Размер шрифта: A A A
Цвет сайта: A A A A

Умури гидротехникӣ

Умури гидротехникӣ

 Умури гидротехникӣ (УГ) яке аз сохторҳои марказии Ширкати саҳомии холдингии кушодаи «Барқи Тоҷик» мебошад.

Вазифаҳои асосии умури гидротехникӣ дар асоси дастури техникӣ ва ёрии назорат дар фаъолияти нерўгоҳҳо, ки аз рўи қоидаҳои зерин амал мекунанд, иборат мебошад:

-таъмини эътимодият, назорат ва бехатарии иншоотҳои гидротехникӣ, нерўгоҳҳо, иҷрои саривақтии таъмир ва назорати меъёрӣ ва истифодабарӣ;

-назорати гузаронидани мониторинги иншооти гидротехникӣ бо истифодаи асбобҳои ченкунӣ, инчунин муҳандисию сейсмологӣ;

-таъмин ва назорати корҳои иҷрошудаи геодезӣ ва геофилтратсионӣ дар иншооти гидротехникии нерўгоҳҳои барқӣ;

-назорати иҷрои тадқиқоте, ки аз тарафи корхонаҳои илмию-тадқиқотӣ ва лоиҳакашӣ-ҷустуҷуӣ дар иншооти гидротехникии нерўгоҳҳо гузаронида шудаанд;

-гирифтани маълумоти зарурии метрологӣ ва гидрологӣ аз МД «Обуҳавошиносӣ» оид ба маълумоти аниқ ва иловагии ҷараёни об, инчунин таҳлили харҷи об дар обанбори Норак.

 УҲДАДОРИҲОИ АСОСӢ.

Умур вазифаҳои зеринро иҷро менамояд:

- Бо кормандони нерўгоҳҳо нақша-чорабиниҳоро тартиб дода , барои дуруст истифодабарии онҳо ва назорати тадбиқ намудани онҳо ба нерўгоҳҳо кўмак мерасонад.

- Ба шакли муайян даровардани нақша-чорабиниҳо ва таъмин намудани назорати иҷрои Қонун «Дар бораи бехатарии иншооти гидротехникӣ, гузаронидани корҳои тадқиқотӣ ва санҷишӣ оид ба дар асл муайян намудани ҳолати иншооти гидротехникӣ» бо зарурати гурўҳҳои мушоҳидаҳои марказонидашуда, таъмин намудани гурўҳи мушоҳидавӣ (мутахасиссони мушоҳидавӣ), ҳуҷҷатҳои Регламентӣ оид ба бехатарии иншооти гидротехникӣ дар нерўгоҳҳо.

- Барои иҷрои корҳои системаи марказонидашуда назорат бурдан аз болои ҳайати кормандони нерўгоҳҳо, ҷалб намудан ва иштирок дар кори комиссияи корхонаҳои илмию-тадқиқотӣ ва лоиҳакаши-ҷустуҷўи, мунтазам баланд бардоштани кор ва бехатарӣ дар иншооти гидротехникӣ;

- Хулосагирӣ аз маводи ҳисоботи солонаи корхонаҳои тобеи Ширкат ва тартиб додани ҳисоботи умумии солона дар ШСХК «Барқи Тоҷик».

- Иштирок намудан дар кори комиссия ҷиҳати омодагӣ ва бо сифат иҷро намудани корҳои барқароркунии иншооти обӣ, дар мавсими селу боришот ва раъду барқ ва давраи максималии пуршавии обанбори Норак.

- Назорати гузаронидани корҳо бо истифодаи асбобҳои ченкунӣ дар иншооти гидротехникӣ ва мусоидат намудан ба пешниҳоди роҳбарияти нерўгоҳҳо оид ба гузоштан ва иваз намудани асбобҳои корношоям.

- Дар иншооти гидротехникӣ ҷиҳати иҷрои Регламенти техникӣ, корҳои илмию-тадқиқотиро ташкил намудан.

- Иштирок намудан дар рафъи садамаҳои иншооти обӣ ва пешниҳод намудани хулоса.

- Иштирок намудан дар дида баромадани ҳуҷҷатҳои лоиҳакашии нав, таҷдид ва модернизатсияи нерўгоҳҳои обӣ, инчунин лоиҳаи таҷдиди иншооти обӣ ва хулоса баровардан оид ба лоиҳаҳо.

- Назорат ва нигаҳдории ҳуҷатҳои техникӣ оид ба иншооти обӣ, ҳуҷҷатҳои мавҷуда, ки ба Регламентӣ техникӣ медароянд, омўхтани онҳо, иҷрои талаботи Регламенти техникӣ аз тарафи роҳбарият ва кормандони нерўгоҳҳо.

- Назорат бурдан аз болои иҷрои корҳои илмию тадқиқотӣ, ки бо супориши ШСХК «Барқи Тоҷик» иҷро мешаванд.

- Тайёр намудани лоиҳаи Фармонҳо, Қарорҳо ва супоришҳои роҳбарияти ШСХК «Барқи Тоҷик» оид ба масъалаҳои ба умури гидротехникӣ дахл дошта.