Хадамоти робита бо ҷомеа
Вазифа ва уҳдадориҳои хадамоти робита бо ҷомеа иборат аз:
- ҳангоми шарҳу эзоҳи масъалаҳо ва баҳсҳо дар ВАО ҳамчун намояндаи расмии Ширкат баромад намудан;
- таҳияи равобити қавӣ бо ташкилотҳои ҷамъиятӣ, ҳизбҳои сиёсӣ, воситаҳои ахбори оммаи дохилӣ ва хориҷӣ, мактабу донишгоҳҳо;
-омода намудани нақшаи кор бо ин ташкилотҳо, дар мувофиқа бо Раиси Ширкат ташкили баромад ва мусоҳибаи Раис, муовини Раис ва мутахассисон тавассути ВАО;
- паҳн намудани ахбори таблиғотӣ ва таҳияи корҳои фаҳмондадиҳӣ;
- таъмини табъу нашри маводи чопӣ;
- корҳои доимии таҳлилӣ бо ВАО;
- ҳамкорӣ бобати таҳияи намоишҳои телевизионӣ дар мактабу донишкадаҳо;
- таҳия ва таҳқиқи ахбори дохилии корхона;
- ташкили телефонҳои боварӣ;
- ташкили омӯзиши афкори омма;
- иҷрои корҳои табъу нашр;
- нашри маҷаллаи «Нерӯ» ва дигар варақаҳои таҳлилӣ – тарғиботӣ ҳамчун замимаи маҷалла;
- гузаронидани нишастҳои матбуот дар ҷамъбастҳои ҳар семоҳа ва тайёр намудани ҳисобот барои матбуот;
- риоя намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатӣ»-и Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- риоя намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи матбуот ва дигар ВАО»;
- назорати иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи матбуот ва дигар ВАО» ҳангоми чоп шудани мақолаҳо дар нашрияҳо, намоишҳои телевизионӣ ва гуфторҳои радиоӣ дар мавзуъҳои ба Ширкат дахлдор.