВАРӢ БА КОР САР КАРДАНД 30.11.2017 ДАР ШСХК «БАРҚИ ТОҶИК» ТЕЛЕФОНҲОИ БОВАРӢ БА КОР САР КАРДАНД
Аз 1 декабри соли 2017 дар ШСХК «Барқи Тоҷик» телефонҳои боварӣ ба кор сар карданд.

БА ДИҚҚАТИ ВОСИТАҲОИ АХБОРИ ОММА 23.11.2017 БА ДИҚҚАТИ ВОСИТАҲОИ АХБОРИ ОММА

Бо мақсади саҳҳеҳ интишор шудани факту рақамҳо ва истилоҳоти энергетикӣ ШСХК «Барқи Тоҷик» аз кормандони воситаҳои ахбори омма хоҳиш менамояд, ки ҳангоми таҳияи мавод ё хабарномаи худ бо Маркази матбуоти ШСХК «Барқи Тоҷик» ҳамчун сарчашмаи расмии Ширкат ҳамкорӣ намоянд ё факту рақамҳои овардашуда бо роҳбарияти ширкат мувофиқа намоянд. 

ҶУМҲУРӢ ПУРРА БО БАРҚ ТАЪМИН АСТ. 23.11.2017 ҶУМҲУРӢ ПУРРА БО БАРҚ ТАЪМИН АСТ.
Тавре маълум аст, низоми энергетикии кишвар соли ҷорӣ бе маҳдуд намудани интиқоли барқ фаъолият дорад. Алҳол дар як шабонарӯз ба ҳисоби миёна то 50 миллион киловатт соат барқ истифода бурда шуда, ҷумҳурӣ пурра бо барқ таъмин аст.

Лоиҳае, ки талафоти нерӯи барқро кам месозад 22.11.2017 Лоиҳае, ки талафоти нерӯи барқро кам месозад

Яке аз ин лоиҳаҳои манфиатбахшу бобарор «Кам намудани талафоти неру дар Суғд» ба шумор меравад.


Хабарҳо 1 - 20 аз 57
Оғоз | Пештара | 1 2 3 | Оянда | Охир