Шуъбаи умумӣ ва назорат
Шуъбаи умумӣ ва назорати ширкат бақайдгирии ҳуҷҷатҳои воридотӣ, содиротӣ ва назорати рафти иҷрои онҳоро амалӣ менамояд.
Тамоми муросилоти воридшаванда ба қайд гирифта шуда, ба баррасии роҳбарият пешниҳод карда мешавад, пас аз он барои иҷро ба шуъбаю хадамотҳо фиристода мешавад. Ба ҳуҷҷатҳое, ки аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид мегарданд, инчунин супоришҳо, протоколи ҷаласаҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳо, мактубҳои Вазорати энергетика ва дигар вазорату идораҳои дахлдор, диққати махсус дода мешавад.
Мактубҳои содиротӣ низ ба қайд гирифта шуда ба суроғаҳои дахлдор фиристода мешаванд. Шуъбаи умумӣ ва назорати ширкат ҷиҳати бурдани ҳуҷҷатгузориҳо дар шуъбаҳо ҳангоми зарурият ёрии методӣ мерасонад.