Муҳосиботи марказӣ
Муҳосиботи марказии ШСХК «Барқи тоҷик» воҳиди сохтории ширкат ба ҳисоб меравад. Вазифаи асосии хадамоти муҳосиботӣ ба роҳ мондани баҳисобгирии муҳосиботӣ ва андозсупорӣ аз фаъолияти молиявию хоҷагидории ширкат, назорати нигаҳдории моликияти он ва дуруст харҷ намудани воситаҳои пулию арзишҳои моли ширкат мебошад.
Ҳамчунин муҳосибот барои ба роҳ мондани ҳисобу китоби дурусти фаъолияти молиявию хоҷагидории корхона муаззаф мебошад. Муҳосиботи марказӣ назорат менамояд, ки моликияти ширкат дуруст нигоҳ дошта шавад, мураттаб намудани иттилооти дақиқ дар бораи фаъолияти молиявию хоҷагидории ширкат, пешниҳод намудани иттилооти мазкур ба истифодабарандагони дохилию берунии ҳисоботи муҳосиботӣ, риоя намудани талаботи қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми амалӣ намудани муомилоте, ки ба фаъолияти ШСХК «Барқи тоҷик» дахл доранд. Кӯшиш менамояд, ки амалиётҳо мувофиқи мақсад, ба фоидаи ширкат, бо харҷи ками захираҳои моддию меҳнатӣ ва мутобиқи меъёрҳои пешбинишуда.
Муҳосиботи марказӣ тарзи дурусту самаранок ташкил намудани раванди баҳисобгирии муҳосиботӣ, ки ба талаботи ба таври фаврӣ идора намудани корхона ҷавобгӯ бошад, ҳамчунин ба таври ҳатмӣ риоя намудани қоидаҳои баҳисобгирӣ, ҷорӣ намудани намуду методҳои пешқадами баҳисобгирии муҳосиботӣ, ба таври васеъ истифода бурдани технологияҳои ҷадиди замонавиро таъмин менамояд.
Раванди баҳисобгирии фондҳои асосӣ, ашёи хом, мавод, маҳсулот, сӯзишворӣ, маҳсулоти тайёр, воситаҳои пулӣ ва дигар арзишҳои ширкат, риоя намудани сметаи хароҷот, баҳисобгирии музди меҳнат, таҳияи калкулятсияҳои арзиши аслии маҳсулот, тавозун ва ҳисоботи муҳосиботӣ, риояи интизоми хазинавӣ, харҷи маблағҳо дар доираи уҳдадориҳои ба зима гирифташударо ташкил менамояд.