Размер шрифта: A A A
Цвет сайта: A A A A

Таърих

Ширкати Давлатии энергетикии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Тоҷикэнерго» соли 1936 ташкил шудааст.

Маҳз дар соли 1936 агрегати авали гидроэлектростансияи Тоҷикистон ба фаъолият оғоз намуд. Нерӯгоҳ на дуртар аз пойтахти кишвар дар дарёи Варзоб сохта шуда, аз ду агрегат бо иқтидори 3720 кВт ҳар кадом иборат буд. Агрегати дуюм соли 1937 ба кор оғоз намуд. Нерӯгоҳ номи Варзоб-1 – ро гирифт. Дар дарёи Варзоб силсиланерӯгоҳҳо сохта шуданд, ки аз се гидроэлектростансия иборат буданд.

НБО-и Варзоб-2 бо ду агрегат, иқтидори ҳар кадом 2700 кВт соли 1949 ба кор оғоз намуд, нбо-И Варзоб-3 бошад бо ду агрегат иқтидори ҳар кадом 1760 кВт соли 1052 ба фаъолият оғоз намуд.

Дар соли 1957 «Тоҷикэнерго» ба сифати идораи хоҷагии соҳавии электроэнергетикӣ тасдиқ карда шуд. Солҳои минбаъда (1961-1965) барои Тоҷикистон дар рушди ҳаёти хоҷагии деҳот давраи нав ба миён омад. Тоҷикистон ба кишвари рушди хоҷагии деҳот ва иқтисодиёт мубаддал гардид. Талабот ба энергияи барқ таъкид менамуд, ки зарурияти энергияи барқ тақвият дода шавад. Аз ҳамин лиҳоз рушди энергетика аз ҳисоби истифодаи захираҳои обӣ давом дода шуд.

  Здание БТ в прошлом1.jpgБарки Т.jpg








   Бинои «Барқи Тоҷик» - дар гузашта.                  Бинои «Барқи Тоҷик» - дар айни замон.    


Дар давоми панҷ сол потенсиали нерӯгоҳҳои барқӣ 2-3 маротиба баланд гардида, истеҳсоли энергияи барқ дар бахши марказӣ ду маротиба зиёд шуд. Дар соли 1962-1963 НБО-и Сарбанд бо шаш агрегат, иқтидори ҳар кадом 53 ҳазор кВт ба истифода дода шуд. Дар қатори ин иқтидори МБГ-и Душанбе ба 218,8 ҳазор кВт расид, инчунин сохтмони НБГ-и Марказӣ бо иқтидори 18,6 ҳазор кВт оғоз гардид.

Ҳамин тавр дар солҳои 1961-1965 дар ҷануби Тоҷикистон иқтидори нав ва системаи муосири энергетикӣ ба миён омад. Рушди соҳаи энергетикӣ имкон дод, ки дар соли 1962 «Тоҷикэнерго» ба Сарраёсати энергетикӣ ва электрификатсияи назди Шӯрои Вазирони Тоҷикистон (Тоҷикглавэнерго) ташкил дода шавад.

5 маи соли 1967 дар кишвари кӯҳсори мо сохтмони иншооти обии беҳамто ва дар таҷрибаи ҷаҳонӣ нодир сарбанди азиме дар дарёи Вахш дар асоси сарбандҳои азим зина ба зина бо бетон боло мерафт, ки 16 ноябри соли 1972 агрегати якуми он ба кор андохта шуд. Дар нерӯгоҳ 9 гидроагрегат иқтидори ҳар кадом 300 ҳазор кВт насб гардид. Иқтидори умумии муқарраршуда 2700 ҳазор кВт мебошад.

Сохтмони НБО-и Бойғозӣ баъди ба кор андохтани нерӯгоҳи Норак ба нақшаи маҷмӯии истифодаи захираҳои дарёи Вахш ворид карда шуд. Аз рӯи иқтидор НБО-и Бойғозӣ баъди нерӯгоҳи Норак дар ҷои дуюм меистод. Нерӯгоҳи Бойғозӣ дар Силсилаи нерӯгоҳҳои Вахш чорум нерӯгоҳ ба ҳисоб мерафт. Иқтидори он 600 МВт-ро ташкил медод.

Нерӯгоҳи Сангтуда-1 бо иқтидори 670 МВт ба фаъолият оғоз намуд, ин нерӯгоҳ дар ихтиёри Федератсияи Россия қарор дорад.

