Шуъбаи меҳнат ва маош
Мукаррароти умумӣ
1. Шуъбаи меҳнат ва маош минъбаъд (ШМ ва М) сохтори тобеи дастгоҳи марказии ШСХК «Барқи Тоҷик» ба ҳисоб меравад.
2. Шуъбаи меҳнат ва маош фаъолияти худро дар асоси қонунҳои амалкунандаи Ҷумхурии Тоҷикистон ба роҳ мемонад.
3. Шуъбаи меҳнат ва маош барои амали кардани корҳои соҳаи меҳнат ва маоши кормандони системаи Ширкати саҳомии холдингии кушодаи «Барқи Тоҷик» ташкил дода шудааст.
4. Шуъбаи меҳнат ва маош дар фаъолияти худ фармоишҳо, дастурҳои Ширкати саҳомии холдингии кушодаи «Барҳи Тоҷик», ҳуҷҷатҳои дастури дар соҳаи меҳнат ва маоши ташкилотҳои болои ва низомномаи мазкурро ба уҳда мегирад.