Размер шрифта: A A A
Цвет сайта: A A A A

Хабарҳо

05.05.2023

ШӮРОИ ЭЛЕКТРОЭНЕРГЕТИКҲОИ

ДАВЛАТҲОИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ

Рӯзҳои 3 - 5 майи соли 2023 дар Душанбе ҷаласаи 39 –уми Шӯрои ҳамоҳангсозии электроэнергетикҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ баргузор гардид. Дар он роҳбариати ниҳодҳои энергетики Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Қазоқистон ва Маркази танзимгарӣ-ҳамоҳангсозии «Энергия» иштирок намуданд.

Намояндагони ниҳоди энергетики Қирғизистон дар ҷаласа ба тариқи онлайн иштирок намуданд.

Дар ҷаласа энергетикҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ муҳимтарин масъалаҳои ҳамкориҳои судмандро баррасӣ намуда, бобати истифодаи манфиатбахши захираҳои обӣ-энергетикии минтақа изҳори назар намуданд.

Маркази матбуоти

ҶСК «Барқи Тоҷик»


Бозгашт ба рӯйхат