Размер шрифта: A A A
Цвет сайта: A A A A

Лоиҳаҳо

25.05.2020

ШХСК “Барқи Тоҷик” ҳуҷҷатҳоро барои маълумоти ҷомеа нашр намудааст.

ШСХК "Барқи Тоҷик" татбиқи марҳилаи дуюми Лоиҳаи барқарорсозии НБО-и Норакро оғоз мекунад. Амалисозии марҳилаи аввал дар соли 2019 шурӯъ шуда, барқарорсозии се турбина ва автотрансформаторҳо, инчунин омода намудан ва гузаронидани тадқиқот ва инчунин нақшаҳои баланд бардоштани сатҳи бехатариро дар бар мегирад. Марҳилаи дуввум барқарорсозии турбинаҳои боқимонда, корҳои гидромеханикӣ, барқарорсозии пули Норак аз болои дарёи Вахш ва ба анҷом расонидани чорабиниҳо оид ба баланд бардоштани сатҳи бехатариро дар бар мегирад. Лоиҳа аз ҷониби Бонки умумиҷаҳонӣ ва дигар қарздиҳандагон маблағгузорӣ мегардад.

Таъсири эҳтимолии экологӣ ва иҷтимоӣ дар ҳуҷҷати Арзёбии таъсири экологӣ ва иҷтимоӣ соли 2017 баррасӣ гардид, ки ҳамон вақт нашр шуда, мавриди муҳокима қарор дода шуд. АТЭИ аз ҷониби Кумитаи ҳифзи муҳити зист тасдиқ карда шуд ва ШСХК "Барқи Тоҷик" ҳар сол бо ҷонибҳои манфиатдор барои маълумотдиҳӣ оид ба пешрафт ва қабули фикру мулоҳизаҳои онҳо вохӯриҳо баргузор менамуд. Айни замон ҳуҷҷати АТЭИ нав карда шудааст, бинобар ин Лоиҳа метавонад ба стандартҳои нави экологӣ ва иҷтимоӣ, ки соли 2018 аз ҷониби Бонки умумиҷаҳонӣ қабул карда шудаанд, мувофиқат кунад. Ғайр аз ин, барои барқарорсозии пул Нақшаи алоҳидаи идоракунии экологӣ ва иҷтимоӣ (НИЭИ) омода карда шудааст. Дар он таъсироти эҳтимолӣ ва тадбирҳоро барои пешгирӣ ё коҳиш додани ин таъсирот то сатҳи қобили қабул тасвир шудаанд. Шарҳи мухтасар лоиҳаҳои барқарорсозии ҳам НБО ва ҳам пулро дар бар мегирад.

Илова бар ин, Нақшаи ҳамкорӣ бо ҷонибҳои манфиатдор (НҲҶМ) барои соли 2017 бо мақсади тавзеҳ додани роҳҳои ҳамкории ШСХК "Барқи Тоҷик" бо ҷонибҳои манфиатдор нав карда шуд. Дар ин ҳуҷҷат тартиби қабули пешниҳоду эродҳо оид ба лоиҳаи нави АТЭИ, НИЭИ барои пул ва НҲҶМ аз ҷониби ШСХК "Барқи Тоҷик" шарҳ дода шудааст.

ШСХК “Барќи Тољик” ба иттилои њамаи тарафњои манфиатдор мерасонад, ки нусхаи ниҳоии ҳуҷҷатҳо дар сомонаи расмии Ширкат www.barqitojik.tj нашр шудааст.

Маълумоти иловагиро бо суроғаҳои зерин дастрас намудан мумкин аст:

Гуруҳи татбиќи лоиҳаҳои ШСХК "Барқи Тоҷик".

Суроға: хиёбони Исмоили Сомонӣ, 64, ш. Душанбе, 734026

Email: elrpbt@gmail.com

Телефон: +992 37 2295578 


Back to the list