Размер шрифта: A A A
Цвет сайта: A A A A

Лоиҳаҳо

28.01.2019

Бонки Рушди Осиё энергосистемаи ягонаи Тоҷикистонро бо системаи якҷояи электроэнергетикии Осиёи Марказӣ пайваст менамояд. Ин ба Ҷумҳури барои интиқоли нерӯи барқи барзиёд кӯмак мерасонад

23 ноябри соли 2018 байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Рушди Осиё шартномаи грантӣ ба маблағи 35 миллион доллари ИМА ба имзо расонида шуд, ки барои барқарорсозӣ ва пайвастани системаи энегетикии Тоҷикистон ба системаи энергетикии Ӯзбекистон нигаронида шудааст. Ин барқарорсозии фаъолияти параллелии системаи энергетикаи Тоҷикистонро, ки аз соли 2009 инҷониб қатъ шуда буд, нишон медиҳад.

Дар доираи лоиҳаи ҳамоҳангсозии шабакаҳои барқии Тоҷикистону Ӯзбекистон ба нақша гирифтани гузоштани релеҳои замонавӣ, васлакҳои автоматӣ, таҷҳизоти трансформаторҳо, таҷҳизотҳои ёрирасон ва ғайра пешбинӣ карда мешавад. Таҷҳизоте, ки эътимоднокии системаро зиёд мекунанд, дар нуқтаҳои пайвастшавии хатҳои интиқоли барқи 220 кВ ва 500 кВ пайваст карда мешаванд.

Илова бар ин, ду нуктаи нави пайваст кардани шабакаҳои Тоҷикистон ба шабакаҳои барқии Ӯзбекистон дар шимоли Тоҷикистон ба нақша гирифта шудааст. Қобили зикр аст, ки сохтмони хатти интиқоли барқи 500 кВ барои баланд бардоштани устувории фаъолияти параллелии ду системаи энергетикӣ пешбинӣ шудааст.

Ҳамчунин, дар доираи лоиҳа, баланд бардоштани дониши кормандони «Барки Toҷик» барои истифодаи таҷҳизотҳои нави муҳофизатӣ ва истифодаи умумии системаҳои энергетикӣ пешбинӣ шудааст.

Ин лоиҳа ба Ҷумҳурии Тоҷикистон имкон медиҳад, ки нерӯи барқи барзиёдро ба Ӯзбекистон содир намояд ва истифодаи бештари захираҳои энергетикии минтақаро таъмин намояд. Барқарорсозии ин пайвастшавӣ қадами муҳимест барои таъмини пурраи кори параллелӣ бо системаи энергетикии Ӯзбекистон ва системаи энергетикии Осиёи Марказӣ.

Бо назардошти саҳми Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳаҷми 5 миллион доллари амрикоӣ, арзиши умумии лоиҳа 40 миллион доллари ИМА-ро ташкил медиҳад ва анҷоми он соли 2022 пешбинӣ шудааст.


Back to the list