Нерӯгоҳи Сангтуда-2 бо иқтидори 220 МВт сохта шуда, муддати 12 сол дар ихтиёри Ҷумҳурии Исломии Эрон мемонвад.

Нерӯгоҳи дар Осиёи Марказӣ аз ҳама бузургтар Роғун бо иқтидори 3600 МВт сохта шуда истодааст.

Моҳи июли соли 1992 Шӯрои иттиҳодияи истеҳсолӣ оид ба энергетика ва электрификатсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси муассиса ва ташкилотҳои ба ҳайати иттиҳодия шомил буда Ширкати саҳҳомии холдингии «Барқи Тоҷик» ҷиҳати ташкил додани қарор қабул намуд.

Бо Қарори Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 июли соли 1992 таҳти № 277, «Дар бораи ташкил додани Ширкати давлатии саҳҳомии холдингии «Барқи Тоҷик» қарор қабул намуд.

Муқаррар гардид, ки ШДСХ «Барқи Тоҷик» меросбари Иттиҳодияи истеҳсолӣ оид ба энергетика ва электрификатсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, роҳбари онро Девони Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кор интихоб ва аз вазифа сабукдӯш карда мешавад.

Кумитаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба идораи моликияти давлатӣ супориш дода шуд, ки ба ширкати навтаъсис ҳуқуқи идораи виситаҳои асосӣ ва дигар моликияти давлатиро, ки ба муассиса таалуқ дорад ва ба ҳайати ширкат шомил аст, ба харидорӣ ва барориши саҳмияҳо, муайян намудани ҳиссаи давлат дар ҳаҷми умумии саҳмияи ширкат, дода шавад.

Бо Қарори Шӯрои депутатҳои ноҳияи Фрунзе аз 10.11.1993 таҳти № 498-10 бақайдгирии давлатии ШДСХ «Барқи Тоҷик» гузаронида шуд.

Дар ҳайати ширкат дар он давра 25 муассисаҳои тобеъ, ташкилот, корхонаҳо ва воҳидҳои сохторӣ шомил буданд.

Мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи қабули қисми аввали Кодекси Граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва қарори Ҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 ноябри соли 2001 таҳти № 492 азнавбақайдгирии ҳуҷҷатҳои муассисии ширкат ва Ширкати саҳҳомии давлатии холдингии «Барқи Тоҷик» гузаронида шуда, ба Ширкати саҳҳомии холдингии кушодаи «Барқи Тоҷик» ном гузошта шуд.

Ба ҳайати ШСХК «Барқи Тоҷик» шомил ҳастанд: 10 филиал, 14 ҷамъияти саҳҳомии шакли кушод, 5 муассисаи давлатӣ, ташкилот ва идора.

Ширкат дар Идораи нотариалии ноҳияи Фрунзеи шаҳри Душанбе 22 ноябри соли 2001 таҳти рақами № 18р-156 ба қайд гирифта шудааст.

Бо сабаби иваз шудани мақомоти идории Ширкати саҳҳомии холдингии кушодаи «Барқи Тоҷик» бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 октябри соли 2008 таҳти № 537 «Масъалаҳои Ширкати саҳҳомии холдинги кушодаи «Барқи Тоҷик» оинномаи нави ширкат ба тасвиб расид ва дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 27 ноябри соли 2008 таҳти № 001-5563 ба қайд гирифта шудааст.

Бо сабаби тағирот дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати масъалаи бақайдгирии шахси ҳуқуқӣ Ширкати саҳҳомии холдингии кушода дар мақомоти андози Ҷумҳурии Тоҷикистон 19 апрели соли 2010 аз нав ба қайд гирифта шуд.

Ба ҳайати ширкат, 14 филиал, 1 намояндагӣ дар Федератсияи Россия, 15 ширкатҳои саҳҳомии шакли кушод, 1 муассисаи фаръии таъминоти моддӣ-техникӣ «Тоҷикэнергоснаб» ворид мебошанд.

Вазифаи асосии Ширкати саҳҳомии холдинги кушодаи «Барқи Тоҷик» таъмини соҳа бо маводҳои истеҳсолӣ ва эҳтиёҷоти коммуналию маишийи аҳолии кишвар бо энергияи барқ ва гармӣ; эҳтиёт ва дар ҳолати коршоямӣ нигоҳ доштани иншоотҳои энергетикӣ: амалӣ намудани ҳамлу нақл, таҳвил, тақсимот, азнавташкилнамоӣ, фурӯши энергияи барқ ва гармӣ, ба ҳисоб меравад.

Таърихи ивазкунӣ: 09.10.2018 13:56